Духтурони эпидимиолог ба ин назаранд,ки сифати маводи озуқа дараҷаи ба истеъмол мувофиқ будани маҳсулотро муайян намуда, бо нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешавад:
-- нишондиҳандаи арзишнокии маводи хӯрока – хосияти истеъмолӣ (намудҳои ғизо, ранг,буй, намуди зоҳир).
-- нишондиҳандаи биологӣ (таркиби кимёвии ғизо, ҷиҳати ҳазмшавӣ).
-- нишондиҳандаҳои аз ҷиҳати санитарию эпидемӣ, бенуқсон ва беиллати хӯрока;
Имрӯзҳо дар бозори дохилии кишвари мо маҳсулотҳои ғизоии ба талабот номувофиқ зиёд аст. Баъзе маҳсулоти ғизоие, ки дар кӯчаву назди бинои мактаб ва бозорчаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, хусусан барои кӯдакон ва наврасон хатари бештар доранд: Аз ҷумла, истеъмоли ролтони хушк, шоколадҳо, ва сақичҳои гуногун. Аз чунин бемасъулиятии ташкилотҳои дахлдор ба бозор низ молҳои сифаташон паст ворид мешаванд ва онҳо боиси зиёдшавии бемориҳои рӯдаю меъда, касалиҳои исҳоли хунин, домана, касалиҳои пӯст мегарданд. Бинобар он истеъмолкунандагони бозорро лозим меояд, ки барои дастрас намудани маҳсулоти сифаташон баланд ва безарар барои худ маълумоти кофӣ дошта бошанд. Қӯдакони синну соли мактабӣ хоидани сақичро хело дӯст медоранд. Агар баъзан онҳо аз дарди рӯдаю меъда ба волидайни худ шикоят кунанд, онҳо ошхонаи мактабро гунаҳгор мекунанд, ки хӯрокҳои бесифатро ба фарзандҳои онҳо медиҳанд, дар асл ин тавр нест. Онҳо худ намедонанд,ки мактаббачаҳо аз хоидани сақич ба ин дард гирифтор мешаванд.
Дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҳар мактаббача оид ба нишонаҳои рақамии маҳсулоти хӯрока маълумот доранд ва ҳангоми харидани маҳсулоти хӯрока ба нишонаҳои рақамӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд, яъне ишораи махсус оварда шудааст, ки аз 13- рақам иборат мебошад. Рақами аввал муайянкунандаи мамлакати истеҳсолкунанда, рақами дуюм рақами ширкати истеҳсолкунанда мебошад. Панҷ рақами дигар таркиби ингридиентҳо, рақами охирин сифати мол мебошад. Ин рақамҳо аз 0 то 9 мешаванд. Рақам агар калон бошад, сифати мол паст мешавад. мисол: «Роффаело» реклама карда мешавад, ки нишонаи рақамиаш 8000500023976 мебошад. Дар ин нишона 80 рақами мамлакати истеҳсолкунанда, 0050 таркиби ингридиентҳо ва дар охир рақами шаш, нишондиҳандаи сифати маҳсулотро ифода менамояд. Чи тавре, маълум шуд, рақами охир на 0, балки 6 аст. Ин худ нишон медиҳад,ки сифати маҳсулот паст аст.
Хӯрока дар он ҳолат солим ба ҳисоб меравад, ки аз ҳама намуд барангезандаҳои сирояткунанда ва заҳролудкунанда эмин бошад. Барои эмин нигоҳ доштани хӯрокворӣ пеш аз ҳама маълумоти хуб нисбати ин микробҳо доштан лозим аст. Маълумот ки пайдо шуд, шароит барои нигоҳ доштани хӯрока дуруст ба роҳ монда мешавад. Дар вақти тайёр намудани захираҳои хӯрока чӣ аз ҳисоби ғалладона, сабзавот, мевагӣ, буғигардонӣ, истеъмоли онҳо ва ғайра чораҳои пешгирикунанда андешида мешаванд.
Микробҳои дохилшуда ба хӯрокворӣ, дар натиҷаи афзоиш аз худ заҳри қотил бароварда, маводро заҳролуд месозанд, ки дар оянда ҳангоми истеъмолашон, ба нохушиҳо оварда мерасонад.
Сабаби асосии ҳамаи намудҳои заҳролудшавӣ, аз маводи хурокворӣ, ин беаҳамиятӣ нисбат ба захира кардани он, нигоҳдорӣ, тарзи тоза кардан ва риоя накардани технологияи тайёр кардани маҳсулот ва муҳлати истифодаашон мебошад.
Боз чанд бемориҳои сироятии дигар ба маводи ғизоӣ алоқамандӣ доранд. Аз он ҷумла, сил ва буғумдард. Ин бемориҳо дар натиҷаи истеъмоли маҳсулотҳои ширие, ки дар ҳарорати баланд пухта нашудаанд ё муҳлати пухтани онҳо риоя нашудааст, пайдо шуданашон мумкин аст.
Барангезандаи буғумдард дар шир баъди ҷӯшондан - дар муддати 45- дақиқа нест мешавад, барангезандаи сил бошад, дар натиҷаи пастеризатсия безарар мегардад.
Ин бемориҳо барои одамони солим бисёр хавфнок мебошанд. Хусусиятҳои сироятии ҳар ду касал гуногунанд, Мисол; Сил аз гов ба одам, баъд аз одам ба одам мегузарад. Буғумдард бошад, чунин хусусиятҳоро қариб надорад. Аз ҳайвони бемор ба одам мегузарад, аммо сироятёбии он аз шахси бемор ба нафари солим мушоҳида нашудааст. Аммо гуруҳе аз олимон дар назар доранд,ки ҳамчун бемориҳои сироятии хавфнок эҳтимолияти аз одам ба одам гузаштанро, бояд дошта бошанд.
Ҳикмати бузурге аз ниёгонамон боқӣ аст,ки «Тани солим аз ғизои солим аст». Агар таваҷҷуҳи мо, хурду бузург ба ин ҳикмат бештар мебуд, пас тану ҷонамон ҳам бедард мешуду аз хавфи ҳамагуна беморӣ дар амон мебудем.
Р.НАЗИР