03

Сентябр, 2025
Чоршанбе

03

Сентябр, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОРО ДИГАР «ҲЭЙ» НАГӮЕД!

          Дар оилаи сердухтари русто ба дунё омада, мисли дигар ҳамсолонам дар як муҳите тарбия ва ба воя расидаам, ки ҷинси занро ба фикрам «навъ» -и дуюм меҳисобанд. Медонед, ки муносибату таваҷҷуҳи калонсолони оилаҳои деҳот ба писар чӣ гуна асту ба духтар чӣ тавр. Шурӯъ аз тарбия то хариду тақдими бозичаҳо байни духтару писар фарқи калон гузошта мешавад. Ҳамин тавр мо, бонувон, чӣ дар хонаву чи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳис мекунем, ки нисбатамон эҳтиромеро, ки мебояд, ба ҷо намеоранд.

            Моро гоҳе бо номи аслиамон ва бештар маврид «ҳей», «эй», «эй духтар» ё «эй занак» гуфта нидо мекунанд. Ҳаёт дар мафкураи мо бонувони деҳот, андешаеро пойбанд кардааст, ки ҷинси зан ҳуқуқ ва имконияти шоиста зиндагӣ карданро надорад. Ин «расму оин» нисбати бонувон дар доираи оилаву кори саҳро, муносибатҳои ҳамсоядорӣ ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мушоҳида мешавад. Имрӯз бонуи деҳотӣ тӯҳфаву қадрдонӣ он тараф истад, ҳатто оддитарин муносибати хуб­ро ҳам аз атрофиён намебинад.

            Ҳодисае рух доду фикрам нисбати ҳуқуқи занон дигар шуд. Баҳси марзӣ ва хушунату ҷангу ҷидолҳои ҳамсояамон маҷбурам намуд, ки як рӯзи шанбе барои муроҷиат ба қабули раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Амирулло Холов равам. Ҳарчанд бисёриҳо мегуфтанд; «Ҳарчӣ набошад, ҳамсоя мард асту ту зан, бояд сабр пеша куниву ҳар чӣ мебинӣ аз қисматат бидонӣ».

            Мо ҳудуди 50-60 нафар сокинони маҳаллаҳои гуногуни ноҳияро дар як толори барҳаво ҷой карданду дили ман каме бақувват шуд, ки то навбати худ аз маҳорати сухангӯии дигар муроҷиаткунандагон, ки қариб ҳамаашон занҳо буданд, чӣ тарз арз карданро меомӯзам. Зеро дар умрам боре ба ягон идора шикояткунӣ нарафта будаму қаблан дар симои раисон шахсони ҷиддию фармондиҳандаро медидам. Аммо аз лаҳ­заҳои нахустини сӯҳбати раис бо мардум фикру андешаам нисбати роҳбарон дигар шуд. Раиси ноҳия бо ҳар нафари муроҷиаткунанда ончунон бо меҳрубонӣ сухан мекард, ки дар симои ӯ бародарро медидам. Ин муносибати инсондӯстонаи раис ба ман нерӯи тоза бахшиду дигар дар вақти баёни мушкилотам ягон тарсу изтироби зиёдатиро ҳис накардам.

            Шояд барои шумо хандаовар бошад, аммо ҳақиқатро мегӯям, ки дар умрам бори аввал вожаҳои мӯҳтарама, Наргис Наҷмиддинова, бонуи гиромӣ, хоҳари азиз ва дигар суханҳои боэҳтиромонаро нисбати худ ҳамон рӯз аз намояндаи Президент дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ -А. Холов шунидам. Хоксорию бузургии инсонро бубинед, ки тӯли 5-10 дақиқае, ки ман мушкили оилавиамонро нақл менамудам, боре ҳам суханамро намебурид ва бодиққат гӯш медод. Баъд раис ба муовинони худ супориш дод, ки мушкили ҳамсоядории маро сари вақт ҳаллу фасл намоянд.

            Он рӯз маро аз муомилаи хушу суханҳои меҳрубононаи раиси ноҳия ҳиссиёте фаро гирифта буд, ки онро бо сухан гуфта намешавад. Охир, бори нахуст дар умрам, ба ман бонуи гиромиқадр, хоҳари азиз, ё мӯҳтарама Наҷмиддинова гӯён муроҷиат мекарданд. Аз он рӯз боз худро соҳибҳуқуқу дар ҷомеа инсони бақадр эҳсос намуда, орзу менамоям, ки тамоми сокинони Ватани азизам мисли раиси ноҳияи мо занону духтаронро ҳурмату эҳтиром намоянд. Кош дар хонаву кори саҳро, муносибатҳои ҳамсоядорию тӯю маъракаҳо, мо, занону духтаронро бонуи гиромӣ, хоҳари азизу мӯҳтарам гуфта ном баранд.

            Бародарони азизу гиромиқадр, падарони меҳрубону дигар ҷанобоне, ки худро аз насли миллати бузурги тоҷик меҳисобед, аз шумо хоҳиш дорам, ки мисли раиси ноҳияи мо бо бонувон меҳрубон бошеду моро, ки духтару хоҳар, ҳамсару модаронем, бо вожаҳои пурмеҳр ном бигиред!

            Зеро як сухани хушу муомилаи боадабона, ки иҷрояш мушкиле надорад, моро дар зиндагӣ хушбахт месозад. Хушбахтие, ки аз ҳама гуна зару зевар ва сарвату неъмати дунё болотар меистад. Хушбахтӣ – эҳсоси муқаддас аст ва шумо ин хушбахтиро барои мо дареғ мадоред! Охир, «ҳею эй занак» будан ба диламон зад. Бонуи азизу мӯҳтарама будан мехоҳем!!!

Наргис Наҷмиддинова,

сокини деҳаи Уртабузи ноҳияи Ҷ. Румӣ

:.  Аз ҳар боб 14.09.2012 07:18 2365

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz