Талоши ҳизби ҳукмрон дар замони шӯравӣ ҷиҳати пешво сохтан аз зани тоҷик натиҷае ба бор наовард, ҳарчанд чандин бонуҳои вакил ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ доштем. Барои ҳифзи шаън ва обрӯи бонуе, ки унвони қаҳрамони меҳнатро гирифта буд, як ноҳия заҳмат мекашид. Ёд дорам, вақти ҷамъ овардани ҳосили пилла мактаббачаҳои ноҳияро бо навбат, бо автобус ба деҳае мебурданд, ки бонуи қаҳрамон мезист. Бо дидани ин ҳама тақаллуб касе садо баланд намекард…
Замони истиқлол гурӯҳе аз бонувони тоҷик ваколати «мардумӣ»-и худро хомӯшона идома медиҳанду бахше ҳам солҳои аввал ба таври хеле фаъол ба созмон додани ташкилотҳои хусусӣ шурӯъ карданд. Мардум аз бонувакилон умед надорад, аммо интизор мерафт занҳои «соҳибташкилот» бо истифода аз манобеи мухталиф, аз ҷумла сармоя ва бурсҳои хориҷӣ ҷиҳати бедорӣ ва соҳибмаълумоту дар мароҳили баъдӣ пешво сохтан аз бонувони тоҷик саҳм хоҳанд гирифт. Мутаассифона, таҷриба тасбит кард, ки бо ҷамъ овардани каме сармоя аксари ин бонувон аз ҳадафҳои худ канор гирифтанд. Ва мушкил ба таври пешин боқӣ монд.
Таърих гувоҳ аст
Барои ҳаллу фасл кардани мушкил бояд қабл аз ҳама ба таърих ва сабабҳои аслии пайдо шудани он рӯ биоварем. То ҷойе маълум аст, то густариш ёфтани ислом миёни мардуми тоҷик бонувони пешво ва ҳатто сарлашкарон мавҷуд буданд. Масалан, Томирис аз қабилаи массагетҳо буд ва баъд аз он ки писараш аз ҷониби лашкариёни Курӯш кушта шуд, Курӯшро мағлуб карду сар бурид.
Аммо тӯли 14 қарни гузашта аз сарфарозии занони тоҷик кам намунае метавон пайдо намуд. Онҳо дар идораи мамолик ва гирифтани тасмимҳои давлатдорӣ нақши ҷиддӣ надоштанд. Ба андешаи таърихшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат дар давоми ин 14 аср танҳо метавон аз амали ду зан ёдовар шуд. Баъд аз фавти Султон Маҳмуд Ғурраи Хатлӣ тавонист дар сари қудрат омадани писари ӯ нақш бигирад. Дар соли 1916 бошад, Ходими Ҷамолак бахши хуҷандии шӯриши мардуми Осиёи Миёнаро алайҳи мустамликадорони рус роҳбарӣ кард. Аммо тазоҳургарон муваффақ нашуданд ва соли 1917 ин минтақа пурра таҳти тасарруфи русҳо қарор гирифт.
Суннатҳо ва хурофот
Мантиқан суоле пеш меояд, ки оё дини ислом ҳуқуқҳои занонро нақз мекунад ва ин дин садде барои пешрафти кори бонувон эҷод намудааст? Донишманди бузурги эронӣ Таботабоӣ дар ин маврид тадқиқоти мукаммале анҷом дода, китоби калонҳаҷме таҳти унвони «Зан ва ислом» таълиф кардааст. Хулосаи асар ҳамин аст, ки «Дар ислом зан ва мард ҳуқуқҳои баробар доранд ва аммо бо дарназардошти ҷинсият онҳо шабеҳи ҳам нестанд. Яъне дар анҷоми кор вобаста бо дарназардошти ҷинс корҳои сангин (аз назари вазн) бар дӯши мард вогузор мешаванд». Ба эътиқоди ман аз ҷиҳати доштани шанси шукуфтан бонувони тоҷик ҳам дар даврони исломӣ, ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлол мушкиле надоштанд, агар мушкиле буду ҳаст, пас он ба нигоҳи суннатии мардсолорӣ вобаста аст.
Агар як иллати чунин вазъи занон тарбия дар хонадон бошад. сабаби дигар суннатҳо ва хурофот аст. Мутаассифона, қисме дар хонавода, мактаб ва ниҳоят дар донишгоҳҳо ба духтарон ба чашми ҳақир нигоҳ мекунанду онҳоро ба қавле «як мушти пар» медонанд. Бо ин тарзи муносибат наметавон аз духтаре пешво тарбият кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки хислати пешвоӣ бояд дар хуни одам бошад. Агар дар тӯли 14 қарн мо ба бону мақоми дуввум додаем ва инро дар зеҳнаш ҷо кардаем, оё ин гуна зан метавонад духтаре бизояд, ки табиатан пешво бошад? Имрӯз кам нестанд теъдоди духтарон ва занҳое, ки таҳсили донишгоҳӣ гирифтаанд, аз масоили технологӣ иттилоъ доранд, аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дидан кардаанд ва чанд забони хориҷиро ҳам медонанд, аммо дар аксари онҳо хӯи пешвоӣ дида намешавад, зеро муҳит аз тифлӣ дар зеҳни онҳо итоаткорӣ тарбия намудааст. Дар ҳоле ки як бонуи эронӣ барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши ҳуқуқи инсон мешавад, зани тоҷик аз тариқи телефони мобилӣ аз шавҳараш «талоқ» мешаваду барои ҳимояи ҳуқуқи хеш овоз баланд намекунад.
Адабиёт ва зан
Аз қарни 8 ба баъд дар адабиёти классик ва муосири тоҷик занҳо дар баробари мардон шеър гуфтаанду достон сурудаанд. Мутаассифона, асарҳои бонувони эҷодкор дар тарбияи духтарон барои пешво шудан ва ҳаққи худро шинохтан саҳми боризе надоштаанд. Аксаран онҳо аз ранҷи даврон, аз мушкили зиндагӣ ва аз бемеҳрии мардону ишқи бадфарҷом гуфтаанд. Ҳатто адабиёти муосири тоҷик дар ин росто кори ҷиддӣ ва арзандаеро анҷом надод. Боз ҳам ҳамон мавзӯъҳо ё такрор шудаанд ва ё дар қолаби нав, вале дар баёни бадтар мушоҳида мегарданд.
Худшинос бошем
Аз тариқи расонаҳои хабарӣ иттилоъ расид, ки дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии модарон» таъсис шудааст. Ин ибтикор хеле муҳим аст, аммо мавриди таассуф хоҳад буд, агар боз ҳам ба ин марказ нафароне ҷалб шаванд, ки аз дид, назар ва услубҳои қадима истифода мекунанд. Бонуе, ки дар чунин муассиса фаъолият мекунад, бояд соҳибандеша, қолабшикан, таҳлилгар ва аз назари фарогирии улуми сиёсатшиносӣ ва равоншиносӣ мукаммал бошад, зеро барои пешрафт дар ин ришта мебояд натанҳо бо занҳо кор бурд. Тавре бояд кор бурд, ки марди тоҷик дар симои зан ҳамкор ва нафареро бубинад, ки имконоташ на камтар аз ӯст.
Эмомалӣ Сайидамирзод