05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАҚШИ ЯК СОЛ

 

            Муслима МАННОНОВА:

            Имсол барои ман соли бобарор буд, зеро дар ҳаётам бисёр дигаргуниҳо ба вуқуъ пайвастанд. Аввал, ин ки дар идораи барномаҳои иқтисодии Шабакаи аввали телевизони Тоҷикистон ба ҳайси ёвари коргардон қабул гардидам. Ин кор барои дарки бештари касби рӯзноманигорӣ мусоидат кард. Баъдан, шеърҳоям дар рӯзномаҳои даврии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳафтаномаи ”Адабиёт ва санъат” нашр гардиданд.

            Албатта, зиндагии инсон ҳамеша якрангу якнавохт нест. Гоҳе шикасту дилмондагиҳо тамоми вуҷуд ва руҳи шахсро хаста мекунанд, вале онро ҳамчун қонуни зиндагӣ пазируфтам ва кӯшидам  иродаи худро  пурқувват намоям.

 

            Фотимаи МИРЗОХОН:

            Фалсафаи ҳаёт ин буда, ки зиндагӣ маҳз бо таззодҳояш ширин аст. Дар ин дувоздаҳ моҳи ҷорӣ шояд нокомиҳо аз комёбиҳо дида бештар бошанд. Ҷуброн Халил мегӯяд: “ Бо касе хандидаӣ, фаромӯш хоҳӣ кард, аммо бо касе гиристаӣ, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳӣ кард ”. Ҳамроҳи ҳамкурсон ба Кӯлоб, Муъминобод, Файзобод, Панҷакент, Ёвон сафар кардем, ки хело хотирмон буд. Насиб бошад имтиҳонҳоро супурда, дар ҷустуҷӯи кор мешавам. Намедонам барои чӣ то ба ҳол ба суроғи кор нарафтаам.

 

            Маҳбуба Усмонова:

            Ҳаминро гуфта метавонам, ки соли 2012 бароям соли пур аз комёбию барор дар ҷодаи таҳсил буд. Ифтихор аз он дорам, ки хубу аъло донишгоҳро хатм менамоям ва айни ҳол ба навиштани кори дипломӣ машғулам. Маҳз соли 2012 дар баробари таҳсил бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидам. Хушҳолам, ки аз назария ба амалия мегузарам.

 

Абдуҷалили Амон

:.  Аз ҳар боб 28.01.2013 10:10 2349

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz