Орзу дорам бонуи ман ҳама вақт хонаро гарму нарм нигоҳ дораду зиндаву саломат бошад. Агар ашк мерезад, танҳо ашки шодӣ бирезад. Намехоҳам ҷайбаш пури доллар бошаду соҳиби мошинҳои гаронтарин гардад, бигзор як пиёла чойу нон дошта бошад, аммо берун аз дарду ранҷу ноумедӣ. Мехоҳам ҳама орзуҳои бонуям бор биёранд ва дар бари набераҳояш бошад. Худованд ҳеҷ гоҳ ноумедаш нагардонад.
Султони Ҳамад - Рӯзноманигори мустақил:
– Ман ба завҷаи меҳрубонам дар Соли Нав аз даргоҳи Худованди бузург қабл аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ ва дили беғам таманно дорам. Магар аз ин беҳтар таманное ҳаст? Зеро медонам, ҳамсари бовафоямро хотираш ҷамъу дилаш шод ва саломатиаш замоне хуб хоҳад буд, ки ӯ дар паҳлуяш падари фарзандонашро солиму хушҳол ва болидаруҳ бинад. Фарзандону наберагон, хушдомани меҳрубонаш- модари азизамро, хушбахту саодатманд дар канори хеш дошта бошад. Ман низ хушбахтиямро дар саодатмандиву тани сиҳати ҳамсару модари азизам, фарзандону наберагон, бародарону хоҳарон ва дигар пайвандону азизонам медонам. Саломатӣ калидест, ки танҳо бо доштани он дари орзуҳои наҷибу ғарибамонро дар зиндагӣ боз карда метавонем. Хушбахтӣ низ бидуни тани сиҳат ноқис аст. Хотири ҷамъу дили шод низ аз тани сиҳат аст. Аз ин рӯ, аз Офаридагор барои ҳамсафари ҳаётиам дар Соли Нави милодӣ тани сиҳату хотири ҷамъ ва дили беғам орзу мекунам.
Сайфулло Сафаров - Cиёсатшинос
Бонуямро дар Соли Нав сиҳату саломат, хандону гулафшон, зебо ва розӣ аз ману фарзандон ва боғайрату қаҳрамон дидан мехоҳам. Яъне то ҳол бонуи хонадони ман чунин будааст ва мехоҳам оянда ҳам чунин бошад. Мехоҳам рашк накунад, ғам нахӯрад ва ба ман бовар дошта бошад. Ман ба ҳамсарам ҳамеша бовар доштам ва хоҳам дошт. Ӯро дӯст медораму эҳтиром мекунам.
Беҳрӯз Зеваров - Продюсер
Бонуи худро дар Соли Нав мехоҳам паричеҳраву пурмуаммо, дилрабову афсунгар, мафтункунандаву зебо, нотакрор, аҷибу ғайриоддӣ ва зеботарини зебоҳо бинам. Бузургии бонувон низ дар муаммо буданашон аст, бигзор муаммо бимонаду мудом маро дар ҳайрат гузорад. Ана, ҳамин аст орзуи ман ба бонуям (механдад).
Абдулло Давлатов - Раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия
Бонуи худро хушрӯву хуштабассуму хушзавқ, хушсухану хушрафтору хушкирдор ва тансиҳат дидан мехоҳам. Дуогӯи он ҳастам, ки Соли Нав барояш равзаи наве кушояд, ки василаи кулли хушбахтиҳову осудагиҳояш шавад. Ман аз ӯ ифтихор мекунам. Зеро зан будан бахти бузург аст.
Шеравлиё Мирзоавлиёев - Паҳлавон, чемпиони чандинкаратаи кишвар:
Орзуву таманнои зиёд дорам ба ҳамсарам, чун ӯ ягона мӯниси қалби ман ва ёри беҳамтову меҳрубон аст. Тӯли солҳое, ки бо ҳам ҳастем, исбот кард, ки танҳо ӯ метавонад бароям қарину азиз бошад. Аз ин рӯ, мехоҳам бонуи ман ҳар рӯз бедарду чеҳрахандон, меҳрубону ботамкин ва бо аҳли хонавода, хусусан бо набераҳои хушрӯякаш бошад. Ман барои ин аз ҷону дил талош мекунам ва тамоми дороиямро барои хушбахтияш сарф менамоям.