Саъдоншо Ҷобаталишоев, як донишҷӯ аз ноҳияи Роштқалъа мегӯяд, ки Зулфияро мусофирон барои хушгапиаш дӯст медоранд ва дилпур бо вай ҳамсафар мешаванд, зеро дар бархе аз ҳолатҳо, агар мусофир бо сабабе роҳкиро пардохт карда натавонад ҳам, ин бону чин бар ҷабин намекашад ва боилтифот мемонад.
Зулфия ҳанӯз аз синфи 5-ум ба падари ронандааш, ки дар роҳи Хоруғ-Уш (Ош) бор мекашонд, дастёр буд. Падар шавқи духтарашро дида Зулфияро бо худ чанд бор ба шаҳри Уши Қирғизистон бурд. Дар сафарҳо Зулфия хубию душвориҳои касби ронандагиро эҳсос кард. Баъдан дар деҳа, агар ниёз ба автомашинаи боркаш ба миён меомад, дар бархе аз мавридҳо Зулфия сари чамбарак менишаст. Ӯ баён дошт, ки дар айёми наврасӣ ба ронандагӣ аз рӯйи шавқу рағбат муносибат мекард ва гумон надошт, ки ин касб барояш тақдирсоз мегардад. Ба гуфтаи Зулфия дар шароити бекории шавҳараш ва соҳиби ду фарзанди хурдсол будани хонаводаашон, ки дар деҳоти дурдаст қарор доранд, ронандагӣ ва молики «Тангем» будан барояшон ягона василаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аст. Маҳз аз ин сабаб ӯ маҷбур шудааст, ки ба кори мардона камар бандад. Зулфия якчанд сол ронандаи мудири бемористони маркази ноҳияи Роштқалъа буд. Вай мегӯяд, ки агарчанде кор дар муассиса осонтар аст, аммо зарурати иҷтимоӣ ӯро водор кардааст, ки ба идораи нақлиёти мусофиркаш рӯ орад.
«Агар ронандагони ҷавон ҳамеша аз кам будани мусофир ва норасоии даромад шикоят кунанд ҳам, ман шукр бар он дорам, ки музди корам барои бароварда сохтани ниёзҳои оддии рӯзғори оилаам кифоя аст», -мегӯяд Зулфия.
Вақтҳои охир дар Хоруғ низ чун дар дигар шаҳрҳои кишвар бонувонеро дидан мумкин аст, ки сари чамбараки «Мерседес»-у «Тайота» сайр доранд. Зулфия мегуяд, вай аз шӯхии ҳаҷвнигорон, ки зани пушти чамбараки мошинро ба маймуни дар дасташ норинҷак ташбеҳ медиҳанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатар эҷод кунад, норозӣ аст ва бовар дорад, ки занҳо ронандагони боэҳтиёт ва бодиққат буда, хеле кам ба вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат роҳ медиҳанд.
Зулфия шояд ягона ронандаи ҷодаҳои Бадахшон бошад, ки аз нозирони роҳ шикоят надорад. Ба гуфти Зулфия ӯ кӯшиш мекунад, ки қоидаҳои ҳаракатро вайрон накунад, аммо аз сӯйи дигар шояд ҷиҳати ягона зани ронандаи «Тангем» будан, нозирон ба вай ҳамеша боилтифот ҳастанд.
Ба касби мардона даст задани бону боис мешавад, ки дар мавридҳои иллат пайдо кардани автомашина, ба вижа дар фасли зимистон, вай ҷинси латиф будани худро фаромӯш мекунад ва дар ҳавои сард барои бартараф намудани он берун мешавад.
Аммо ин ҳолатҳо дар кори Зулфия кам рух медиҳанд, зеро ба гуфтаи Зулфия аспро ҳанӯз пеш аз зин задану ба сафар баромадан дар хона бояд хуб нигоҳубин кард ва санҷид. Онҳое, ки Зулфияро мешиносанд, мегӯянд, агарчанде Зулфия тобистону зимистон серкор аст, аммо касби ронандагӣ ба ҳусну малоҳаташ боз ҳам ҳусн афзудааст.
Ш. Мирзоҷалол.