Муаррифӣ:
Озода Набиева дар ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфтааст.
Баъди хатми мактаби миёна бо Квотаи президентӣ ба ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ба факултаи рассомӣ-графикӣ дохил гардид. Соли 2003 барои дарёфти ихтисоси дуюм ба бахши ғоибонаи факултаи рӯзноманигорӣ дохил шуд.
Оиладор, соҳиби се нафар фарзанд.
Ҳаҷвнигориро интихоб кардааст, нигоштаҳояш дар матбуоти даврӣ нашр мешаванд.
Дар боғчаи бачагонаи маҳалла маҷлиси падару модарон шуду масъалаи боло рафтани нархи хизмати боғча баррасӣ гардид. Аниқтараш, онҳо гуфтанду мо даст бардоштем. Агар норозигӣ баён кунед, айб мешавад. Аз ин рӯ, қарор қабул гашт, ки нархи боғча аз 15 ба 25 сомонӣ бардошта шавад.
– Гӯсфандо, ақаллан як кас норозигиша намегӯяд- е, – гуфт зане, ки дар қатори охир менишаст.
– Шумо ҳам аз рамаи худамо, як даҳон гӯед мешуд-ку, –гуфт зани дигаре, ки нархи қабулгардидаро ба се нафар наберааш зарб зада, асабӣ менишаст.
Маҷлисро бо чунин суханҳои пурмӯҳтаво ҷамъбаст намуданд:
– Волидайни азиз, аз дастгириатон хеле шодем, минбаъд хӯрокҳои болаззат ва витаминдор барои кӯдакони шумо омода мегардад.
Аз кӯдаконам пайваста суол мекардам, ки чӣ хӯрдед, аммо тағйироте набуд. Аламовараш ин шуд, ки ҳар дафъа як нағмаи нав мебароранд, дирӯз фақер таъин карданд. Худам фақери дар тагаш сақич молидагиро истифода мебараму ба боғча аз дӯкони ҳамсоя фақер нася гирифта бурдам.
Дирӯз дар дасти писарчаам кулчақандеро, ки аз боғча оварда буд, дидам, ки ранги кабуд дорад. Аввал гумон кардам, ки шояд кулчақанди ранги кабуддошта ҳам баромада бошад, охир, ҳозир ҳама чиз мумкин-ку. Не-не, наздиктар рафта бинам, кулчақанди мағоркардаро мехӯрад. Аз дасташ гирифтаму рӯзи дигар пеш аз кор, рост ба боғча рафтам. Мудир гуфт, ки тезтар мақсадамро гӯм, зеро вақт надорад. Кулчақанди мағорзадаро ба рӯйи миз гузоштам. Ӯ гӯё чизеро нафаҳмида бошад, саволомез ба сӯям нигарист. Гуфтам:
– Ин кулчақандҳои мағорзадагиатонро ба кӯдакон дода, онҳоро бемор карданӣ - мӣ Шумо? Ҳамиқа пула гирифта, хӯроки витаминдор метием гуфтагитон ҳамин-мӣ?
– Ҳамту- мӣ? Шумо кӣ худатон? Ман вақт надорам, ки ба ҳар кас ҳисобот дода шинам. Шумо дар хонаатон нони мағорзада мехӯред-мӣ немӣ, рафта дахолат мекунам-мӣ? Равед, аз паи коратон шавед, гуфта рафт.
Аз кори мудир аламам омаду ба мақомоти дахлдор хабар додам. Тафтишгарон маро ба сифати шоҳид даъват карданд. Мудир ин дафъа тамоман тағйир ёфта буд. Дастархони идона ороста, хеле эҳтиромамро ба ҷой овард. Рости гап аз кори кардаам, шарм доштам. Хеле меҳмоннавоз будааст. Хандида-хандида гап мезад:
– Чанд сол боз дар ин вазифааму ҳаракат мекунам, ки ҳамин бачаякоя ҳаққаша нахӯрем. Кулчақанд мағорзадагӣ, узр, аммо ман вая ҳайф карда, «мудири хоҷагӣ, инро бурда ба говат те», намегӯям-ку? Виҷдонам ба ин роҳ намедиҳад. Мудири хоҷагӣ…
Ҳамин вақт дар кушода шуду мудири хоҷагӣ даромад. Азбаски қисми охири гапро шунида буд, фикр кард, ки роҳбар ҳама айбро ба гардани вай партофтааст. Зани хеле сипоҳ будааст, чойникро таққӣ ба рӯи миз монду дастонашро ба миёнаш гузошта, ба гап оғоз кард:
– Ҳа, ҳолӣ гови ман ҳаққи бачаҳоя мехӯрдагӣ шуд-мӣ? Гови ман пасмондаи гови Шумоя, агар монад, мехӯрад. Гови Шумо не-мӣ, ки линга-линга орду кило-кило равған, сабзавоту ашё, ҳатто рулон-рулон матоъҳоро нафас нагирифта фурӯ мебарад. Ҳамин гови носерами Шумо пулро варақ-варақ хӯрду он танҳо ба ҳамин кулчақанди мағорзадагӣ расид. Вақташ, ки омад, росташа мегӯям. Дар як дег об як қошуқ равған андохта ҷӯшонда ба кӯдакон медиҳем. Ин ретсепти моро хитоиҳо омӯхта рафтанд. Баъди қимат гардидани нархи боғча ҳам ягон дигаргунӣ нашуд. Айби кӣ? Айби гови Шумо! Нархи пиёз қимат гуфта, 3 сомонӣ навиштеду дар бозор он 1 сомонӣ, мондагиша гови кӣ хӯрд, аз они ман - мӣ, ани Шумо-мӣ? Соли гузашта дар маҷлиси падару модарон гуфтед, ки ба пули боғча ду сомонӣ илова мекунем, то каму кости боғчаро бинему ҳа гуфта аз Шумо пул ҷамъ кардан нагирем. Каму костатон буд нашуд магар, ки ба боғча аз он ду сомонӣ фоидае наомад. Ҳама ҷим, аз гови занончаки Шумо метарсанд. Гови мани бечора чӣ хӯрдас, ки ман ҷавобгар шавам?
Чеҳраи мудир тира гашту намедонист худро ба куҷо занад. Ман ҳам ҳис кардам, ки дигар ҳоҷати дар он ҷо истодан нест. Аз боғча берун рафтам. Худро ба мақсадрасида, ҳомии ҳақиқат мепиндоштаму тасмим гирифтам, ки дар оянда ҳам, ҳамин хел айбҳоро як ба як фош мекунам.
Аммо дертар маълум шуд, ки тафтишгарон ҳам магар гов доштанд, ки айбро аз гардани гови мудираву мудири хоҷагӣ гирифта, ба гардани савдогари бозор партофтаанд.