Хешу табор маслиҳат доданд, ки аз завҷааш ҷудо шавад. Ба ин розӣ нест, зеро ӯро хеле дӯст медоштааст.
Рӯзе ба ҳавлиаш марди ношиносе омада аз шароити вазнини зиндагиаш шикоят намуда хоҳиш кардааст, ки ба сифати мардикор ягон коре бошад, иҷро намояду ба ивазаш чизе барояш диҳад. Баъди анҷоми кор бегоҳӣ ба мошинаш як халта орд бор карда мардикорро ба хонааш, ки 3-4 деҳа болотар зиндагӣ мекардааст, мебарад. Дар ҳақиқат шароити зиндагиаш хеле бад буда, боми хонааш мечакидааст, фарзандони хурдсолаш сару либоси дуруст ва хурокворӣ надоштаанд.
Ин аҳволро дида аз соҳибхона хоҳиш менамояд, ки ягон кӯдакашонро ба ӯ ба фарзандхондӣ бидиҳанд. Чанд рӯз пас онҳо як писари 3-4 солаашонро ба унвони фарзандхондӣ оварда ба ин мард медиҳанд. Ҳамин тавр, байни ин оилаҳо ба мисли хешу табор доимо рафтуомад сурат гирифта, ба қадри имкон аҳли хонадони ин кӯдакро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекунанд.
Раиси Ҷамоат ба ӯ чанд вақт ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои кӯдакро расмӣ мегардонад. Баъди чанд моҳ ба вай маслиҳат медиҳад, ки ба мақомоти ноҳия муроҷиат намояд.Дарк кардем, ки ин мард ва аксари шаҳрвандони кишварамон қонунҳоро дар мавриди фарзандхонӣ намедонанду саргардон мешаванд ё аксаран баъдан ин амали неки онҳоро чун ҷиноят ташреҳ намуда, ҳатто ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ба ӯ раҳораҳ фаҳмонидем, ки мувофиқи боби 20 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят ва парастории ноболиғон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо муқаррар карда мешавад. Масъалаҳои фарзандхондиро боби 19 Кодекси мазкур ба танзим медарорад. Мувофиқи моддаи 126 ҳамин Кодекс фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (зану шавҳар якҷоя ариза диҳанд) ва ё шахсе, ки кӯдакро ба фарзандхондӣ пазируфтан мехоҳад, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад.
То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудан суд мақомоти васояту парасториро вазифадор менамояд, то шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не. Оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст. Инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои фарзандхондӣ қабул шуданаш (агар 10-сола шуда бошад) муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.
Барои фарзандхондии кӯдак розигии падару модари кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки падару модари ноболиғи ба 16-солагӣ нарасида, инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии мақомоти васояту парасторӣ зарур аст.
Розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи идораи нотариалии давлатӣ ё маъмурияти муассисае, ки кӯдак дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат бигирад ё маҳалли истиқомати падару модар дар ин ҳуҷҷат ифода ёбад ва ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён карда шавад.
Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд.
Дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:
• онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;
• суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;
• суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум сохта бошад;
• бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз 6 моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд.
Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васояту парасторӣ ё дар муассисаҳои дахлдор қарор доранд, розигии хаттии васӣ (парастор) ё роҳбари ин муассиса зарур аст.
Бо мақсади таъмин намудани маҳрамияти фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондагон тағйир додани ном, номи падар ва фамилияи кӯдак ва тағйир додани рӯзи таваллуди кӯдаки то яксола ба муддати на зиёдтар аз 3 моҳ мумкин аст.
Ҳамаи ин ҳолатҳо дар ҳалномаи суд зикр гардида, дар давоми 3 рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардан иқтибоси он ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ба қайди давлатӣ гирифтан фиристода мешавад.
Шахсоне, ки ягон кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул карданианд, бояд ин талаботро риоя карда, зуд онро ба тариқи судӣ расмӣ гардонанд. Зеро мақомоти тафтишотӣ баъзан ҳамин ҳолатҳоро дуруст баҳо надода, чунин шахсонро бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун хариду фурӯши ноболиғон ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Дар таҷрибаи судӣ ҳолатҳое ҷой дошт, ки занонро барои як куртаворӣ ё маблағи ночизе, ки ҳамчун тӯҳфа ё дастгирии моддии оилаҳои камбизоат гирифтанд, чун мисоли болоӣ бо моддаи 167 КҶ ҶТ маҳкум намудаанд.
Ҳол он ки ҷиноят дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ки дар кирдори тарафҳо ғараз ҷой дошта бошад, яъне хариду фурӯш бо мақсади ягон узви кӯдакро гирифтан, ба хориҷа бурдан, бо мақсади истифодаи шаҳвонӣ ва монанди инҳо сурат бигирад.
Аммо дар таҷрибаи мардуми мо одатан духтароне, ки бе шавҳар таваллуд мекунанд, аз шарм ва гоҳо заноне, ки дар оилаҳои камбизоат фарзанди зиёд доранд, аз рӯйи шароити вазнини зиндагӣ кӯдаконашонро ба дигар кас (бештар ба занони бефарзанд) медиҳанд, ки ин фарзандхондӣ ҳасту бо сабаби паст будани маърифати ҳуқуқии онҳо ба тариқи судӣ расмӣ гардонида нашудааст.
Ҳамчун мисоли дар боло овардашуда баъзеи ин оилаҳо ба ҳамдигар чун хешу табор шуда, якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекунанд. Баъзан ҳамин гуна мавод ё маблағи ночизеро, ки чун тӯҳфа ё роҳкиро ба ин гуна занону духтарон медиҳанд, ҳамчун хариду фурӯши ноболиғон ҳуҷҷатгузорӣ карда, чунон ки дар боло гуфтем, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Аз ин рӯ, бонувони азизро зарур аст, ки пеш аз оғози чунин амалҳо аз машваратхонаҳои ҳуқуқӣ истифода баранд ё ба суд муроҷиат намуда, машварати ҳуқуқӣ бигиранд. Умуман дар ин ва ҳам дигар ҳолатҳо донистани қонунҳо ва ҳуқуқҳои хеш ягона роҳи дурусти ҳалли мушкилоти шумост.
Мақсудҷон Сафарзода,