Бонувони тоҷик аз қирғизҳо чӣ омӯхта метавонанд?
Отифӣ, ширинкаломӣ, зебоӣ, ғамхорӣ ва сифатҳое ба ин монанд махсуси ҳамаи бонувони дунё ҳастанд. Даъво кардан, ки занҳои як миллат аз миллати дигар зеботар ва ё хушкаломтаранд, дур аз воқеият менамояд. Аммо ҷасорат, тасмимгирӣ, изҳори мавқеи шахсиро на ҳама доранд. Ин сифатҳое буданд, ки дар вуҷуди занҳои қирғиз мушоҳида кардам. Банда, ки тибқи як барномаи омӯзишӣ ду моҳи фасли тобистонро дар пойтахти Қирғизистон, шаҳри Бишкек ба сар бурдам, аз талоши занони қирғиз барои зиндагиву зинда мондан дар тааҷҷуб шудам.
Нахустин чизе, ки дар рӯзҳои аввали ба Бишкек ворид шудан, дидам, рафтори соҳибхоназани манзили иҷораамон буд. Мудириятеро, ки ин зан дар умури хонааш ба роҳ андохта буд, мешавад намунаи олӣ хонд. На танҳо рӯбу чин, пухту паз ва тарбияи кӯдакон ба дӯши зан, балки ҳатто муомила ва доду ситад бо иҷоринишинонро бонуи хона ӯҳда мекард. Ба он маъно не ки шавҳар нисбати хонаводааш бепарво буд, ё зан эҳтиром ва ё эътиборе барои шавҳар қоил намешуд, балки ҳар ду вазоиф ва уҳдадориҳои муайянеро соҳиб буданд. Таъмини маоши оила ба дӯши шавҳар, мудирияти манзил ба уҳдаи зан. Яъне пардохти масрафоти коммуналӣ, ба мисли обу барқу газ, ҳисобу китоби каму кости хона ҳама бар дӯши зан буд. Ва ӯ ҳам, медидем, ки ба хубӣ аз иҷрои уҳдадориҳояш мебаромад. Тавре, ки ин навъи мудирият танҳо ва танҳо бар тақвият ва устувории оила асос мегардид. Ҳам ҷойгоҳи зан дар дохили манзил боло ва ҳам эътибори мард нигаҳ дошта мешуд.
Намунаи ҷасорати зани қирғизро дар шаҳри Бишкек низ мушоҳида намудам. Бо як хонавода дар мавриди зисту зиндагиашон суҳбат мекардам. Марди хонавода мегуфт, дар соли 2005, зимни нахустин инқилоби қирғизҳо, як қисми мардум аз фурсат истифода бурда, ба канори ҷанубии пойтахт мераванд ва худсарона даст ба ғасби замин мезананд. Агарчӣ ин амал ҷиноят ба ҳисоб рафта, ҷавобгарӣ дорад, вале имрӯз бо гузашти 7 сол Ҳукумати Қирғизистон заминҳои ғасбнамудаи шаҳрвандонашро қонунӣ гардонида ва расман иҷозаи бунёди манзилро ба эшон додааст.
Дар ҳамон авҷи ғасбнамоӣ як зани серфарзанд ҳамроҳ бо ғосибон, ки ҳамагӣ мардон будаанд, як гӯшаи заминро аз худ намуда, ба хонасозӣ мепардозад. Ин зан ки он замон аз надоштани манзили зисти доимӣ бо аҳли хонаводааш – иборат аз шавҳару 4 писару 2 духтар, ранҷу машаққат медид, аз ин фурсат истифода бурда соҳиби сарпаноҳ мегардад. Албатта, ҷасорати занҳои қирғиз поён надорад. Намунаҳои талоши онҳоро дар чаҳорчӯбаи қонун шоҳид будем. Вале мисоле, ки дар боло овардем, намуна аз он мисолҳоест, ки зани қирғиз барои ҳифз ва таъмини шароити зиндагии худу хонаводааш аз ҳама навъи муборизаҳо истифода мекунад.
Иттифоқи дигареро, ки низ дар шаҳри Бишкек шоҳид шудам, ҷолибтар аз ду мисоли боло буд. Занони қирғиз ба замми ин ки дар ҳифз ва мудирияти иқтисодиву иҷтимоии хонаводаашон нақши назаррас доранд, ҳамчунин дар андешаи боло бурдани сатҳи маънавии хонавода низ ҳастанд. Дар даҳаи аввали моҳи июл филми «Президент, Жана ва Бомж» дар Қирғизистон ба намоиш гузошта шуд. Ҳамон рӯзҳо бо зани тақрибан 60- солае ҳамсуҳбат шудам, ки мегуфт аз 60 километрии шаҳри Бишкек, махсус барои он омадааст, ки бифаҳмад дар пойтахт чӣ барномаҳои фарҳангие баргузор мегарданд. Вай мегуфт, барои тамошои филми мазкур ба худу шавҳар ва 3 наберааш билет харидааст. Ин зан илова мекард, ки ба ҷуз аз хӯрдану хуфтан машғулиятҳое дигаре низ ҳастанд, ки бидуни онҳо инсонҳо наметавонанд ба камол бирасанд ва ҳамқадами замон бошанд. Ба гуфтааш, ба ҷуз ин ки сари чанд гоҳ ба тамошои филму дигар чорабиниҳо бо аҳли оилааш ба пойтахт меояд, аммо пайваста рӯзномаву маҷаллаҳоро мутолиа менамоянд.
Ҳамаи ин талошҳоро, ки дар вуҷуди занҳои қирғиз мушоҳида кардам, дар андешаам, ки чаро қисмати каме аз занҳои тоҷик ҷасорату истодагарӣ дар мавқеи худро доранд? Гарчанде ҳамаи бонувони қирғиз аз ин сифатҳо бархӯрдор нестанд, аммо аксарияти эшон як навъ ҷасорате доранд, ки намегузоранд ба куллӣ як зани дастнигару осебпазир бошанд. Баръакси қирғиззанҳо, қисмати ками бонувони тоҷик, фикр мекунам, аз худ устувориву ҷасорат нишон медиҳанд. Агар доштани сифатҳои зикр гардида, ба хушбахтии тамом ҳам ки нарасонанд, метавонанд ба нисфи хушбахтӣ инсонро ноил гардонанд. Таманно мекунам, ки бонувони тоҷик аз таҷрибаи қирғиззанҳо ибрат бигиранд ва барои устувории оилаву мақоми худ талош варзиданро биомӯзанд.
Ё. Ҳалимов