Аксари бонувон дар интихоби либосу анвои зару зевар, мутобиќати ранг, љило ва тобишњои он завќу салиќаи хос доранду маълумоти кофиро фарогир. Аммо дар интихоби ороишоти заргарї ва услуби дурусти истифодабарии он аксар ба иштибоњ роњ медињанд.
Њар як зару зеварро интихоб ва истифодаи дуруст мебояд, то ба табъу завќи харидор мувофиќ ва њусни табиии ўро љилои тоза бахшад. Бањри он ки љавоњири писандида касро зеботару нуќсњои љузъияшро рўйпўш намояд, на танњо ба намои ороиш ва арзиши он, балки ба синну сол, шакли панљањои дасту ангуштон, дарозиву кўтоњии гардан ва тарњи рўй мебояд эътибор дод.
Њини харидани ангуштарї синну сол ва чигунагии панљањои дастро ба назар гирифтан муњим аст. Ба духтарон ва бонувони љавон бештар ангуштарињои нозуку нафис ва хурд бо тарњу ороиши замонавї мувофиќ аст. Чунин ангуштарињо бояд одї ороиш ёфта, зуд ба чашм нахўранд ва ба љавонї латофату назокати бештар зам намоянд.
Ба бонувони миёнсол ва солор ороишоти њаљман бузург ва боарзиш зебанда аст, ки назокати занонаро афзуда, аз завќи баланду зебоиписандї дарак меоранд.
Ба бонувони ангуштони дароз ва мавзундошта одатан ангуштарии калони нигинаш ќиматбањо ва ё ангуштарии бонаќшу нигори бе нигин мувофиќ аст. Ба ангуштони дароз ва мавзун бештар ангуштарии ќабати болояш рўи панља хобида мувофиќ буда, ангуштарии хурд баръакс, ќариб нонамоён мегардад.
Онњое, ки ангуштони кўтоњ доранд, бояд аз ангуштарињои пањну дароз бипарњезанд, ки ангуштонро ба назар боз њам кўтоњтар месозанд. Интихоби ангуштарии сатњи нигин ва ќуббааш баланду барљаста мувофиќтар аст, то андаке ангуштон мавзуну дарозтар ба назар расанд.
Барои панљањои фарбењ ангуштарињои секунља, чоркунља, бисёркунља ва кунљакдор зебандаанд, ки фарбењии ангуштонро аз назарњо пинњон медоранд. Агар буѓумњои панљањои даст барљаставу ноњамвор бошанд, ангуштарии пањн ва нигини калони гаронбањодошта мувофиќтар аст, ки диќќатро бештар ба ороиш љалб намуда, камбудиро рўйпўш менамояд. Ангуштарии хурду нигинаш назарногир баръакс, норасоии панља ва номавзунии ангуштонро намоёнтар мегардонад.
Ангуштарї ва дастпонањои борику нафис бо гўшворањои калонњаљм хеле нозеб хоњанд буд. Њамчунин, чанд ангуштарии сангњои гуногундошта дар як даст аз безавќии бону дарак медињанд, ба истиснои ороишоти бенигин.
Дар дастон чанд ангуштарї љой додан салоњ аст, лек шумораи санги ороишї дар як даст набояд аз якто зиёд бошад. Бењтар аст, ки дар даст аз ду адад ангуштарї зиёд набошад.
Баъзењо бар онанд, ки тиллои сафед бо њамгунаи зардаш номувофиќ аст. Баръакс, агар як ороиш аз ду филиз тањия гардад, хеле зебову дилкаш хоњад буд, ки аз ду ангуштарии филизњои гуногундошта бењтар аст.
Ангуштарињои заррину нуќрагиро њамроњ ба ангуштон кардан роиљ нест, агарчи ба дастњои гуногун гузаронда шаванд. Њамчунин, љавоњирот бо ороишоти сохта (бижутерияњо) зеб надоранд.
Бонувон, агар дар интихоби љавоњирот мушкилї кашанд, бењтар аст, ки ороишоти заррини бенигинро бипазиранд. Аммо, агар ба љавоњири нигиндор афзалият дињед, бењтар аст, ки санги он аз марворид ё алмос бошад.
Њангоми интихоби ороишот барои гардан ду омили асосї - синну сол ва сохти физиологии гарданро ба инобат гирифтан зарур аст.
Ба бонувони љавон, ки пўсти нозук доранд, занљирањои борику кўтоњи ба гардан зич ё гарданбанди муњрањояш хурд мувофиќтар аст. Ба бонувони солор занљира, овеза ва ё гарданбандњо бо дарозии 45 - 60 см зебандатар аст. Ќутри љавоњироти аз муњра сохташуда на камтар аз 7 мм бояд бошад. Дар ин њолат диќќат ба гарданбанд ва сангњои ороишии он равона мегардад.
Гардани кўтоњро занљира, муњра ва гарданбанде, ки њамагї 5 см аз буѓуми нињоии гардан поинтаранд, ба назар дарозтар нишон медињанд.
Мутахассисон тавсия медињанд, ки ороишоти заргариро аз маѓозањои махсус харида, ба нархњои арзон ва тахфиф дода нашаванд, зеро ќимати зар њељ гоњ коста нагардидаасту касе бар зарари хеш кор намебарад. Њамчунин, арзиши љавоњир бояд дар тамѓа дарљ гардида, мањак ва исми ширкати истењсолкарда низ возењу муайян бошад.
Ќисми болои мањсулоти заргарї бояд бидуни тарќиш ва ноњамворињо бошад. Балки њамвору суфта ва љилодору сангњои он ноаён ва мустањќам ба зар насб гардида бошанд.
Њангоми истифодаи ороишоти заргарї чиро донистан муњим аст?
1. Ба ангуштон набояд ангуштарињои зиёд гузаронда шаванд.
2. Ангуштарињои борику нафиси нигини алмосдоштаро ба ангушти хурдтарин љой дињанд.
3. Ду ороишоти якрангро ба ангуштони як даст намегузаронанд.
4. Ба ангушти ишоратї ангуштарињои калонњаљм ва ё ѓайриодиро бояд љой дињанд.
5. Ба даст, хусусан ба дасти рост, танњо як дастпона зебост.
Сўзани ќуббаро ба либоси якранг меовезанд. Он бояд 15 см аз китфон поён ва 7 см аз тугмањо болотар насб карда шавад.
6. Љавоњирот бояд дар њуќќаи дохилаш махмалї нигоњ дошта шаванд.
7. Ба маснуоти заргарї маводи кимиёвї, реактивњо ва хокањои љомашўї набояд расанд. Њамчунин, ба зевар нури офтоб, рутубати њаво ва маводи кимиёвии мављуда низ метавонанд таъсири ногувор расонанд.
8. Њангоми амалњои љисмонї, аз ќабили шуѓл ба варзиш ва иљрои корњои хона маснуоти заргариро як сў (дар равак) гузоштан зарур аст.
9. Њини истифодаи малњамњои косметикї ва равѓанњои ороишї маснуоти заргариро аз бадан дур кардан муњим аст. Моддањои дар таркиби онњо мављудбуда љилои зарро коста гардонда, ранги онро таѓйир медињанд.
Воќеан њам, њар як ашёи алоњидаи ороишї, аз љумла љавоњирот, метавонанд таљассумгари симои воќеии бону бошанд. Агар дар њама њолат меъёри овехтани онњо дуруст роњандозї шавад, њусну љамоли соњиби хешро афзуда, табиати зебоипарасти ўро таљассум менамояд. Риоя накардани ќоида ва меъёрњои дурусти истифодабарии ороишот ва маснуоти заргарї нуфузи касро дар чашми дигарон коњиш медињад.
СИМИН