Эй дузди осоишам
Дидамат вой… чи дидоре, вой,
ин чи дидори дилозоре буд!
…Ман аз ин дидор сахт метарсидам. Тамоми умр ҳароси ба вуқӯъ пайвастани ин лаҳазотро дар дил доштам. Намедонистам,ки ҳастӣ ё на, вале пайваста аз буданат метарсидам. Туро хаёлан борҳо дар тасаввурам зинда мекардаму мекуштам. Тӯли 30 соли ҳаёти оилавӣ туро дар симои садҳо занон ҷустам. Аз қиёфаи даҳҳо занон эҳсосат кардаам, дар чашмони чанд нафаре осоратро хондаам. Вале ҳеҷ наметавонистам пайдоят бикунам. Шояд намехостам дарёбамат, эй дузди бахт ва осоиши тану рӯҳи ман!
Оё воқеан ту дуздӣ ва бахту тахти ҳамсарии маро дуздидаӣ? Оё он бахт замоне буд? Оне ки ту дузд ҳастӣ, яқин аст, вале оне, ки бахтамро дуздидаӣ, шубҳанок. Агар он воқеан бахти ман мебуд, варо дуздида намешуд. Вале ту ба ҳар ҳол чизеро аз ман дуздидӣ. Шояд ин номе буд, унвоне буд? Шояд сипаре буд, барои панаҳ бурдан аз ғайбатҳои ҷомеа? Вале боз ҳам рӯ ба рӯ шуданам бо ту бароям бе манфиат ҳам набуд. Дар баробари ин ту некие бароям, кардӣ. Чеҳраи воқеии зиндагии маро парда бардоштӣ. Урён кардӣ. Чашми маро кушодӣ. Аз дунёи фиребу дурӯғу макру фанд берунам кардӣ. Ҳарчанд бо дуруштиву сахтӣ, вале… дарёфтам, ки бо чи соддагие мезистаам дар олами рангин ва пӯшида бо «пардаҳои гулобӣ»-и «зиндагӣ»-и набудаам.
Ба ту умре нафрат доштам. Медонистам, ки куҷое ҳастӣ. Ва намедонистам, ки ман ҳанӯз он замоне аз ту метарсидам, ки ту кӯдак будӣ. Оре, вақте ки ман аз гум кардани бахтам метарсидам, ту ҳанӯз беақл будӣ. Ҳарчанд баъдан ҳам боақл нашудӣ. Шояд шудӣ? Шояд ту аз ман боақлтар ҳастӣ? Шояд? Не, аниқ.
Мани мағрур, туи аҳмақ
Ба фикрам ман он қадар мағрурам, ки гумон дорам, доштани ду дипломи аъло хеле оқилаву пухтаам кардааст. Бехабар аз он ки пеши чун ту як заифае лол мондаам, даст бардоштаам, қойил гаштаам ба ҳунари ту дар «истифода»- и мард. Оре, ман натавонистам ва наметавонам мардро истифода кардан. Ман ба хизмати ӯ хешро пурра мебахшаму аз худ фаромӯш мекунам. Ва ӯ аз ман истифода мекунад, на ман аз вай. Вале ту бо ҳамон бесаводиат аз ман пухтатарӣ ва мардҳоро САВОРӢ мекуниву савор мешавӣ ва хуб ҳам мекунӣ. Онҳо ба ин сазоворанд ва туро барои ин амалат дӯст медоранду ёдат мекунанд. Ба дидорат парвозкунон мераванд. Зеро ин амал дар табиати онҳост ва ҳар касе «ромашон » карда тавонад, сар мефароранд. Яъне, ба асолати хеш бармегарданд.
Ман на танҳо аз дидани ту, ҳатто аз воқиф гаштан аз буданат ҳам метарсидам. Вале, аҷиб бароям ин буд, ки ту ҳам бо дидани ман сахт тарсидӣ, аммо шигифтовар бароям ин буд, ки заррае хиҷолат нашудӣ. Оре, чун дузд, дузди таҷрибадоре, ки ин амал барояш одат шудааст, хиҷолат намекашидӣ. Охир барои ин ақл бояд дошт. Ва ту хушбахтӣ, ки онро надорӣ.
Ман нахуст кушта шудам
Ту аз ман тарсидӣ, бехабар, ки ман, мани соҳиби шавҳар аз ту дида бештар умре аз ин лаҳза метарсидам. Мурданивор меҳаросидам. Ҳатто гоҳе дар хоб агар медидам, аз тарс бедор мешудам ва тӯли ҳафтаҳо бо дили сиёҳ мегаштам.
Ту тарсидӣ, ки ман мезанамат? Вале намедонистӣ, ки ту кайҳо маро зада будӣ. Оре, ҳамон рӯзе, ки шунидам ӯ… туро аз ман бештар дӯст медорад. Замоне, ки фаҳмидам: маро бо ту иваз кардааст. Гоҳе дарёфтам, туро пазируфтааст. Ҳине эҳсос кардам, ки аз пешам гурехта, пешат мерафтааст. Ва ин эҳсос болотар аз ҳама тарсу ларз, задан ва ҳатто куштан буд. Бале, ман нахуст таҳқир шудаам, баъдан зарб хӯрдаам сахту сангин ва билохира кушта шудам, вале ту, бо беақлиат инро дарк ҳам карда натавонистӣ.
Ту ки беақл ҳастӣ, пиндоштӣ, ки ман метавонам бо ту ҷанг кунам? Барои кӣ? Аниқтараш, барои чӣ? Медонистам, ки баробари огаҳӣ аз буданат ё диданат дармеёбам, ки бахти ман дурӯғин будааст. Охир агар вай бахти воқеӣ мебуд, пас ту вуҷуд дошта наметавонистӣ.
Арзиши тарсам набуд
Вале ту будӣ. Ту ҳамеша чун як таҳдиде болои сари бахти ман, чун сиёҳие болои дили ман, чун вожгунае болои ақли ман пайдову ниҳон мегаштӣ. Ва ларзаи он ки ман туро кай, чӣ тавр, дар куҷо ва дар кадом ҳолат вомеҳӯрам, умре рашъаи нафрату рашк дар вуҷудам меандохт ва тарси рӯ ба рӯ шудан бо ин ҳол ҳеҷ гоҳе таркам намекард.
Намедонистам, ки тарси бархӯрд бо ту қавитар аз худи ин вохӯрӣ будааст. Ҳайфи умру, сад дареғи он торҳои асабам, ки солиёни зиёде бо тарси ин дидор, ин дидори нафратбор барканда буданд. Зеро ту ҳам як бадбахте будаӣ, ки бозичаи дилхушии ӯ барои чанд замоне гаштаӣ. Бо нахустин хабаре, ки аз огаҳиям аз буданат ба вай расид, бо сад қасам туро фоҳишае хонд, ки гӯё муваққатан воситаи айшаш гардонидааст. Ва боз ҳам итминон пайдо кардам, ки ин ҷинси ҳайвонтабиати буқаламун бо унвони «мард», арзише надорад. Хоса барои тарси аз даст доданаш. Пас набояд ту аз ман битарсӣ, ки барои замоне ӯро аз ман рабудаиву на ман бояд умре куртаи ларза ба тан медоштам, ки мабодо, ту дар куҷое бошӣ…
…Дарахти сафедори рӯйи ҳавлиамро аз бехаш буридам…
Нисо