05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КИРМАКПАРВАРӢ БА КӢ ФОИДА МЕОРАД?

           Қобили қайд аст, ки баҳри рушду нумӯи соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, таҳти рақами 409 «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020», тасдиқ гардидааст, ки дар он марҳила ба марҳила зиёд намудани истеҳсоли пилла ва коркарди он дар ҷумҳурӣ пешбинӣ карда шудааст.

 

            Мутаассифона, солҳои охир дар хоҷагиҳои кирмакпарвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи дуруст дода намешавад, ки дар натиҷа кирмак дар муҳлати муайян тақсим нашуда, боиси кам шудани ҳосилнокии пилла мегардад.

 

            Хотиррасон менамоем, ки баъди хусусӣ гардонидани Корхонаи пиллахушккунии шаҳри Кӯлоб, минбаъд хоҷагиҳо худашон ба истеҳсоли пилла машғуланд. Пиллаи истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои шаҳри Кӯлоб ба хотири коркарди он дар дохили кишвар ва дар ин асос таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҶДММ «Кӯлоб-Силк»-и шаҳри Кӯлоб супорида мешавад.

 

            Дар мақола қайд шудааст, ки 1 кг пилларо аз кирмакпарварон бо арзиши 5 сомонӣ харидорӣ менамоянд. Бояд қайд намуд, ки аз кирмакпарварон пиллаи тар харидорӣ карда мешавад ва аз 3 кг пиллаи тар баъди хушконидан танҳо 1 кг пиллаи хушк гирифта мешавад. Пас, КВД «Пилла» ба кирмакпарварон ба ивази 1 кг пилла на 5 сомонӣ, балки 15 сомонӣ додааст.

 

            Дар мақола омадааст, ки КВД «Пилла» бо сарфи 23100 сомонӣ 68 000 доллар ба даст меорад, ки ин гуфтаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Дар мавсими соли 2011 хоҷагиҳои кирмакпарвари шаҳри Кӯлоб аз КВД «Пилла» ба маблағи 23750 сомонӣ тухми кирмак, ба маблағи 2500 сомонӣ маводи зарурӣ ва пули нақд ба маблағи 14483 сомонӣ, ҳамагӣ 40733 сомонӣ гирифта, ба ивази он ҳамагӣ 1512 кг пиллаи хушк ба маблағи 37397 сомонӣ супоридаанд.

 

            Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола хоҷагиҳои шаҳри Кӯлоб аз КВД «Пилла» тухми кирмак ва маводи лозимиро гирифта, пиллаи истеҳсолнамудаашро ба дигар ширкатҳо мефурӯшанд ва маб­лағи гирифтаашонро ба КВД «Пилла» барнамегардонанд, ки то имрӯз қарзи ин хоҷагиҳо дар назди КВД «Пилла» ба 189403 сомонӣ расидааст.

 

            Дар мақола қайд шудааст, ки сармоягузорон барои изофанависӣ ва иҷро нишон додани нақшаи пилласупорӣ ҳавасманд мебошанд, баръакс аз ҳисоби изофанависӣ сармоягузорон ва КВД «Пилла» зарари иқтисодӣ мебинанд. Чуноне ки маълум аст, дар асл, агар маҳсулот кам истеҳсол шавад, арзиши аслиаш зиёд гардида, фоиданокии он кам мешавад ва аз он ягон тараф манфиат намебинад.

 

С. Шарифов, директори генералӣ

 

:.  Аз ҳар боб 25.12.2012 06:03 3020

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz