Шаҳноз Комилзода, сухангӯи ширкати «МегаФон Тоҷикистон»:
Фарқкунанда бошед!
«Муваффақ будан мехоҳед? Пас, ҷасурона барои иҷрои ҳама гуна масъулият, ки дигарон аз он даст кашидаанд иқдом кунед. Хубии кор дар он аст, ки вақти анҷоми фаъолият бо донишмандон, чеҳраҳои шинохтаю таъсиргузор дар ҷомеа ошно мешавед, ки баъзан ин сӯҳбату шиносоӣ метавонад сабаби қадаме ба пеш гузоштанатон гардад. Гузашта аз ин, инсони муваффақ бояд навовар бошад ва дар ҳолатҳои зурурӣ тавонад аз ғояву ақидааш ҳимоят бикунад».
Равшан Бойматов, мутахассиси соҳаи бонкдорӣ:
Дигаронро эътироф кунед!
«Вақте бо зиндагиномаи яке аз маъруфтарин одамони сайёра Стив Ҷобс ошноӣ пайдо кардам, барои худ фалсафаеро дарёфтам. Ӯ барои расидан ба мақсад аз фикру пешниҳодҳои дигарон босамар истифода мекард, онҳоро мавриди амал қарор медод. То ҳадде инсони оддиву заминӣ буд, ки ҳатто ба андешаҳои рақибонаш низ эҳтиром мегузошт. Ман аз ӯ эътирофи ақидаҳои дигаронро омӯхтам, ба шумо низ тавсия медиҳам».
Фотима Бозорова, иқтисодчӣ
Наҳаросед!
«Ҳеҷ вақт аз иваз кардани вазифаю ҷойи кор наҳаросед. Мумкин аст дар муҳити нав дарҳои дигари имконият бароятон боз бишавад. Инсоне ба пешрафти бештаре ноил мегардад, ки дар муқоиса аз дигарон корҳои ғайримуқаррариро ба анҷом мерасонад».
Фурӯзонфар Раҳматов, донишҷӯ:
Ҷуръат муҳим аст!
«Кӯшиш кунед, ки аз ҳама бештар атрофиён дар хусуси шумо гап зананд. Аз интиқод ҳам наҳаросед. Дар семинару конфронс, маҷлису ҷаласаҳо фаъол бошед. Доштани ақидаи шахсӣ ва ҷуръати гуфтани ҳама чиз водор мекунад, ки дигарон шуморо эътироф кунанд. Дувум ин ки ҳамеша аз рӯи нақшаи муайян амал кунед. Барои муваффақ шудан дар дилхоҳ соҳа доштани нақшаи корӣ ҳатмист.
Шаҳло Сафарзода, корманди илмӣ:
Дар маркази таваҷҷӯҳ бошед!
«Гарчанде роҳбарон инро пинҳон медоранд, аммо таваҷҷӯҳи онҳоро бештар корманде ба худ ҷалб мекунад, ки қиммати худро медонад ва дар ҷои даркорӣ аз худ ҳимоя ҳам карда метавонад. Фаромӯш насозед, ки истеъдод ҳамеша бо худ ноз дорад. Агар ба донишу малакаи кори худ бовар доред, пас нотарсона метавонед шартҳои худро назди роҳбарият гузоред».
Ибодуллои Тоир, журналист:
Сабур бошед!
«Ба қуллаи муваффакият расидан кам коре нест, ки ҳар кас тавонад дар наздиктарин фурсат ба он даст ёбад. Ба назари банда, инсон бояд барои муваффақ шудан зиёд омӯзад. Доштани таҷриба ҳам дар ин росто бисёр муҳим аст. Гузашта аз ин, агар шахс ба ҳар коре камари ҳиммат бибандаду барои расидан ба ҳадаф сабурӣ пеша кунад, рӯзе ҳатман муваффақ мешавад».
Гулноза БОБОМУРОДОВА