Рӯйро бояд бо малҳами ширӣ ва бо ёрии пахта тоза кунед. Баъдан, барои пӯст ниқоби махсус омода созед. Агар шумо пӯсти муқаррарӣ, хушк ва ҳассос дошта бошед, пас метавонед дар як ҳафта 2-3 маротиба ва агар равғанин бошад, 1 маротиба аз ниқоб истифода баред.
Дар шароити хона, тибқи қоида ниқоб тайёр мекунем:
Ниқоби аз сабзӣ омодашуда муқовимати пӯстро ба шароити номусоиди муҳити зист беҳтар мекунад, инчунин ранги рӯйро зебо намуда, чинҳоро бартараф месозад.
Усули дигари аз сабзӣ омода намудани ниқоб мавҷуд аст. Ду дона сабзиро аз турбтарош гузаронида, бо орди картошкагин ва як дона зардии тухм омехта мекунем. Маҳлули омодашударо ба рӯйи тозакардашуда мегузорем.
Ниқоб аз асал ва тухм
Ин ниқоб ҳангоми пӯстпартоии рӯй хеле мувофиқ аст. Он барои барқарор намудани пӯст кӯмак расонда, рӯйро пуртароват мегардонад.
Барои тайёр кардани ниқоб, 1 донаи сафедии тухм ва як қошуқча асал зарур аст. Сафедии тухмро то кафк бароварданаш хуб лат медиҳем ва ба маҳлули омодашуда асал илова мекунем. Баъди қабули ваннаи буғӣ, ба рӯй ниқобро кашида, 3-5 дақиқа нигоҳ медорем. Дар ин муддат зурур аст, ки рӯйро маҳс (массаж) кунед. Маҳскуниро то 2-3 дақиқа давом дода, сипас бо оби гарм рӯйро шуста, метавонед аз равғанҳои махсуси серғизо истифода баред.
Гулноз