Ба ҳар мушти хоку реге, ки бехтаанд, ту гуфти орзуву ормонҳои хешро омехтаанд, ки баъди андаке ин орзуҳои кӯчак аз хок сар кашидаву аз ин манзили назарногир ба шаҳри орзуҳо - Душанбе роҳ меёбанд ва бо шукуфтанҳою рангорангишон дили ҳазорон нафарро тасхир месозанд.
Оиша Солеҳова аз хурдӣ ҳамроҳи модар ба парвариш ва нигоҳубини гулҳо машғул буд. Ва баъди ба камол расидану оиладор шуданаш низ ин одатро тарк нагуфт. Дар гармхонаи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кор шурӯъ намуд ва то имрӯз аз пушти пеша нон мехӯрад ва аз шукуфтани кӯчаҳои пойтахт худ мешукуфад. Мисли Оиша занҳои зиёде дар гармхонаҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкор» барои чор ноҳияи пойтахт таъсис дода шудааст, ба парвариш ва нигоҳубини гулҳою ниҳолҳои ороишӣ машғуланд. Ҳар яке дар талоши зебоию шукуфоӣ ва гулборон намудани шаҳри Душанбе саҳме аз худ меафзояд. Инчунин, ҳар як ноҳия боз 3–4 гармхонаи гулпарварӣ дар назди коргоҳҳои худ доранд ва тухмиҳои гулҳои гуногуни хориҷиро аз ҳисоби буҷети корхона харида кишт мекунанд. Кормандони гармхонаҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахту Боғи миллӣ, аллакай шинондани гулҳои зимистонаро дар перомани кӯчаҳои шаҳри Душанбе шурӯъ намудаанд ва умед доранд, ки то фаро расидани фасли баҳор гулҳои шинондаашон нашъу намо кунанду шаҳри Душанберо зебу ранги дигар бахшанд. Сайрам Сафарова, агрономи гармхонаи гулпарварии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз заҳмати ҳаррӯзаи кормандонаш қисса мекунад:
-Мо аз моҳҳои октябр ва ноябр ба кишт намудани гулҳои зимистона, аз қабили мехчагул, питуния, виола, лола, маргарита оғоз намудем. Баъд аз коштан гулҳо пас аз ду ҳафта месабзанд. Барои пур намудани тубакчаҳо мо аввал хоку рег ва поруро мебезем, пасон гулҳоро дар онҳо мешинонем ва мунтазам об медиҳем. Мо то имрӯз 100 ҳазор бех қаламчаи садбарг ва 30 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондем.
Соли хотирмон барои ноҳияи Фирдавсӣ
Гулпарварони ноҳия соли 2017- ро соли бобарор медонанд, зеро дар ин сол ҳама гулҳои парваридаашон сабзиданду ба эшон унвони беҳтарин ноҳияи гулпарварро оварданд. Гулпарварон - Муътабар Заргарова ва Райҳонгул Сабзова аз вазъи ҳавои кишвар нигаронӣ намуда мегӯянд: «Имсол камбориш омад, замин то 10 см хушк аст ва маҷбурем, ки ба гулҳои шинондаамон дар ин фасли дай ҳам об диҳем». Бонувони коргоҳ дар баробари гулҳо, муддати 3 сол аст, ки ба парвариши арчаҳо низ машғуланд.
Намудҳои нави гул
Дар гармхонаҳои гулпарварии ноҳияи Шоҳмансур аксарият бонувонанд. Ва эшон тасмим гирифтаанд, ки имсол 15 намуди гулҳои навро парвариш намоянд. Ва ин таҷрибаи онҳо самар дод. Муовини сардори раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур оид ба кабудизоркунӣ Зафар Шамшодзода чунин иброз дошт: -Мо тухмиҳоро аз Россия, Эрон, Ҳолландия мегирем. Ниҳолҳои нав ва ҳамчунин 8 намуд гули садбарг ва ҳама намуди гули лоларо шинондем. Дар як рӯз шумораашон то ба 7 ҳазор бех мерасад.
Тухмии тозаро интизорем
Гулсун Табарова, бригадири гармхонаи гулпарварии ноҳияи Сино, зикр намуд: -Мо дар гармхонаамон 20–25 намуд гулҳои мавсимиро парвариш менамоем ва ба шинондани гулҳои зимистона шурӯъ намудаем. Мо чанд бор кӯшиш ба харҷ додем, ки аз баъзе тухмиҳои гулҳои аз хориҷа оварда тухмӣ гирем, вале шояд ба аломати сардӣ бошад, ки насабзиданд. Тухмиҳои гулҳои тоза ба тоза ва рангобарангро интизорем.
Заҳматашонро баъзеҳо қадр намекунанд
Гулпарварон бо таассуф иброз медоранд, ки баъзе меҳмонон ва сокинони пойтахт заҳматҳои тӯли 3–4 моҳ кашидаи эшонро дар як лаҳза барбод медиҳанд. Ин ҳолатҳо аксаран дар растаҳое, ки чорроҳаҳо воқеанд, рух медиҳанд. Ронандагони нақлиёти мусофирбар ҳар ҷо ки мусофирон хоҳанд, меистанд ва мусофирон гулҳоро зер карда, ба роҳи пиёдагард мебароянд.
Кӯчаҳое ҳам ҳастанд, ки дар онҳо гулпарварон 2–3 бор такроран гул шинондаанд. Аз ҷумла, дар кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Шестопалов, маҳаллаи 46-ум, хиёбонҳои Борбаду Саъдии Шерозӣ.
Гулпарварон хоҳиш доранд, ки ронандагони нақлиёти мусофирбар танҳо дар истгоҳҳо мошин нигоҳ доранд, зеро заҳматҳои эшон низ барои обод кардани як гӯшаи зебои диёр аст.
Бояд иқрор шуд, ки маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии ин бонувон Душанбе дар оғози фасли баҳор мисли маликаи Наврӯз зебову дилработар мешавад.
Фарзона ВОСЕЕВА