Фронсавиҳо аз ҳама бештар Помирро дӯст медоранд
Ба гуфтаи менеҷери ассотсиатсия Роҳила Назарбекова дар байни сайёҳон шаҳравандони Фронса аз ҳама бештар ҳастанд. Вай гуфт, пас аз Фронса шаҳрвандони Олмон ва Амрико ба Помир таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд ва аз мамолики назди баҳри Балтика низ зиёд меоянд.
Сафири Фронса дар Тоҷикистон Анри Зипер де Фабиани таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишвараашро ба Помир ба ҷаззобияти манзараҳо, кӯҳсори шабеҳ ба Фронса ва обу ҳавои тозаи минтақа бастагӣ медиҳад.
Синамогарони фронсавӣ соли гузашта дар Помир оиди толибон як филм ба навор гирифтанд ва интизор меравад намоиши ин филм сайёҳони ҳар чӣ бештари фронсавиро ба минтақа ташвиқ хоҳад кард. Сафири Фронса дар Тоҷикситон гуфт, ки ба мақсади мусоидат ба рушди ҷаҳонгардӣ дар минтақа, онҳо курсҳои омӯзиши забони фронсавиро барои роҳбаладони сайёҳӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ маблағгузорӣ мекунанд.
Дижҳо, маъбадҳо, кӯлҳо ва чашмаҳои шифобахш
Аммо оё сайёҳон дар Помир бештар ба чи таваҷҷӯҳ доранд? Бинобар маълумоти ширкатҳои сайёҳӣ шумораи зиёди сайёҳонро минтақаи Вахони ноҳияи Ишкошим, бо дижҳои бостонӣ, ки таърихашон ба давраи Кӯшониён мерасад, нишонаҳои адёни тоисломӣ, аз ҷумла мавҷудияти маъбадҳои буддоӣ ба худ мекашанд. Журналистони ҷопонӣ оиди ин маъбадҳо дар минтақа филм ба навор гирифтанд ва зиёраткунандагон сол то сол зиёд мешаванд.Дар ин масир ҳамчунин дӯсторони саёҳат бо аспу уштур метавонанд, қисмате аз роҳи абрешимрро бо асп ва ё уштурсавор тай намоянд. Мошинсавор имконият доранд, ки аз наздик манотиқи марзиии Афғонистонро тамошо карда, дар бозорҳои марзӣ бо наҳваи тиҷорати сокинони ҳар ду тараф шинос гарданд ва барои ёру дӯстон савғотиҳо харид намоянд.
Аммо минтақаи Мурғоб сайёҳонро бо табиати моҳтобии шабеҳи шабҳои сафед ва олами нодири набототу ҳайвононот ва кӯлҳо, ки ҳанӯз сайёҳони нахустин аз зебоиашон ба ваҷд омада, онҳоро «чашмони нилгуни Бадахшон» номиданд, ҷалб мекунад.Сайёҳони дохили бештар дар чашмаҳои шифобахши Помир дам гирифтану табобат карданро дӯст медоранд.
Вале шавқмандони истироҳати бофароғат бо илҳом аз тамошои табиати зебо ва чаҳ-чаҳи паррандагону нӯши ҷон намудани оби мусаффои чашмаҳо низ кам нестанд. Ҷизев, як деҳаи хурди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо табиати зебо ва марғзорону кӯлҳояш ба зиёратгоҳи ҳар чӣ бештари сайёҳон табдил меёбад. Бо кӯмаки Барномаи ҷонибдории рушди манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон 7 хонаи урфии бадахшони нав ба меҳмонсаро мутобиқ гардонда шуда, сайёҳонро пазироӣ мекунанд. Сайёҳонро дар пушта ва пайроҳаҳои гирду атроф сокнони деҳа, ки махсус ихтисоси роҳбаладӣ ва забони англисиро аз худ кардаанд, ҳамроҳӣ менамоянд.
Кӯҳнавардӣ яке аз бахшҳои сердаромади сайёҳӣ буда, тобистон кӯҳнавардони зиёде ба мақсади фатҳи қуллаҳои осмонбӯси Помир ва пиряхҳо ба Бадахшон сафар мекунанд. Танҳо соли гузашта бештар аз 200 кӯҳнавард ба Помир сафар карданд, аммо аксари онҳо аз маркази ҷумҳурӣ савори чархбол рост ба пояи қӯллаҳо ва пиряхҳои парида меоянд ва мардум дар бораи онҳо танҳо мешунавад. Қӯллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии зиёда аз 7 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва пиряхи Федченко дар феҳрасти маконҳои ҷаҳонгардии ҷаҳонӣ қарор доранд.
Сайёҳӣ бо лижа дар кӯҳу пуштаҳои Помир ҳанӯз маъмул нашудааст. Ба садама дучор гардидани чархболи «Тоҷикэйр» бо гурӯҳи сайёҳон, ки мехостанд дар кӯҳҳои минтақаи Роштқалъа лижатозӣ кунанд, дӯстдорони ин намуди сайёҳиро рамонд.
Аммо таваҷҷӯҳ ба фарҳанг бештар мешавад
Дар ҳамин ҳол таваҷҷӯҳ ба фарҳанги мардуми минтақа афзоиш меёбад ва дӯсторони хориҷии омӯзиши забон ва анъанаҳои мардуми маҳал ҳар чӣ бештар мешаванд. Аксари чунин афрод донишҷӯ ва ё унвонҷӯёни муассисоти илмӣ ҳастанд ва дучор омадани донишҷӯи олмонӣ ва ё англис дар Хоруғ, ки бо забони шуғнонӣ гап мезанад, дигар касеро ба ҳайрат намегузорад.Соли гузашта гурӯҳи журналистони аврупоӣ дар помирисур ширкат варзида, онро ба манзури шиносоӣ бо фарҳанги мардуми минтақа ҷолиб ва диданӣ дарёфтанд.Шаҳрванди Амрико Беҳрӯз Рос мегӯяд, ки вай дар муассисаи хайриявӣ дар Бадахшон чанд сол кор кардааст, вале айни ҳол танҳо ба мақсади муошират бо мардум ба ин ҷо омадааст.
Вале монеаъҳо барои густариши сайёҳӣ ҳанӯз мавҷуданд
Ба гуфти сокини Рошорви ноҳияи Рӯшон Пайшанбе Пошанбиев ҳамчунин ҳолати бади роҳҳо боис мешавад, ки бисёр ҷойҳои як вақтҳо дӯстдошта ва шавқовар барои сайёҳон дар минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон ба гӯшаи фаромӯшӣ табдил меёбанд ва холӣ мемонанд.Сокини ноҳияи Ишкошим Анвари Андаробӣ мегӯяд, ки агарчанде меҳмонсароҳои қимат арзи вуҷуд мекунанд, аммо инфрасохторҳои сайёҳӣ дар маҳалҳо ҳанӯз ба талаботи донишҷӯёну ҷавонони сайёҳ, ки имконоти камтари молӣ доранд, вале шумораашон бештар мешавад, мутобиқ нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол раиси ВМКБ дар нишасти матбуотӣ хостори наҳваи танзими сайёҳӣ дар минтақа шуд.Вай гуфт, бинобар маълумоти расмӣ тайи соли гузашта 500 сайёҳ аз минтақа дидан карданд, вале дар асл шумораи зиёдтари сайёҳон ба Бадахшон сафар доштанд. Аммо мутахассисони риштаи саёҳӣ мегӯянд, ки кишвари мо бо дарки манофеъ аз сайёҳӣ чун бахши муҳими иқтисод ҳар чӣ бештар шароити озодтари омаду рафт ва сайр барои сайёҳонро муҳайё месозад ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои минтақавӣ боиси коҳиш ёфтани сайёҳӣ ва даромад аз он мегардад.
Ш.Мирзоҷалол