Танҳо дар ин росто материалистон ба пайдоиши инсон назари дигар доранд. Ба андешаи Чарз Дарвин одам дар ибтидо дар шакли маймун офарида шуда, баъдан дар натиҷаи меҳанат ба инсон табдил ёфтааст. Сиҳат доштан ё надоштани ин назарро ба донишмандон ҳавола намуда, дар навиштаи худ такя ба сарчашмаҳои динӣ, ба хусус ба ислом хоҳем кард.
Дар ҳар ду ҳолат ҳам, ин ду неру дар ҳаёти инсон нақши калидӣ доранд. Ба ибораи дигар яке сачашмаи маънавият ҳасту дигаре нафс. Дар ҷараёни зиндагӣ пешрафти инсон бастагӣ ба он дорад, ки аз ин ду неру дар ҳаёти ӯ кадоме қавитар мебошад.
Мавзӯе, ки имрӯз пиромуни он андеша мекунем нон аст ва он иртибот ба нимаи дувум, яъне нафс дорад. Руҳу ҷисм ба ҳам иртиботи қавӣ доранд, зеро ба андешаи ҳакиме бе ҷисми солим руҳ қавӣ будан наметавонад. Ба ибораи соддатар агар бигӯем, инсон бояд ғизо бихӯрад ва варзиш бикунад, то бадани солим дошта бошад. Дар такомул ва пешрафти олами маънавии як инсон нафс нақши муҳим дорад.
Ба хотири беҳтар фаро гирифтани мавзуъ бояд боз ҳам ба таърих рӯ биоварем. Дар ибтидо фарзанди одам ба хотири ғизо хӯрдан бештар ба шикор шуғл меварзид ва таъмини рӯзгораш аксаран аз ҳисоби гӯшт будааст. Ба тадриҷ дар ҳаёти инсон манбаи аввал фаъолтар мегардад ва ӯ даст ба созандагӣ мезанад. Коштани гандум ва пухтани нон шояд баъд аз кашфи оташ яке аз аввалин созандагиҳои инсон бошад, зеро ба ин васила ӯ зиндагии худро осонтар мекард ва аз вобастагии шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандаҳо вораста мегашт.
Ҳамин тариқ кишоварзӣ дар беҳбуди ҳаёти одам мавқеи аслиро ишғол намуд. Зеро бо зиёд шудани теъдоди одамҳо шумори ҳайвоноту паррандаҳо коҳиш меёфт. Аммо табиат қавонин худро дорад: соле деҳқон ҳосили хуб ба даст меоварад ва соле ӯро хушксолӣ интизор буд. Ба андешаи инҷониб сабаби мавқеи муҳим пайдо кардани нон дар ҳаёти одам маҳз ҳамин хушксолиҳо буданд. Барои раҳоӣ аз марг бояд ӯ ба сарфакорӣ мегузашт ва пайдо гардидани мақолу зарбулмасалҳои зиёде дар мавриди қадри нон бо ҳамин сабабҳост. Кор ба тадриҷ ба ҷойе расид, ки нон дар зиндагии инсон дар мақоми муқаддасот ҷой гирифт. Агар замоне одамҳо зери болишти тифл барои хифзи он аз неруҳои бад Қуръон ё девони Ҳофизро мегузоштанд, бо боло рафтани мақомаш нон ҳам дар он радиф ҷо гирифт. Нон ба тадриҷ дар сархати муқаддасот мавқеъ меёфт ва қиммати дигар арзишҳоро коҳиш дод. Дигар, агар шахсе ба ҷойе сафар мекард, дар ҷомадони ӯ ба ҷойи китоб нон мегузоштанд. «Нон ҳамроҳи беҳтарин барои мусофир аст», – мегуфт мардум.
Агар мақоми биринҷ ва моҳиро дар кишварҳои Осиёӣ ва соҳили уқёнусҳо ба назар нагирем, дар аксар кишварҳои дигари Машриқ ва Мағриб нон дар зиндагии инсон ба ҷойи аввал гузашт. Кор ба ҷойе расид, ки агар барои хӯрдани хӯрок нафареро даъват менамуданд ва ё, агар шахсе меҳмонӣ мерафт, нигорандагони таърих чунин ибрози андеша мекарданд: «Онҳо бо ҳам нон хӯрданд» ё «Нонро он бегоҳ бо ҳам диданд».
Ҷойи ёдоварист, ки агар дар аксари кишварҳои Шарқ руҳониён беэҳтиромӣ ба нонро гуноҳ эълом дошта бошанд, дар бархе аз кишварҳои христианӣ пайдоиши инсонро ба нону май рабт медоданд ва муттаносибан аз аҳли ҷомеа барои эҳтироми нон талаб доштанд.
Охирҳои қарнҳои 18 ва ду садсолаи баъдӣ дар таърихи башар тағйироти ҷиддӣ ба бор оварданд. Кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Испониё, Бритониёи бузург, Олмон ва баъдан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тариқи лашкаркашӣ аксари кишварҳои дигари дунёро зери истисмори худ қарор дода, дороии хешро афзуданд. Бо беҳтар гардидани зиндагӣ дар ин кишварҳо мақоми нон коҳиш ёфт, зеро мардум барои таҳияи ғизо аз маҳсулоти беҳтар ва хушсифаттар истифода менамуд. Муттаносибан илму фарҳанг низ дар ин ҷомеа равнақ ёфт ва онҳо барои худ зиндагии саропо пур аз тафреҳ созмон доданд. Аз ин рӯ, ҷойи нонро дар хони мардуми аврупоӣ хӯришҳои дигар гирифт. Ҳамзамон дар кишварҳои таҳти истисмор қарордошта мавқеи нон ҳифз мешуд, зеро фақр имкон намедод, ки мардум аз маҳсулоти дигар истифода намояд.
Агар ба қарни 19 ва ибтидои асри 20 назар афканем, мебинем, ки аксари хӯрокҳои мардуми тоҷикро ғизоҳои гандумӣ ташкил медод ва ҳатто дар мавриди истеъмоли таъомҳои дигар низ барои сер кардан, мардум аз нон истифода менамуд. Ошу палав, қурутобу шакроб ва ҳатто мантуро баъзе одамҳо то имрӯз бо нон мехӯранд. Бинобарин ҷойи тааҷҷуб нест, ки дар муқоиса бо мардуми кишварҳои пешрафта саломатии мардуми мо чандон чашмрас нест, зеро витаминҳои барои организм зарурро таъмин карда наметавонем.
Дар қарни 20 –ум ду ҳодисаи мудҳише рух дод, ки нохоста мавқеи нонро барои мардуми мо баландтар бурд. Манзур Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 -1945) ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 –ум мебошад. Бо сар задани оташи ҷанг зиндагӣ сангин гардида, пайдо ва таъмин намудани маводи ғизоӣ мушкил мешавад. Бинобарин шоирон ва гӯяндагон дар иртибот бо нон шеърҳо ва ҳатто достонҳо месуруданд. Шеъри Ҷумъа Қувват аз ҳамин мазуъ об мехӯрад:
Нон бувад чун ҷони одам,
Қуввату дармони одам…
Дар мавриди пораи шеърии мазкур бояд қайд намуд, ки дар мисраи аввал омадани вожаҳои «нон» ва «ҷон», ки мухолифи ҳам мебошанд, мавзуи алоҳида аст, зеро калимаи нахуст ба нафс иртибот мегираду вожаи дувум ба маънавиёт. Ҳамзамон, ин пораи шеърӣ бозгӯкунандаи он аст, ки дар мавриди коҳиш ёфтани маънавиёт ва ё танг омадани рӯзгор нафс бар руҳ ғолиб меояд. «Ҷон» мафҳуми ваеътар аз «руҳ» аст ва бояд муқаддастарину гиромитарин ва азизтарин ҷузъи инсон бошад. Аммо «ҷон» дар мавриде гиромӣ хоҳад буд, ки шахс аз назари маънавият хеле рушд карда бошад. Дар дигар ҳолат маънии маъмулие кашф хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, киаз рӯзи офариниши одам ду манбаъ, яъне нафс ва маънавият дар муқобили ҳам қарор доранд ва ҳар кадоме талош дорад дар зиндагии инсон мавқеи бартаре дошта бошад. Таҷриба тасбит намудааст, ки дар баъзе маврид, бо беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ маънавиёт ва фарҳанг дар ҷомеа рушд менамоянд. Дар баробари ин, нависандаи фаронсавие гуфтааст, ки пешрафтатарин мардуми дунё, агар се моҳ гурусна бимонад, тамаддуни худро аз даст медиҳад ва ба қавми ваҳшие монанд мешавад. Агар гуфтаҳои мазбурро дар назар дошта бошем, ба чунин натиҷа мерасем, ки нафсу руҳ дар пайвастагӣ ба ҳам ҳаёти инсонро низоми муайяне дода метавонанд. Истисно ашхосе мебошанд, ки нафсро билкул дар худ куштаву пайи рушди маънавиятанд. Мутаассифона, теъдоди чунин ашхос дар саҳафоти таърих хеле кам будааст.
Қарни 21 ҳам новобаста ба пешрафтҳои илмиву техникӣ дар баробари инсоният ду мушкил эҷод намудааст. Мардуми Амрико ва Аврупо бо истеъмоли маводи ғизоии кимиёӣ ба фарбеҳшавии аз меъёр зиёд мувоҷеҳ гардидаасту ақвоми Шарқ ҳанӯз аз фақр побасти истеъмоли нон мебошад. Илова бар ин, фақри дигаре мардуми моро дунбол мекунад. Ин фақрро метавон фақри фарҳангӣ унвон намуд. Зеро таҳия ва истеъмоли ғизо ҳам як навъи фарҳанг аст. Новобаста ба рушди зиндагӣ ва беҳбуд ёфтани сатҳи иҷтимоъ ҳанӯз ҳам аксари хонаводаҳои мо ба хотири сарфа кардани маблағ ва хариди мошину ашёи нолозим бештар таъомҳои хамирӣ таҳия менамоянд. Дар натиҷа, саломатӣ коҳиш меёбад. Дар деҳот дидани тифлакони лоғар, вале бо шиками баланд манзараи маъмулӣ шудааст. Аз костагии фарҳангии таҳия ва истеъмоли ғизо мардони зиёдеро мебинем, ки бо ишкамҳои мисли пуфак дам кардаи худ меболанд. Ин нишонаи он аст, ки ин нафарон зарарро аз фоида ҳанӯз фарқ накардаанд.
Ҳадаф аз нигоштани матлаби мазкур ин аст, ки хонандаи гиромиро ба мавзуи истеъмоли нон ва таҳияи таъомҳои хамирӣ ҷалб сохта бошем. Оё мавқеи нон дар зиндагии ҳаррӯзаи мо дуруст муайян шудааст? Магар таъомҳои аз нон таҳия кардаи мо барои рушду такомули бадан хеле муфиданд? Оё воқеан, нон як ҷузъи муқаддасоти фарҳанги тоҷикон маҳсуб мешавад? Мавзуъ хеле густурда ва ҳанӯз баррасинашуда аст. Бошад, ки дар машварат ва баҳс бар ҳақиқат даст ёбем?
Хонандаи арҷманди мо чӣ мегӯяд?
Эмомалӣ Сайидамирзод