Ростӣ, вақте бо сафари корӣ ҷониби водии Рашт мерафтам, андеша доштам, ки дар ҷараёни мулоқот бо занҳои ин минтақа мушкил пеш хоҳад омад. Ба ин маънӣ, ки онҳо дар суҳбат озод нахоҳанд буд. Хушбахтона, ин андеша ботил баромад ва навиштаҳои таърихнигорон дар иртибот бо ҷасорат, ҳушмандӣ ва бофарҳанг будани бонувони ин водӣ бори дигар тасбит гардид.
Чизе, ки дар ҷараёни сафар қабл аз ҳама таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб намуд, роҳ буд. Роҳҳои ба тозагӣ сохташуда он қадар ҳамвор ва хубанд, ки ба роҳат метавон аз манзараҳои зебо ҳаловат бурд ва навор бардошт. Ҳавои серун ба яке аз ҳамсафарони дӯстдоштанӣ табдил ёфт. Ин аносир ва авомили дигар боис гардид, ки ҳамсафаронам бо табъи болида ва суҳбати шӯх роҳро ба осонӣ пушти сар кунанд.
Баъд аз мулоқот ва дидорбинӣ бо Сайдамир Сиёмардов, раиси ноҳияи Нуробод, бо роҳбаладии Шамъигул Наботова, муовини раиси ноҳия, ба мулоқоти бонувони фаъол шитофтем. Толор ҷойи холӣ надошт ва маълум буд, ки мизбонони мо ташнаи вохӯрӣ бо рӯзноманигоронанд.
Ғайриинтизор, суҳбат бештар аз ду соат тӯл кашид. Бонувон дар ҷараёни он аз бурду бохтҳо, имконот ва мушкилоти мардуми ноҳия ва саҳафоти ҷолиби маҷалла сухан мегуфтанд. Ба назар мерасид, ки онҳо ҳар як матлабро бо ҷиддият мутолиа намудаву заҳмати рӯзноманигоронро қадр мекунанд. Дар баробари ин, ҳарфҳои гуфтанӣ, пешниҳод ва эродҳо низ доштанд. Бахши аъзами занҳои ноҳия дар саҳафоти маҷалла матолиберо мехостанд бубинанд, ки оид ба ҳаёт ва фаъолияти бонувони деҳот бошад. «Мо аз бонувони шаҳрӣ дар ҳич масъала камӣ надорем», – таъкид менамуданд онҳо.
Масъалаи дигаре, ки онҳоро ба мушкил мувоҷеҳ намудааст, нархи обуна аст. Дар иртибот бо ин масъала идораи маҷалла ба хонандагони фаъолаш иттилоъ дод, ки новобаста ба буҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти молӣ нархи обуна барои соли оянда то ба ҳадди имкон пойин бурда шудааст. Агар обуна барои соли 2012-ум 108 сомониро ташкил дода бошад, бо ибтикори бевоситаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» он то ба 96 сомонӣ кам карда шуд. Бо шунидани ин пайғом Сафия Набиева, муовини сардори шабакаи барқи ноҳия, соҳибкори маҳаллӣ, аҳли эҷоди маҷалларо сипосгузорӣ намуд ва моро итминон дод, ки то соли оянда маҷаллаи дӯстдоштаи бонувони Нуробод ба ҳар хонавода роҳ хоҳад ёфт.
Суханони Қурбонгул Муллочаева, Шамъигул Наботова, Сафия Набиева, Шарифгул Самадова ва боз бисёр бонувони ноҳия самимӣ ва муассир буданд.
Ҳини худоҳофизӣ ва омодагӣ ба сафар дар саҳни ҳавлӣ Шарифгул Самадова, корманди идораи коммуналии ноҳия, гулҳои парвардаашро ба мо нишон дод, ки на танҳо зебову рангоранг буданд, балки накҳати онҳо шомгоҳон табъро болида ва руҳро шод мегардонд.
Маркази ноҳияи Рашт воқеан баъди касб кардани истиқлолият симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Биноҳои зебо ва баланду муосир, хиёбонҳои серодаму бозори ободи шаҳраки Ғарм ба дил фараҳ мебахшад.
Баъд аз мулоқот бо бонувон дар кохи фарҳанги ноҳия ба ҷамоатҳои он рафта, аз наздик бо зиндагӣ ва фаъолияти мардум шинос шудем. Воқеан, озодӣ ва истиқлол тамоми шароитро барои созандагӣ ва ободӣ фароҳам овардааст. Дастархони пурнеъмати мардумро дида, кас беихтиёр даст ба дуо мебардораду аз Худованд оромиву субот мехоҳад. Ва ободӣ бевосита аз худи мардум бастагӣ дорад.
Саидумрон Абдураҳмонов, раиси ноҳияи Рашт, дар он шабу рӯз хеле серкор буд. Гоҳе барои ҳалли мушкиле ба ҷамоатҳо мерафту гаҳе меҳмонони хориҷиро пазироӣ менамуд. Лаҳзае аз сохтмон дидан мекарду дар фурсати дастдода, ба қабули шаҳрвандон машғул мешуд. Бо вуҷуди тараддуди зиёд барномаи кори моро ба ноҳия хуш пазируфт ва барои дидорбинӣ бо бонувон дар маҳал мусоидат намуд. Илова бар ин, дар баъзе сафарҳо моро ҳамроҳ буду бевосита ба маҳалли кори бонувон мебурд. Бонувони раштӣ дар риштаҳои кишоварзӣ, косибӣ, омӯзгорӣ, пизишкӣ ва корҳои роҳбарӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуғл варзида, дар пешрафти иқтисод, иҷтимоъ ва маънавиёти ноҳия саҳми арзанда доранд.
Бо Туҳфа Умарова, омӯзгори пуртаҷриба, суҳбат менамудему ӯ аз солҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ ёд меовард. «Дар ноҳияи Тоҷикобод гуруҳҳои силоҳбадаст бо ҳар роҳ кӯшиш менамуданд занҳои фаъол ва соҳибмаълумотро аз корҳои давлатӣ дур кунанд. Соҳибмаърифатии ҷомеаро намехостанд. Таҳдид мекарданд, ба хонаҳоямон омада, метарсониданд. Бо вуҷуди мушкилиҳои эҷоднамудаи онҳо ба кор мерафтем. Духтаронро барои соҳибмаълумот гардидан, ба донишгоҳҳои пойтахт мефиристодем».
Оре, заҳмату кӯшишҳои чунин ашхоси соҳибмаърифат ва ватандӯст буд, ки неруҳои бадкеш натавонистанд ҷомеаро ба ҷаҳолат бикашанд. Онҳо барои имрӯзи рӯшан ва ободии ноҳияи Тоҷикобод мубориза карданд ва мутаассифона, талофоти ҷонӣ ҳам доданд. Писари муаллима Туҳфа Умарова – Ҷамшед Эшонов, ки он замон корманди милитсияи ноҳия буд, аз ҷониби силоҳбадастон кушта шуд. Бино бар ин, эҳтиром гузоштан ва пос доштани хотири чунин фарзандони фарзонаи миллат қарзи ҳар яки мост.
Вақти баргаштан тугмачаи диктофонро пахш намуда, ба садои хуш ва форами Рисқинисо Қамарова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Тоҷикобод гӯш медиҳам. Сурудҳои классикиро хеле моҳирона ва хуб мехонад. Хушбахтона, ӯ насли нав аст. Тибқи Квотаи президентӣ соли 2011 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намудаву дар диёри худ аз касби дӯстдошта ба шогирдон дарс мегӯяд.
Дил хеле мехоҳад, ки дар ин водӣ танҳо садои хандаи беғаши сокинону навои рубобу уд шунида шавад.