–Меоям, дар саҳни ҳавлӣ ҷамъ мешавем?
– Бале.
–Ба некӣ бинем.
–Худо нигаҳбон!
Ин суҳбати телефонӣ ибтидои иқдомест, ки ҳамсояҳо барои таъмир намудани боми яке аз ҳаммаҳаллаҳо гирифтаанд. Давоми мантиқии ин кор маълум аст.
Сайёҳони Ғарб дар тӯли таърих ёдоштҳои зиёде ба мерос гузоштаанд, ки дар онҳо аз рафту омад, рафоқат ва дастгириву ҳамдилии мардуми Машриқзамин тааҷҷуб намудаву ангушти ҳайрат газидаанд.
Мавзуи ҳамсоядорӣ аз мавзуъҳоест, ки дар Шарқ ҳама вақт дар зиндагии мардум мавқеи калидӣ дошт ва дар пешрафту ободии ҳар маҳаллу хиёбону шаҳре саҳми бориз мегузошт. Рафоқату эҳсоси масъулият ба андозае дар ҷараёни зиндагии мардуми мо нақш дошт, ки дар ҳама маҳофил- ҷашну сур, зодрӯзу хонасозӣ ва мотаму азодорӣ гирди ҳам омада, барномарезӣ карда, масъулияти ин ва ё он корро бар дӯши яке аз ҳамсояҳо вогузор менамуданд. Раиси маҳалла бошад, рафти иҷрои ин «супоришҳо» -ро таҳти назорат мегирифт. Ин ҳамкориҳои нонавишта ба тадриҷ мардумро он қадр ба ҳам назик менамоянд, кионҳо хушбахтии ҳамсояро хушии худ ва мотаму мушкили ӯро низ ба худ нисбат медиҳанд. Рафту омад ва иртиботи наздик мардумро ба ҳам ончунон мепайвандад, ки ҳар навиду тағйирот миёни аҳли ҷамоа зуд паҳн мегардад.
Маъмулан, рафоқати ҳамсоядорӣ дар лаҳзаҳои сахт ва ҳассоси зиндагӣ ба тарозуи садоқат баркашида мешавад. Солҳои 90 –уми қарни гузашта бо дар гирифтани оташи хусумат миёни гуруҳҳо ва муташанниҷ гардидани вазъ ҳолате ба миён омад, ки онро метавон имтиҳони ҳакмсоядорӣ дар кишвари мо унвон кард. Зеро бо истифода аз вазъи бесомон гуруҳҳои ҷиноӣ даст ба ғорат ва куштори шаҳрвандон заданд. Дар чунин вазъ аксари маҳаллаҳо аз тариқи маслиҳат ва машварат хонаҳои худро аз дуздону ғоратгарон ҳифз карданд. Илова бар ин, дастрас намудани маводи ғизоӣ хеле мушкил гардид, чунки аксари корхонаҳо аз кор монда, дар бозорҳо пайдо намудани нон ғайриимкон гардид.
Рустам Ашӯров, сокини пойтахт, нақл мекунад, ки дар корхонае, ки ӯ кор мекардааст, ҳар рӯз ба коргарон ду дона нон(хлеб) медодаанд. «Бегоҳ ва ё аввали шаб, вақте аз кор бармегаштам дар назди хона ҳамсояҳо маро мунтазир мешуданд. Аз ду дона нон нисфи якеро барои хонаводаи худам мегирифтаму яку ним ҳиссаи онро ба ҳамсояҳо тақсим мекардам. Охир, « Ҳаққи ҳамсоя ба Худо баробар аст» мегӯянд. Бачаҳо бо дамидани субҳ домони модар гирифта, нон мепурсиданд. Модарони бечора то даст додани имкон, бо ваъда фарзандони худро ором менамуданд. Аксар шабҳо тифлакон калимаи нон бар лаб гурусна хоб мерафтанд. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳам аксари ҳамсояҳоро аз гуруснагӣ ва марг раҳо додем», – мегӯяд ӯ.
Тоҷиддин Сангинов, сокини дигари шаҳри Душанбе дар ин маврид чунин изҳори назар менамояд:
– Дар маҳаллаи мо қавму миллатҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Дар он рӯзҳои сахт барои ҳифзи моликияти аҳли маҳалла сангар канда, бо навбат посбонӣ менамудем. Ҳамсоязанҳо ба қадри имкони доштаашон таъом пӯхта барои мо, мардҳо, меоварданд. Чандин маротиба гуруҳҳои силоҳбадаст ва дуздону авбошони шабгардро, ки мехостанд даст ба куштор ва ғорат зананд, роҳ надодем ба маҳалла ворид шаванд. Ҷангу бесарусомониҳо имтиҳони сангине шуд барои ҳамсоядорӣ, ки мо, хушбахтона, аз он бо талафоти хеле кам баромадем.
Мутаассифона, вақтҳои охир ин падидаи нек ба тадриҷ рӯ ба инқироз овардааст. Насли нав суннатҳои ҳамида ва накӯи аҷдодиро дар мавриди ҳамсоядорӣ ба фаромӯшӣ дода, иртиботи байниҳамро заъиф кардааст.
Дигар он меҳру муҳаббат ва рафтуомади байниҳамсояҳо ба чашм намерасад ва ё, агар дар ҷойе ҳаст, боз ҳам ба насли калонсол рабт мегирад. Зеро миёни ин насл ҳанӯз ҳам мақоли «Ҳамсояи хуб аз хеши дур беҳтар аст» побарҷост.
Ба хотири баррасӣ ва дарёфти авомили коҳиш ёфтани ин раванд, масъаларо ба хонандагони гиромӣ пешниҳод менамоем. Шояд дар якҷоягӣ битавонем сабабҳои коҳиш ёфтани онро пайдо кунему барои аз нав эҳё сохтани ин падидаи созанда ва накӯ саҳм бигирем? Инак, саҳфаи нави иртибот миёни ҳамро боз мекунем. Хонандаи арҷманди сомонаи интернетии «Бонувони Тоҷикистон» чӣ андеша дорад ва масъалаи ҳамсоядориро чӣ гуна мебинаду арзёбӣ менамояд?
Мунтазири навиштаҳои Шумо хоҳем шуд.
Эмомалӣ Сайидамирзод