05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШЕРЗАН (Эҳдо ба қаҳрамони варзиши тоҷик Мавзуна Чориева)

          Ҳақиқат, баъди хондани ин паёми Мавзуна имшаб аслан хобам набурд. Ҳам шод будам ва ҳам ғамгин. Фикр мекардам, ки агар даҳ тан аз мансабдорони кишвари азизи ман эҳсосу ангезаи ин духтари 19-соларо дар вуҷуди хеш нисбат ба ин миллати шариф медоштанд, ҳеҷ гоҳ миллат хору залил намешуд. Аммо аз насли Мавзуна метавон умедвор буд!

Мавзуна Чориева

          Натиҷаи ин бедорхобӣ абётест, ки аз набарди Гурдофариди сафшикан, ки номи миллати моро дар сари забонҳо дубора ҷорӣ кард ва аз ҳастии мо ба ҷаҳониён бори дигар иттилоъ дод, илҳом гирифтам:

 

Дастони бо матонати ту сангро шикаст,
Андар гулӯ таронаву оҳангро шикаст.

        Ин шерзан, ки номи накӯяш фасона шуд,
Дандонҳои муддаии ҷангро шикаст !

 Ай шонаат шикаста вале чанг мезадӣ,
        Пайкори  ту, убуҳати фарҳангро шикаст.

Мехостӣ, ки ҳастии моро садо кунӣ,
           Шавқи ту мавҷи нуру хати рангро шикаст.

     Рӯҳи ситезакори ту дар ин набарди сахт
 Туғёни Вахш буд, ки харсангро шикаст.

Ай, шерзан! ҳамосаи ту баъди солҳо
   Афсурдагии мардуми бонангро шикаст.

   Аз ин радифу қофия ҷонам ба лаб расид,
  Рӯҳат  тилисми  қофияи тангро шикаст !

 

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО

:.  Аз ҳар боб 13.08.2012 12:12 2546

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz