Бо Сарвиноз ном донишҷӯе, ки дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард, сӯҳбат доштам. Аз ӯ пурсидам, ки баъди хатми коллеҷи мазкур соҳиби чӣ хел маълумот мешавӣ? Гуфт, ки соҳиби маълумоти олӣ.
Ё худ Парвина ном духтараке, дар Коллеҷи тиббӣ таҳсил мекард. Аз вай фарқи коллеҷи тиббиро аз Донишгоҳи тиббӣ пурсон шудам. Ӯ ҷавоб дод, ки он қадар фарқе надоранд. Ҳарду дар як сатҳ омӯзиш медиҳанд.
Ин мисолҳо барои он буд, ки шогирдони хатмкардаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ фарқи коллеҷҳоро аз донишгоҳҳо ва донишкадаҳо намедонанд. Дуруст касб интихоб карда наметавонанд.
Дар мактаби миёнае, дар ноҳияи Восеъ аз шогирдони синфи 10 доир ба интихоби касб суол кардам. Ягон нафар посух надод, ки дар дил ҳаваси кӣ шудан дорад.
Ҳамчунин, дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумие дар ноҳияи Ховалинг аз 10 нафар шогирдони синфи 11 кӣ шудан мехоҳӣ гуфта, суол кардам. Танҳо як нафар гуфт, ки духтур мешавам. Аммо барои чӣ духтур шуданашро шарҳ додан натавонист.
Аслан шогирд дар давоми таҳсили 11 сола се давраи интихоби касб дорад. Аз синфи 1 то 5 давраи аввал ба ҳисоб меравад. Шогирдон дар ин давра, дар вақти пурсиш оид ба интихоби касб посух медиҳанд, вале ба касби интихобкарда садиқ нестанд. Зеро интихобу таҳлилҳо рӯякианд.
Давраи дуюми интихоб аз синфи 5 то 10 мебошад. Дар муқоиса дида мешавад, ки бо тағйири сину сол, шогирдон дигар касбро интихоб кардаанд. Давраи ниҳоии интихоби касб синфи 10-11 мебошад. Вақте дар давраи ниҳоӣ интихоби касбро ба давраи дуюму якум муқоиса мекунӣ, тағйироти ҷиддӣ ба мушоҳида мерасад.
Имрӯз устодони мактабҳои мо, бахусус роҳбарони синфҳо дар интихоби касб ба шогирдон роҳбалад шуда, ба онҳо кӯмак мекунанд? Ҷавоб манфӣ садо медиҳад.
Сабаби дигари дуруст интихоб карда натавонистани касб муҳит ва набудани ҷойҳои корӣ ва кор накардани корхонаҳои бузурги саноативу муассисаҳои сохтмонии калону заводу фабрикаҳо мебошад.
Дар рафти қабули довталабон ба квотаи президентӣ дар ноҳияи Восеъ бо духтараки довталабе сӯҳбати кӯтоҳ кардам. Дар муқоиса бо ду нафар ҳарифи ба даври ниҳоӣ гузашта, дониши ӯ каме фарқ мекард. Вай худро хеле таъриф карда, ҳаваси касби рӯзноманигорӣ карданашро ишора кард. Аз ӯ пурсидам, ки охир ту ҳозир довталаб ба кадом касб ҳастӣ? Гуфт, ки ба факултаи бойгоншиносии ДМТ. Ба ӯ фаҳмондам, ки бойгоншиносӣ дигар асту факултаи рӯзноманигорӣ дигар. Лекин он духтараки «доно» худашро ҳақ ҳисобида, посух медод, ки «охир ҳамин ДМТ аст ку?».
Ниёлбӣ Ҳасановаи агроном, аз ноҳияи Восеъ, мегӯяд, ки ман касбамро дар вохӯрии донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки ҳама аз мактаби худамон буданд, интихоб кардам. Дар он айём ҳар сол дар вақти таътили донишҷӯён дар мактабҳои миёна вохӯрии собиқ хатмкунандагони мактаб ва донишҷӯёни мактабҳои олии ҳамон мактаб доир мешуд. Донишҷӯён дар байни хатмкунандагон баромад намуда, дар бораи касби интихобнамудаи худ иттилоъ медоданд. Ин вохӯриҳо дар дили хонандагон ҳавасмандиро бедор мекарданд. Оё имрӯз чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни фаъоли мактаб гузаронида мешаванд? Оё аксари донишҷӯёни мактабҳои олӣ имрӯз ақаллан дониши қазоӣ доранд? Тӯли 20 сол аст дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ вохӯрии донишҷӯён бо хатмкунандагони мактабҳо гузаронида намешавад. Ман сатҳи дониши аксарияти донишҷӯёни мактабҳои олиро медонам, ки ҷавобгӯи давру замон нест. Ташкил ва гузаронидани ин вохӯриҳо ба фоидаи кори ҳам мактаб ва ҳам хатмкунандагон аст. Вале имрӯз ин чиз умуман вуҷуд надорад ва аз 100 фоиз хатмкунадагони мактабҳои олӣ 95 фоизашон ба ҷойи кор таъмин нестанд. Аз тарафи дигар маоши моҳона хеле пасту ночиз аст. Баробари дуруст касб интихоб карда натавонистан, хатмкунандагони мактабҳои миёна ба дилхоҳ мактабҳои олӣ тавакалӣ ҳуҷҷат месупоранд. 95 фоизи хатмкунандагони мактабҳои олӣ ҷои кор Русияро интихоб мекунанд ва ин аз касе пӯшида ҳам нест.
Пас, чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама ташкили ҷойҳои корӣ ва ба кор даровардани корхона ва заводҳои аз кор монда зарур аст. Баланд бардоштани моҳонаи омӯзгор, духтурон, муҳандисон ва дигар касбҳо масъалаи муҳим маҳсуб мешавад.
Зеро ин таҳкурсӣ барои ояндаи давлату миллат аз манфиат холӣ нест. Агар чунин нест, пас дар оянда мо ин бепарвоиро ҳатман бояд ҷуброн намоем. Вале бо кадом қимат?
Билоли Шамс,
аз минтақаи Кӯлоб