Мақсад аз ин гуфтаҳо замини наздиҳавлигӣ не, балки харидориву тақсим шудани корхонаву муассисаҳоест, ки дар даврони шӯравӣ фаоълияти комил доштанду бо оғози «приватизатсия» рӯ ба нестӣ оварданд. Қисме аз онҳо бо ном идораи соҳибкорон шуданд, вале нафаре дар он ҷо кор намекунад. Пас ба чӣ хотир фурӯхта шудану хусусӣ гардонидани корхонаҳо сурат гирифт?
Танҳо аз дарвозаи Кӯлоб то сероҳаи назди истгоҳи нақлиёти мусофиркашонии шаҳр 13 НФС мавҷуд аст ва дар байн сохтмони чунин НФС-ҳо давом дорад.
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб роҳбарони ин гуна корхонаҳоро борҳо барои сӯҳбат даъват кардааст. Аммо тибқи гуфтаи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб Ҳ.Абдуллоев кам муяссар мешавад, ки роҳбарони корхонаҳои мазкурро пайдо кардаву бо онҳо рӯ ба рӯ сӯҳбат намоӣ. Барои мисол, корхонаи нони Кӯлобро ду тақсим карда фурӯхтаанд. Ошёнаи сеюму чорумро ба як нафар ва ошёнаи якуму дуюмро ба нафари дигар. Нафаре, ки ошёнаи якуму дуюмро дар ихтиёр дорад, соҳибмулки ба истилоҳ дар ошёнаи саввуму чаҳорумбударо аз истифодаи зинапояҳои бино маҳрум кардааст. Ин аст тарзи муносибат ба хусусигардонӣ ва соҳибкорӣ дар шароити имрӯзаи мо…
Дар ноҳияи Восеъ низ чунин ҳолат ҳоким аст. Соҳибкорони навбаромад ҳадди ақал гӯшае аз корхонаи хусусигардонидашударо обод карда ё ба кор надаровардаанд. Низоми соҳибкорӣ бо мақсаде роҳандозӣ шудааст, ки пешравие дар самти иқтисоди кишвар пайдо гардад. Вале имрӯз аксари «соҳибкорон» корхонаи ободро аз беху бун канда мебаранд ва ё қисмате аз онро фурӯхта, дар пойдевори қисмати дигар хонаи истиқоматӣ месозанд. Аммо ҳеҷ ниҳодеро парвои ин нест ва чунин низоми соҳибкорӣ мардумро дилсард кардааст.
Дар ҳар 4-5 км як ё ду НФС (нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ)! Танҳо аз дарвозаи Кӯлоб то сероҳаи назди истгоҳи нақлиёти мусофиркашонии шаҳр 13 НФС мавҷуд аст ва дар байн сохтмони чунин НФС-ҳо давом дорад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки оё Кӯлоб соҳиби корхонаи коркарди нафту гази худист? Оё бо зиёд шудани НФС-ҳо сӯзишворӣ арзон мешавад? Айнан чунин вазъиятро дар маркази ноҳияи Восеъ дидан мумкин аст. Хуб мебуд, ки мақомоти дахлдор ҳангоми пешниҳоди аризаи истифодаи замин, ҳадафи соҳибкорро мавриди санҷиши дақиқ қарор бидиҳанд.
Дар тамоми ноҳияҳо соҳибкории дигаре низ беҳад ривоҷ ёфтааст - бунёди мағозаҳои ғизо ва молҳои саноатӣ, ки ҳисобатро гум мекунӣ. Барои мисол, дар аксарияти мағозаҳои ба истилоҳ саноатӣ молу колоҳои зиёде солҳо боз рӯи ҳам хобидаанд ва кайҳо сифати хешро аз даст додаанд. Вале ҳеҷ ниҳоди давлатие ҳавсала намекунад бигӯяд, ки ин гуна молро бояд арзон кард, то эҳтиёҷмандони дигаре онро харидорӣ намоянд. Оё вақти ба парлумон пешниҳод намудани санаде фаро нарасидааст, ки вақте мол бештар аз ниёзи мардум ворид мегардад, ба воридкунандаи он андози хос баста шавад? Баракс, афроде, ки корхонаҳои хурду миёна месозанд, беш аз пеш ҷойи кор муҳайё мекунанд ва истеҳсолоти худиро роҳандозӣ менамоянду таъминкунадаи моли бозори дохилӣ мешаванд, ба мӯҳлати тӯлонӣ аз андоз озод бошанд, то ки корхонаи наваташкил заминаи молии хешро қавӣ намояд. Барои мисол, сабаб чист, ки соҳибкоре дар фикри ташкили корхонаи коркарди пашм нест? Дар ҳол, ки солҳо боз пашми ҷамъовардаи мардум ва хоҷагиҳои фермерӣ ғарам-ғарам дар анборҳо нобуд шуда истодааст. Корхонаҳои коркарди пашм ва гилему қолинбофӣ имкон медиҳанд, ки ҳам буҷа ғанӣ гардаду ҳам мардум аз маҳсулоти ватанӣ ниёзи худро қонеъ созад. Агарчи ин масъала пайваста дар нишастҳои матбуотии мақомоти ҳукуматҳои иҷроияи минтақаи Кӯлоб матраҳ гардад ҳам, дигаргуние дар ин самт эҳсос намешавад.
Бемасъулиятиву бепарвоӣ то дараҷаест, ки калонтарин корхонаи намаки замони шӯравӣ, як захираи худодод, он ҳам дар рӯи замин ва бе истифодаи маблағе зараровар шудааст. Оре, имрӯз натанҳо кони намаки Хоҷамӯъмин наметавонад бо иқтидори пешини хеш фаъолият намояд, балки корхонаҳои майдаи зиёде пайдо шудаанд, ки дар маҷмӯъ қудрати пешинаи истеҳсоли намакро надоранд ва сифати коркардашон ҳам паст аст.
Эҳёи корхонаҳои коркарди чарм ҳам аз хобу хаёле беш нест. Ё худ, бо даҳони пур атласи тоҷикӣ мегӯем, вале бозорҳоямонро атласи сунъии хитоӣ ё ӯзбакӣ пур кардааст. Насли имрӯза атласи тоҷикиро надидааст ва аз матоъи ғайритоҷикӣ фарқаш ҳам намекунад.
Бемасъулиятиву бепарвоӣ то дараҷаест, ки калонтарин корхонаи намаки замони шӯравӣ, як захираи худодод, он ҳам дар рӯи замин ва бе истифодаи маблағе зараровар шудааст.
Боре ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Балҷувон ба як мошини контейнердор нишастаму ҷониби Данғара роҳ пеш гирифтам. Дар омади гап аз ронанда фаҳмидам, ки мошин хушкмева дораду онро ба вилояти Суғд мебарад. Пурсидам барои фурӯш, посух дод ки не, дар Суғд ҷои махсуси тару тоза кардани ин хушкмева ҳаст ва баъдан онро ба Русия интиқол медиҳем. Дар Русия аз он шарбат тайёр карда, боз ба худамон мефиристанд, албатта, омехта бо унсурҳои сунъӣ ва бо нархи гаронтар. Оё имкон нест, ки хушкмеваи фаровонро дар ватани худамон шарбат кардаву ба мардум манзур намоянд? Намедонам, вале аниқ аст, ки дар ин самт соҳибкорони минтақаи Кӯлоб коре ба анҷом нарасонидаанд. Иддае аз онҳо, тибқи гуфтаи худашон, имрӯз худро «соҳибкори муваффақ» медонанд ва сехҳои хурдакаки шарбат, бахусус помидор, доранд. Вале, чун ҳосили корашро бо ҳамтоёни хориҷиашон муқоиса мекунӣ ва бо ҳайрат сабаб мепурсӣ, посух ҳамоно ноҷиддист: «тоҷикӣ шудааст-да!»
Аз ин хотир, натиҷаи сӯҳбати мо ҳам, мутаассифона, ҳамин хел мешавад: «Соҳибкории «тоҷикӣ».
Билоли Шамс