Муаллимаи азиз! Панҷ соли донишҷӯйӣ ҳам ба поён расид. Ҳанӯз он лаҳни ширине, ки дар анҷоми дарс мегуфтед; «У вас есть вопросы?» дар гӯшам ҳамчун як лаҳни таскинбахш садо медиҳад.
Муаллимаи азиз! Шароити зиндагӣ ва сахтиву номеҳрубониҳои рӯзгор мо, шогирдонро, даст надод, то бо баҳонаи рӯзи милоди Шумо сарҷамъ шуда, маҳфили дидор ороем. Вале, афсӯс…
Дили саршори меҳр
Дар орзуи навиштани меҳрнома ба устодам, ки ҳеҷ наметавонистам бо сухан баёнаш кунам, ғарқ дар баҳри андешаам. Қалам дар навишти ҳарфи аввал зери ангуштонам ҳайрон...
Устод! Чӣ вожаи бузургест...
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.
Феълан, пешаи омӯзгорӣ, ё худ таълиму тарбияи насли наврас яке аз рисолатҳои муҳим дар зиндагӣ аст, ки аз инсонҳо масъулияти бузургро талаб мекунад. Лев Толстой мегӯяд: «Сифати асосии муаллим бояд иборат аз он бошад, ки кори худро дӯст дошта, муносибаташ бо хонанда хуб бошад. Омӯзгори беҳтарин онест, ки касбу шогирдонашро дӯст дорад».
Муаллима як дунёи пур аз меҳру самимият доранд, ки онро танҳо шогирдони солҳо зери таълиму тарбияташ қароргирифта, тасаввур карда метавонанд. Як баҳри пур аз илму маърифатанд, ки бо лаҳни суханофаринии хеш гуҳар месозанд. Гоҳо шамъсон месӯзанд, то роҳнамои шогирдон бошанд. Гоҳе дигар маҳфилҳои худшукуфоӣ меороянд, то шогирдон дарси худшиносӣ биомӯзанд. Суҳбатҳои дилнишину дарсҳои бедорӣ доранд устод.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Мастчоҳ. Дар ин боргоҳи маърифат, ки дар домони худ шахсиятҳои бешуморро тарбия ва ба воя расондааст, Сония Файзуллоевна ба шогирдон аз фанни забони русӣ таълим медиҳанд. Аҷабам меояд, ки баъди чандин соли хатми ин дабистон, симои нуронии устоди азизам бо манзараҳои роҳраву майдончаву толорҳои дарсхонии мактаб ҳамеша пеши назарам ҷилвагар аст. Муаллима он муддати дар назар кӯтоҳу афсонавиеро, ки ихтиёр доштанд, тавонистанд дар қалби мо, шогирдон, меҳру муҳаббатро ҷой диҳанд.
Муаллима ҳар субҳ бо чеҳраи пур аз табассуму як ҷаҳон андешаҳои созанда дарсро оғоз мекунанд. Аз аёниятҳои хониш моҳирона истифода бурда, дарсҳоро ҷолибу рангоранг месозанд. Тайи чиҳил сол аст, ки ба шогирдон дар қатори забони русӣ, инчунин дарси одобу ахлоқ ва зиндагӣ меомӯзанд. Гоҳе бо меҳрубониву гоҳо ба сахтгирӣ аз таҷрибаи ҳаётии хеш мисолҳо оварда, шогирдонро ба зиндагӣ омода месозанд.
Маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ҳисобида, масъулият дар иҷрои рисолати ба уҳдадоштаи омӯзгоронро аз ҳамтоёни хеш низ талаб мекунанд. Пайи иҷрои як ҳадаф солиёни дароз ҷаҳду талош доранд: беҳтар намудани сифати таълим.
Сония Файзуллоевна ёвару роҳнамои омӯзгорони ҷавонанд. Дар ободию созандагиҳои мактаб кӯшишу ғайрати зиёд доранд. Манзараҳои сарсабзу гулистони атрофи мактаб парвардаи дасти муаллима аст.
Муаллимаи меҳрубон! Мо, шогирдонатон, таманнову орзуи онро дорем, ки ҳамешу солиму хушбахт бошед, то наслҳои оянда ҳам аз мактаби шумо, аз таҷрибаю донишатон сабақ бигиранд ва чун фарзандони содиқу соҳибҳунари миллат ба камол расанд. Мо Шуморо дӯст медорем!
Абдуҷалили Амон