Лола Отабоева: «Бо ӯ ҳамеша дар ҳолати «омодабош»-ам».
(ҳамсари Камол Отабоев, сарнозири шӯъбаи омодагии кадрҳои РК ва КШ)
– Осудагӣ ва низоми кишвар аз милитсия вобаста буда, бар дӯши ӯ масъулияти гароне бор аст. Ман худам ҳам солҳост дар ҳамин сохтор кор мекунам ва медонам милиса будан чӣ қадар мушкил асту ҳамсари милиса будан аз он мушкилтар. Беш аз 20 сол аст якҷоя умр ба сар мебарем ва дар зарфи ин солҳо бештари ҷашну идҳоро бе иштироки шавҳарам таҷлил кардаем, чун ӯ ҳамеша дар ин вақт дар ҳолати омодабош (казарма) аст. Вале боз ҳам, новобаста аз чунин кори мушкил, мо тавонистем фарзандонамонро тарбияи хуб дода, соҳиби илму маърифат кунем.
Шамсия Мирзоева: «Бо «бонги хатар» ман низ мехезам».
(ҳамсари Олег Ханчиев, старшинаи ротаи махсуси роҳбаладии милисаи РКД ВКД):
– Шавҳарам шабу рӯз дар хидмати Ватану миллат аст. Як реҷаи муайяни кор надорад. Ҳамеша дар ҳолати омодабош аст ва табиист, ки ман ҳам дар ҳамин ҳолат қарор дорам. Соати 2-3-и шаб «бонги хатар» мезананд ва ман низ маҷбурам, ки аз хоб хеста либосу хӯрокашро омода кунам. Ба наздикӣ якҷоя ба зодрӯзи дӯстамон рафтем. Меҳмонон бо тааҷҷуб гуфтанд, ки «наход шуморо якҷоя дидан мумкин бошад…» Аммо ҳанӯз аз дар надаромада будем, ки телефонаш занг заду ба кор даъваташ карданд. Дар идҳо низ бо бачаҳо дастурхон меороему бе сарвари оила идро ҷашн мегирем. Касбашро хеле дӯст медорад ва содиқона анҷом медиҳад. Ман низ ғайр аз эҳтироми интихобаш ва дастгирии рӯҳӣ илоҷе надорам ва аз касби интихобкардааш ифтихор мекунам.
Шаъмигул Мирзоева: «Зани милиса бояд сахт таҳаммулпазир бошад».
(ҳамсари Ширинбег Мирзоев, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ):
– Он масъулияте, ки бар ӯҳдаи милиса аст, бар дӯши ҳамсараш низ бор аст. Ман дар хона ҳам зан ҳастаму ҳам мард. Чун шавҳарам шабу рӯз дар кор аст, тарбияи фарзандону хоҷагидорӣ бар дӯши ман аст. Новобаста аз кори мушкилу асабикунандааш ӯ хеле меҳрубону ҳалим аст. Чун бисёр мавридҳо дар сари кор аст, зуд-зуд ба хона занг мезанад, аҳволи бачаҳоро мепурсад, аз тариқи телефон барояшон маслиҳат медиҳаду насиҳаташон мекунад. Танҳо зани пуртоқат ва таҳаммулпазир метавонад ҳамсари милиса бошад. Бинобар ин, ба зане, ки шавҳари милиса дорад, таҳаммул орзу мекунам.
Холиса Саидова: «Милисаҳо ҳам шавҳарони ҳалиму меҳрубонанд».
(ҳамсари Манучеҳр Нозирхонов, нозири калони РК ва КҲШ):
– Аксари мардони хонаводаи шавҳарам дар сохторҳои қудратӣ кору фаъолият мекунанд, аз ин рӯ, ба хона дер омадан ва гоҳе як-ду рӯз дар сари кор мондан барои мо муқаррарист. Ман рӯзҳои аввали издивоҷамон аз чунин вазъ хеле нороҳат мешудам. Ҳамеша нигарон будам, ки шавҳарам дар куҷосту бо чӣ кор машғул, сер аст ё гурусна, макони кораш гарм бошад ё сард. Аммо чун хушдоманам ин рӯзҳоро аллакай аз сар гузаронда буд, бароям нозукии кори милисаро фаҳмонд ва ҳоло ман ҳам, мисли дигар занони ин хонавода ва шояд ҳазорҳо занони милисаҳо, ба чунин ҳолат одат кардаам. Пеш фикр мекардам, ки шахсони ин сохтор то андозае бераҳм ҳастанд, аммо бовар кунед, чун милиса одами меҳрубону ҳалим ва самимӣ нест. Онҳо ба тақозои корашон чунин ба назар мерасанд, чун воқеан ҳам корашон хеле мушкил аст.
Дилбар Алиева: «Танҳо мо сангинии кори онҳоро дарк мекунем».
(ҳамсари Баҳром Солиев, ваколатдори сафарбаркунии РМАТ ММ ВКД):
– То вақти захм бардоштанаш он қадар хавотир набудам. Аммо пас аз он ки дар натиҷаи дастгир кардани як гурӯҳи муташаккили мусаллаҳ дар минтақаи Майхӯра ду бор захмӣ шуд, дигар қалбам ҳамеша дар ҳарос аст. Ҳамин шабу рӯз ҳам дар кадом як амалиёти махсус қарор дорад. Се рӯз мешавад ӯро надидаам. Чандин маротиба хоҳиш кардам, ки ба кори дигар гузарад, аммо розӣ нашуд, ман ҳам ба тақдирам тан додаму ҳоло ҳар иқдоме, ки пеш бигирад, дастгириаш мекунам. Танҳо мо, занону модарони милиса, медонем, ки имрӯзҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ чӣ мушкилотеро паси сар мекунанд. Баъзеҳо аз кори онҳо норозианд, аммо фикр намекунанд, ки милисаи тоҷик бо чӣ қадар мушкилот рӯ ба рӯст...
Таҳмина Ҳабибова: «Ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон аст».
(ҳамсари Сайфулло Ҳабибов, сардори шӯъбаи Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД):
– Ӯ субҳ аз хона баромада нисфи шаб бармегардад. Як ҷиноятро ошкор накарда, ҷинояти дигар содир мешавад, бинобар ин 24 соат таҳти фишор қарор дорад. 14 сол мешавад, к ибо ҳам зиндагӣ дорем ва тӯли ҳамин солҳо ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дорем. Вале аз нигароние, ки зарфи чанд моҳи охир дар натиҷаи фирори маҳбусони боздоштгоҳи КАМ бар сарамон омад, хеле азоб мекашем. Он замон чанд рӯз ба хона намеомад, баъзан танҳо барои ивази сару либоси тоза сари қадам медаромад. Яке аз фирориёни худаш ба танҳои дастгир кард. Маҳз пас аз шунидани ин ҳодиса маро эҳсоси тарс фаро гирифт, аммо новобаста аз ҳама мушкилҳо ифтихор мекунам, ки чунин шавҳари ҷасуру далер дорам. Имрӯзҳо кӯшиш мекунам мушкилашро дарк кунаму ҳамсари меҳрубон бошам.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА
Рӯзи милиса пеш аз ҳама ба ҳамсаронашон
ва аҳли ин пеша муборак!