Дар мавриди чаро қасами Гиппократ на Синову дигар олимони соҳа, андешаи ғолиб ин аст, ки аз аввалӣ дида донишманд ва асосгузори қадимтар дар илми тиб нест. Зеро Гиппократ – табиби машҳури Юнони қадим 450 сол қабл аз эраи мо ҳаёт ба сар бурда, бо афкори илмию рисолати дар ҷодаи тиб анҷом додааш исми худро ҳамчун асосгузори тибби башар боқӣ гузошт.
Табиби собиқадоре нақл кард, ки соли хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, маросими савгандёдкунӣ ва супурдни номаи камол ба табибони ҷавон бошукуҳи хоса доир мегардид. – Он солҳо маросими савгандёдкунии хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тибии ба номи Абуалӣ Ибни Сино дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешуд. Ба минбар гирандагони дипломи сурх баромада, матни савганди Гиппократро қироат мекарданду вақти ибрози вожаи савганд дигар хатмкунандагон, ки дар толор ҳузур доштанд, ба онҳо ҳамовоз мешуданд. Як омили таъсиррасонӣ ба ҳисси масъулиятшиносии табибони ҷавон ҳамин гуна маросимҳо буд.
Зуҳурбек духтури собиқадор иброз медорад, ки дар баробари садоқат ба савганди Гиппократ насли он давра тарбия ва хулқу атвори дигар доштанд. Вагарна, агар инсон дасту дили пок надошта бошад, бо савганд ёд кардан, ба роҳи росту накӯкорӣ ҳидоят намешавад.
- Рӯзи савгандёдкунӣ шахсан як эҳсоси аҷибе фароям гирифт ва ба андеша фурӯ рафтам, ки агар ба савганди Гипократ содиқ монда натавонам, назди виҷдон ва Худованд шарманда мешавам, - нақл мекунад Зуҳурбек. - Аз эҳсосу ҳаяҷони масъулиятшиносие, ки маро фаро гирифта буд, лаҳзаи савгандёдкунӣ бо ҳамдарсонам ҳамовоз шуда натавонистам. Яъне агар гӯям, ки савганд нахӯрдаам, хато намекунам. Аммо тӯли беш аз 40 соли фаъолияти тиббӣ кӯшиш мекардам ба мардум содиқона хизмат намоям. Ҳоло бо боварӣ гуфта метавонам, ки ба касбу корам хиёнат накардаам ва савганди тиббиро нахонда бошам ҳам, онро содиқона риоя мекардам.
Табиби ҷавоне, ки худро Аҳмадҷон муаррифӣ намуд, иброз медорад, ки солҳои 2000 –ум вақти хатми Донишгоҳи тиббӣ маросими савгандёдкунии онҳо дар сатҳи лозима баргузор нагашт ва барои онҳо таъсирбахш набуд.
– Бояд матни савганди табиби тоҷик дар даромадгоҳи колледжу донишкадаҳои тиббӣ ва тамоми муассисаҳои тандурустӣ овезон карда шавад, то он ҳама рӯш дар пеши чашми нафароне, ки ин роҳи муқаддасро интихоб кардаанд, намоён бошад.
Мусоҳиби дигари мо, ки аз ифшои номаш худдорӣ дошт, ба тозагӣ донишгоҳи тиббиро хатм намуда, ҳамакнун ба фаъолияти касбӣ шуруъ мекунад. Дар мавриди савганди тиббӣ ва садоқат ба касби худ мегӯяд: «Шояд аз панҷоҳ ба як нафар ҷавони орзуи духтур шуданро дошта, муяссар мегардад, ки ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Аз ин рӯ ҳар нафаре, ки сазовори номи пурифтихори табиб мешавад, бояд касбашро дӯст дошта, бо дасту дили пок кор кунад». Маросими номаи камол гирифтани мо бошукӯҳу мутантан нагузашта буд. Мо хатмкунандагон дар толори донишгоҳ ҷамъ шуда, зимни тақдими дипломҳо як ҳамдарси аълохонамон матни савганди табиби тоҷикро қироат намуд. Аммо он тавре интизор доштем, ки ҳар нафар хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ мустақиман савганд ёд кунад, нашуд. Яъне он ҷамъомади хатмкунандагон ба маросими дипломсупорӣ шабоҳат дошт, магар ин ки савгандёдкунӣ.
Фикр мекунам барои табиб инсони комил будан ва меҳру садоқат ба касбу кораш дар мадди аввал меистад. Зеро ваъдаи аҳду паймоне, ки дар баъзе бандҳои матни савганди табиби тоҷик дарҷ гардидааст, худ рисолату масъулияти инсонии ҳар духтур аст.
Умуман, беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сазовори боварии халқ шудан, танҳо ба чӣ гуна савганди касбӣ ёд кардани табибон иртибот надорад. Болравии нарху навои доруворӣ, рушди табобати пулакӣ, зиёд шудани таърифу тавсифи бепоя дар рекламаи маҳсулоти тиббӣ, беаҳамиятии масъулон нисбат ба фаъолиятӣ доруфурӯшоне, ки маълумоти касбӣ надоранд ва дигар омилҳои мавҷуда аз масоили баҳсталаби соҳаи тандурустӣ мебошад, ки боварии мардумро ба шаффофияти кори табибон коҳиш дода истодааст.
Ҳоло, ки дар арафаи рӯзи кормандони соҳаи тиб қарор дорем, табибони тоҷикро ба иди касбиашон таҳният гуфта, барояшон бурдборию муваффақиятҳо таманно менамоем. Орзуи онро дорем, ки мушкилоти соҳаи тандурустӣ ҳалли худро пайдо намуда, табибони тоҷик бо донишу маҳорати касбӣ ва кашфиётҳои илмиашон амсоли Синову Луқмони Ҳаким, Беруниву Закариёи Розӣ ва дигар табибони оламшумул дар рушди тибби ҷаҳон нақши худро мегузоранд.
Ҷамолиддин Сайфиддин