– Хоҳишмандам худро барои хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» муаррифӣ бикунед ва зимнан бигӯед, ки чӣ тавр ба соҳаи рӯзноманигорӣ рӯй овардед?
– Ман Фавзия Эҳсон ҳастам ва дар родиёи «Садои Амрико» ба ҳайси хабарнигор ифои вазифа мекунам. Ҳамчунин, бо веб-сайти «Афғонистони имрӯз» ҳамкорӣ дорам. Фориғуттаҳсили факултаи адабиёти англисии Донишгоҳи Кобулам. Солҳои зиёд, аз ҷумла, се сол дар Тоҷикистон муҳоҷир будем. Хонаводаи мо як хонаводаи рӯшанфикранд ва бо вуҷуди хатароти мавҷуда ба ман иҷоза доданд, то биравам ва дар як родиёи байналмиллалӣ фаъолият бикунам.
– Имрӯз дар Афғонистон журналистон аз ҷумлаи занон зиёд ҳастанд?
– Вақте бо кишварҳои ҳамсоя муқоиса мекунем, мебинем, ки теъдоди бонувони рӯзноманигор дар Афғонистон хеле зиёд аст. Алҳол мо дар худи Кобул 50 телевизион дорем, ки барномаҳои он дар сатҳи вилоят пахш мешаванд. Бештар аз 300 рӯзномаву маҷаллаю ҳафтаномаҳо дорем, ки пайваста чоп мешаванд. 100 родиё дар сатҳи ҷумҳурӣ дорем. Дар ҳамаи ин рӯзномаю маҷаллаҳо ва родиюву телевизионҳо бонувони афғон фаъолият менамоянд. Агар теъдоди онҳо бо мардҳо мусовӣ набошад ҳам, ҳар як савумин корманд дар ин муассисот бонуст.
– Пас андешаи баъзе аз ҳамватанони мо дар мавриди нақз шудани ҳуқуқи бонувон ва камфаъолият будани занони афғон ғалат аст?
– Як чизе, ки дар мавриди Афғонистон манфӣ аст, масъалаи расонаҳои берунист. Онҳо як тасвири нодуруст аз кишвари мо мекунанд. Онҳо дар мавриди як зане гузориш медиҳанд, ки пайваста хушунат шуда. Вале дар мавриди он ки як зан дар Порлумон фаъолият мекунад, гузорише таҳия намекунанд. Се вазир дорем аз ҷумлаи занон, раиси Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон низ зан аст. Алъон 25 дар сади курсиҳои Порлумонро занон ишғол кардаанд.
– Шумо гуфтед, ки расонаҳои хабарии ҷаҳон бештар дар мавриди хушунати занони афғон менависанд. Оё воқеан, дар Афғонистон падидаҳои хушунати хонаводагӣ дида мешавад?
– Хушунат як падидаи манфиест, ки на танҳо дар Афғонистон ҳаст. Ҳар ҷоеро, ки тахқиқ бикунед, мебинед, ки хушунат дар шаклҳои гуногун вуҷуд дорад.
– Пас мушкили асосии бонувони Афғонистон чист?
– Яке аз мушкили умдаю асосие, ки мо дорем, ҷанг аст. Дар канори он ҳамагон мутаассир ҳастанд. Аз ҷумла, занон, ки нисфи нуфуси кишварро ташкил мекунанд. Агар зан ба таълиму тадрис дастрасӣ надорад, сабабаш боз ҳамин ҷанг аст. Вазъият дар Кобул хуб аст. Дар ҷануби Афғонистон мактабҳоро оташ мезананд. Духтарҳоро заҳролуд мекунанд. Вақте як фомил (оила) мебинад, ки духтараш масмум шуд, пас даҳ фомили дигар ҷуръат намекунад, ки иҷозат бидиҳад, то духтараш ба мактаб биравад. Занҳо бешавҳар мемонанд. Маргу мири модарон ва атфоли онҳо мушкили дигари бонувони афғон аст.
– Дар Тоҷикистон яке аз мавзӯъоте, ки ҷомеаро мушавваш сохтааст, ин худкушии бонувон аст. Оё дар Афғонистон низ, ки як кишвари ҷангзада аст, чунин мушкил вуҷуд дорад?
–Ин мушкил байни бонувони афғон низ ҷо дорад. Онҳо бештар даст ба худсӯзӣ мезананд. Ин худкушиҳо бар асари хушунатҳои хонаводагӣ рух медиҳанд. Худкушии бонувони афғон як навъ фирор аз мушкилиҳоест, ки болои онҳо таҳмил мешаванд.
– Як мавзӯе, ки дар расонаҳои хабарии мо ҳамоно матраҳ мешавад, ин бисёрникоҳист. Мардҳои доро ду ё се зан мегиранд. Оё дар Афғонистон низ мавзӯи бисёрникоҳӣ матраҳ аст?
– Оре, мутаассифона, дар Афғонистон низ мушкили издивоҷи мутааддид, ё бисёрзанӣ мавҷуд аст. Ман шахсан медонам ва шоҳид ҳастам, ки оилаҳое ҳастанд, ки дар хонаи худ то чаҳор занро нигоҳ медоранд. Онҳо ба он такя мекунанд, ки Паямбари Ислом чанд зан доштааст. Аммо, мутассифона, ҳамон фалсафаеро, ки як мард чаро бояд чанд зан бигирад, намедонанд.
– Дар Тоҷикистон синни никоҳӣ барои духтарон аз 18-солагӣ муқаррар шудааст. Феълан дар кишвари Шумо духтарон дар чандсолагӣ иҷозаи шавҳар карданро доранд?
– Порлумони кишвари мо низ як қонунеро, ки синни никоҳиро аз 18 солагӣ муайян кардааст ба тасвиб расонида, вале мутаассифона, дар аксари маврид никоҳҳо дар мақомоти давлатӣ сабт намешаванд. Бисёр мешавад, ки ҳатто духтарони 12-соларо низ ба шавҳар медиҳанд. Мебинӣ, ки духтар нав 14-сола асту тифл дорад. Қонуншиканиҳо дар ин самт зиёданд.
– Шумо чун як бонуи фаъол чӣ орзу ва таманниёте доред?
– Ман орзуи онро дорам, ки ҷанг дар Афғонистон ҳарчи тезтар хотима ёбад. Неруҳои низомии хориҷӣ кишвари моро тарк кунанд. Дигар касе аз ҳамдиёри ман муҳоҷир нашавад. Муҳоҷирон баргарданд. Бонувони мо дар ҳама арсаҳо пешрафтаву муваффақ бошанд ва рӯзе бирасад, ки мо аз ҷумлаи занон Раиси ҷумҳур дошта бошем.
– Ташаккур!
Тилав РАСУЛЗОДА