Ба суоли «бардошти бори гарони ин ҳама заҳмат барои як бону мушкил набуд?», – чунин ҷавоб мегӯяд:
«Зан дар баробари модари хубу зани меҳрубон будан, бояд тавонад, ки аз имкониятҳояш истифода бикунад. Мардҳо дар бисёр ҳолат занҳоро нотавон ва заиф мепиндоранд, ки ин хатост. Ман бо меҳнати ҳалол назди шавҳарам исбот кардам, ки мо занҳо ба ҳама кор қодир ҳастем. Ин зиндагӣ аст, пастиву баландӣ дорад. Ҷое аз шавҳарам зиёдтар ҳам меҳнат кардам. Лекин боре сармаст аз дастовардҳоям нашудам. Ҳамеша одоби зан буданро риоя мекардаму мекунам. Хизмати шавҳарро ба ҷо меовардаму меоварам».
Имрӯз дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт тарабхонаи зебое ба мизоҷон хизмат мерасонад, ки бо кӯшишу ғайрати ин бону қомат афрохтааст. Мегӯяд, ки як лаҳза бе кор нишаста наметавонад. Кор карданро дар замин беҳтарин истироҳат медонад.
«Маҳз аз заҳмат дар замин саломатӣ, обрӯ ва пулро соҳиб шудам. Аз меҳнат тарсидан беақлист. Зан бояд ҷуръат ва азми устуворро соҳиб бошад Меҳнат обрӯи ман, меҳнат шарафи ман, меҳнат бартарафкунандаи камбудиҳои зиндагии ман аст», – мегӯяд апаи Замира.
Имрӯз Замира Қаҳҳорова дар баробари корҳои сохтмонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ вакили маҷлиси ноҳиявӣ асту, узви шӯрои занони ноҳия. Ҳамеша дасти бенавоён мегираду кӯмаке баҳри ниёзмандон мекунад.
Барои Замира ва бонувоне аз қабили ӯ кордону созанда муваффақиятҳои беш аз пешро таманно дорем.
Гулноз