Боре ҳамроҳ бо ҷамъи меҳмонон дар хонаи яке аз хешовандон будему баъди соатҳо сари суфраву сӯҳбати гарми хонаводагӣ нишастан, дар тараддуди хобидан шудем. Фардои он шаб ид буд. Вақте ба хонаи хоб мерафтам соат ба 12-и нимашаб наздик мешуд ва дар ҳамин асно чашмам ба як манзараи аҷибе бархӯрд, ки ҷовидона дар зеҳнам нақш баст. Кадбонуи хонаро медидам, ки дар миёни дарахтони ҳавлини хона зери деге оташ рӯшан мекард. Вақте пурсидам, ки шумо дар ин нимашаб чӣ кор мекунед? Бо ҷабини боз ва бо имону ихлосу шавқу шӯри нотакроре ба ман посух дод, ки: «акнун озуқпазиро барои дастархони ид шурӯъ мекунам».
Субҳи зуд дар ҳоле, ки ҳанӯз чашми рӯз нокафидаву мурғи саҳар фарёд нокашида буд деги шӯрбои ҳамон кадбону меҷӯшид. Аслан тасаввур карда наметавонам, ки ӯ кай хобиду кай бархост ва оё аслан хобид ё нахобид? Ва чӣ гуна рӯзи пуршулуғи идро бо чашми камхобу дидаи бедор ва бо асабу зеҳни хаставу кулуфта гузаронид. Аминам он чӣ ӯро дар ин кор ёрӣ намуд ин рӯҳияи нерӯманди идона ҳамроҳ бо шавқу умеди савобу аҷри охират ва гоҳҳо бими маломати мардум буд.
То баргаштан аз намози ид дар ду утоқ дастархонҳои сафеди бузурги идонаро афрошта дидам, ки бо ҳунари кадбонугии аҷибе нозу неъмат рӯяш барчида буд. Ҳама чиз сари ҷояш. Аз меваи хушку тар то анвоъу ақсоми салатҳо, қанду ҳалво ва нону кулчаҳо гузошта буд. Ҳатто фосилаи тарелкаҳо аз ҳамдигару мевадонҳо аз рӯйи ҳандасаи хоси суфраороӣ гузошта шуда буд. Сари дастархон нишаста будем, ки дар косаҳо шӯрбои бомаззаеро наздамон гузоштанд.
Рӯзи ид манзараи ягонае бар ҳар хонае ҳоким буд ва аз рӯйи суннатҳои оҳанинрешаи бобоӣ амал мекардем. Иддае тарҷеҳ медоданд, ки аввал ба хонаҳое ки мурдаи тоза доранд биравему дуову дуруд намоем, сипас ба хонаҳое, ки мурдаи нав надоранд. Хондани оятҳои Қуръон ва дуъо намудан дар ҳамаи ҷо, дар ҳамаи хонаҳо ва бар сари ҳама хонҳо яксон буду ҳатман иҷро мешуд.
Такрори ин тарзи идгузаронӣ тайи солҳо, водорам сохт дар ин бора биандешам ва аслан ин баҳсро матраҳ намоям, ки магар ин тарзи дурусти идгузаронист? Оё воқеан ҳам иди мусулмонӣ барои зану марди тоҷик яксон ид аст? Суннатҳои қадимаи мерос аз гузаштагон ҳоким бар идҳои исломии мо ҳастанд ва ё суннатҳои воқеии исломӣ?
Ба назар чунин менамояд, ки барои аксари бонувони тоҷик алалхусус дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон идҳои Рамазону Қурбон маъракаҳои калони пухту паз, рӯбу чин, меҳмоннавозиву меҳмонгуселонӣ, дар тараддуди хӯрокпазиву хӯроккашӣ соатҳо ва ҳатто чанд рӯзро дар назди дуду оташи деги ошхона гузаронидан аст. Баъди хатми ид дастархонғундориву то соатҳои дери шаб ҷову ҷогаҳ шӯйиву бо тану рӯҳи хаста хобидан аст. Ин нуктаро низ инсофан бояд ёдоварӣ намоям, ки бисёре аз занҳо ин ҳама ранҷу такаллуфро бо шавқу шӯр анҷом медиҳанд ва аз он лаззат мебаранд, вале боз ҳам ин тарзи дурусти идгузаронӣ нест.
Барои мардҳои тоҷик бошад ид ин маъракаи калони хӯру нӯш ва аз ин хона ба он хона ва аз ин суфра ба он суфра рафтану дуову дуруд хондан аст. Аз пурхӯриву гуногунхӯрӣ меъдадарду шикамдард шудан аст.
Умедворам, ки дуову дурудҳои рӯзҳои ид ба арвоҳи мурдагон савобу аҷре мерасонад ва онҳоро болидаву шод мекунад, вале ин ҳарфро барои зиндаҳои он хонаи мурдадор гуфта наметавонам. Чун бо ворид шудани мардҳо ба он хона ва дуову бахшидани савоби қироати оятҳо бо бурдани номи мурда захмҳои дили бозмондагони он мурдаро кушода қалбҳояшонро пурғаму дидаҳояшонро пурнам мекунад ва ин ҳама дар рӯзи ид ва бо номи ид. Шод намудани мурдаҳо ва ғамгин сохтани зиндаҳо.
Ин аст, ки идҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ рӯҳияи ғолиб дар он рӯҳияи шод нест, балки рӯҳияи ғаму андӯҳ аст. Ғаму андӯҳе, ки номашро ид гузоштаем. Магар бо ҳоким намудани ғаму андӯҳ ва ношодӣ метавон дар воқеъ эҳсоси идона дошт?
Магар инро ид гуфтан мумкин аст? Бо ҳамин саволҳои дар зеҳнам халқшуда ба суроқи суннатҳои ид ва рӯҳияи ид дар таълимоти динӣ ва суннатҳои исломӣ меравам ва дармеёбам, ки аз рӯйи таълимоти динӣ ҳам дар иди Рамазон ва ҳам дар иди Қурбон суннатҳои ид иборат аз инҳоянд: Барвақт аз хоб баланд шудан, Баданро поку тоза намудан (яъне гирифтани мӯҳои зери бағалу зери шикам ва нохунҳо), Баъди адои намози бомдод ғусл(оббозӣ) намудан, Дандонҳоро шустан, Пӯшидани либоси идона хоҳ либоси нав харидашуда бошад хоҳ либоси кӯҳна вале тозаву омода буданаш шарт аст, Хушбӯӣ задан (барои мардон), Субҳона хӯрдан пеш аз намози ид (дар иди Фитр) ва баъди намози ид (дар иди Курбон) ва агар қурбонӣ дошта бошад баъди қурбонӣ, Қабл аз намози ид закоти фитр додан (дар иди Рамазон), Барваққттар ба намозгоҳ рафтану адои намози ид намудан.
Бо тааммулу андешидан дар ин суннатҳои исломӣ (суннат ба маънои динияш аз суннат ба маънои традиция/tradition тафовут дорад) ба ин хулоса меоем, ки дар ягон суннати ислом наомадааст, ки ҳатман ба суроғи мурдаҳо биравед ва ё дарди мурдадоронро тоза кунед. Албатта. Дуову дуру два Қуръону сура хондан кори хубест ва аҷру савобе барои гузаштагон низ дорад, аммо рӯзи идро барои анҷоми ин корҳо наметавон урфу одат ва ё суннати динӣ номид.
Дигар ин ки чаро бояд занҳои тоҷик се рӯзи идро машғули пухту пазу рӯбу чин бошанду таъми идро мардҳои тоҷик бичашанд? Агар зану шавҳар дар рӯзи ид ҳамроҳ бо фарзандони худ ба боғе бираванду чанд лаҳзаи шоде бо фарзандони худ дошта бошанд ва ё дар ҳалқаи ҷамъе аз хешон дар суфрае барои чанд соат бе ташвишу рафту омадҳои дигарон бинишинанду зери навои оҳанге дилнавоз ҳол кунанд барояшон беҳтарин идгузаронӣ буда метавонад.Магар занҳо ҳақ надоранд, ки баробари мардон дар рӯзи ид суннатҳои динии идонаро бар ҷой биёранду ғусл бигиранду либоси идона бипӯшанд ва даму нафаси роҳате дошта бошанд?
Ин сатрҳоро менигораму ин оҳанги Сомӣ Юсуф сари забонам мечархад, ки:
«Let us rejoice indeed,
This is the day of eid
Биёед ҳақиқатан шодӣ кунем,
Ки ин рӯз аст, рӯзи ид».
Иди саиди Қурбон бар ҳамагон, қабл аз мардон бар занҳои тоҷик, муборак бод!
Саъдӣ ЮСУФӢ