Зигмунд Фрейд, равоншиноси Олмон, тӯли чиҳил сол бо ҳазорон нафар кор карда, ақли инсониро таҳқиқ намуд ва ба чунин хулосае омад, ки хушбахтӣ бофтаи хаёлот аст. Инсон наметавонад хушбахт бошад.
Ошо, мутафаккири ҳинд, мегӯяд, ба хушбахтӣ бовар кардан номумкин аст. Ба назар чунин мерасад, ки инсон наметавонад хушбахт бошад. Агар касе дар бораи ғаму андӯҳ ва афсурдагиаш сухан гӯяд, ҳама бовар мекунанд. Агар аз хушбахтӣ гӯяд, боварии кас намеояд. Ин ҳолат ба назар табиӣ наменамояд. Боварнакарданист он.
Воқеан, мо ҳама ба шунидани шикваю шикоятҳо аз зиндагӣ одат кардаем ва меандешем, ки зиндагӣ сарои андӯҳу ғамкадаи бадбахтиҳост. Ва чун мешунавем, ки касе даст ба худкушӣ зада, худ ба худ мегӯем: «Чӣ ҳоле дошт, ки даст ба худкушӣ зад?».
Аммо ман ҳар боре, ки хабари худкушӣ кардани нафареро мешунавам, хеле андуҳгин мешавам ва зиёд меандешам. Чаро ӯ дар пайи нобудии хеш шуд? Чаро хост зиндагиашро бо дасти худ анҷом бахшад? Магар ӯ иқтидори тағйир додани зиндагиашро надошт? Замоне гуфта будам:
Зиндагӣ мисли хоб мегузарад,
Гарчӣ бо сад азоб мегузарад.
Ҳар касе достони ногуфта
Дар бағал як китоб мегузарад.
Гарчӣ он соҳил аст киштии марг,
Киштии мо аз об мегузарад.
Вақт дар ихтиёри мо набувад,
Рӯзи мо беҳисоб мегузарад.
Нафаси мо зи по фитад рӯзе,
Ҳар нафас бошитоб мегузарад.
Марги мо нест марги як шамъе,
Аз ҷаҳон офтоб мегузарад.
Ҳар фард офтоби зиндагии худаш аст. Бо ҳастиаш рӯзгореро мунаввар мекунад. Касе шабеҳи ӯ то кунун назиставу фардо низ ба дунё нахоҳад омад. Ҳар инсон ягонаву бемонанд аст, зоҳиран, ботинан, бо дунёи ботин ва дарку эҳсосаш... Набояд ба ин ҳикмату неъмати худодод беэътиноӣ намуд.
Вале боз касе худкушӣ мекунад. Чаро?
Бояд иқрор кард, ки ҳамаи инсонҳо ҳамсон нестанд. Яке руҳан заиф аст, дигаре ҷисман. Якеро ақли норасосту дигареро бозуи ногиро. Аз ин хотир, ҳама наметавонанд зиндагиро ба тавре, ки худ мехоҳанд, бисозанд. Агар яке иллати камбуди иқтисодӣ чораи кори хеш дар марг дид, набояд ӯро дар моддиётпарастӣ муҷрим донист. Шояд ӯ наметавонист ҳатто пораи ноневу ҷойи хоби гарму нарме барои худу фарзандонаш пайдо кунад. Агар яке шиддати муносибатҳои дурушти иҷтимоиро таҳаммул накард, набояд ӯро сабукандешу саҳлангор номид. Шояд ӯ зиндагие ғуломона дошт? Ин омилҳо ҳам наметавонанд сабаби дасту дил аз ҳаёт шустан гарданд, аммо ҷои андеша дорад. Ман ҳаргиз онҳоеро, ки даст ба худкушӣ мезананд, ҷонибдорӣ намекунам. Вале муроҷиати ман ба наздикону атрофиёни ҳамаи мост. Чаро мо наметавонем ба ҳам меҳрбонтар, некхоҳтар ва ҳамдард бошем? Магар ба ҳам меҳр варзидан зиндагии худи моро низ зебо-тар намекунад? Магар ин умри гузарон баробари қатраи ашки зани нокоме арзиш дорад? Чун инсон маргро дар пешорӯи хеш мебинад, он гоҳ дарк мекунад: ҷуз зинда будану тани солим доштан муҳимтар чизе нест. Дигар ҳама чиз дар тасарруфу тасаллути мо хоҳад буд. Танҳо даст бояд дароз кард, то гул бичинӣ ё аз чашма об нӯшӣ. Танҳо дида бояд во намуд, то нури хуршед ва сарсабзии боғу чаман бубинӣ. Танҳо гӯш бояд кард, то овои булбулон бишнавӣ. Вале на ҳама чунин нигоҳи боз, дасти дароз ва гӯши садошинос доранд. Бояд ба онҳо мадад намуд.
Вале бархилофи ин ҳама, далелҳо бозгӯи онанд, ки яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани инсонҳо, ба вижа занон, хушунат дар хонаводаҳост. Ба худкушӣ расондани инсон ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Зеро дар як хонавода, ки ҳама аҳли он пайванду ҳамқисмат ва дорои рӯзгор ва дарду шодии муштарак бояд бошанд, нафареро тадриҷан ба чоҳи марг тела додаанд.
Дар фарҷом, боз суханони Ошоро меорам, ки дар идомаи андешаҳояш мегӯяд: «Инсон метавонад хушбахт бошад, хушбахттар аз парандаҳо, хушбахт-тар аз дарахтон, хушбахттар аз ситораҳо. Зеро инсон чизеро дорад, ки онҳо надоранд. Инсон дорои шуур аст». Пас, дигар ҳама мавҷудоти дунё барои таъмини зиндагии шоистаи инсон офарида шудаанд.
Пас, хушбахт бошед ва ба дигарон низ хушбахтӣ ҳадя кунед!