Тибқи иттилои Илёсиддин Саидов, сардухтури Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Халон, дар ҳудуди вилоят 24 ҳазору 182 нафар беморони ҷоғар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 4 ҳазору 904 нафари онҳо наврасони то 14 сола, 4 ҳазору 571 нафар то синни 18 сола ва боқӣ, гирифторони ҷоғар, аз 18 сола боло мебошанд.
Ба гуфти мавсуф аз оғози соли ҷорӣ дар натиҷаи аз ташхиси тиббӣ гузаронидани 26 ҳазору 540 нафар сокинони вилоят 640 нафар гирифторони ҷоғар бори нахуст сабти ном шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Зокирҷон Холов, духтури Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон, иброз медорад, ки набояд аз зиёд шудани омори гирифторони ҷоғар изҳори нигаронӣ кард. Зеро афзоиши расмии гирифторони ҷоғар аз ҳисоби хуб ба роҳ мондани корҳои ташхисӣ мебошад. - Аксари бемороне, ки бори аввал ба қайд гирифта мешаванд, дар асл солиёни дароз аз ин беморӣ азият мекашанд, аммо бо сабабҳои гуногун ба духтур муроҷиат накардаанд. Мо кӯшиш дорем, ки солҳои наздик ташхиси тиббии кулли сокинони вилоятро ба роҳ монда, шумораи аслии гирифторони ҷоғарро дар вилоят муайян намоем, - мегӯяд Зокирҷон Холов.
Мутахассисони Маркази беморихои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон иброз медоранд, ки сабаби пайдоиши бемории ҷоғар норасоии йод дар бадани инсон мебошад, ки он боиси варамидани ғадуди сипаршакли гулӯ гардида, ба дигар узвҳои инсон таъсири манфӣ мерасонад.
- Аслан таркиби хоки заминҳои вилояти Хатлон ва умуман, Тоҷикистон камйод буда, аз ин сабаб таркиби меваю сабзавот ва дигар маҳсулотҳои кишоварзии мо ба миқдори зарурӣ ин элементи барои солимии инсон заруриро надоранд. Дар кишварҳое, ки норасоии йод мушоҳида мегардад, таъминоти аҳолӣ таввасути йодноккунии маҳсулотҳоии ғизоии равған, орд, намаки истеъмолӣ, оби нӯшокӣ ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад. Масъалаи пешгирии бемории ҷоғар дар Тоҷикистон тавассути йодноккунии намаки истеъмолӣ ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ матраҳ шуда буд. Таҷрибаи чандсола собит сохт, ки маҳз тариқи йодноккунии намаки истеъмолӣ метавон мушкили сартосарии кишварро ҳаллу фасл намуд. Зеро намак ягона маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ аст, ки бе воридоти он аз хориҷи кишвар ҳам метавон аҳолии кишварро таъмин кард.
Барои пешгирӣ аз афзоиши бемории ҷоғар соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирӣ аз афзоиши сатҳи бемории ҷоғар» -ро ба тасвиб расонида, дар ин замина қарору фармонҳои дахлдор бароварда буд. Аммо, дар он солҳо шароити кор ва имкониятҳо барои пешгирӣ аз фурӯши намаки бейод мураккаб буд. Аз ин рӯ, барномаҳои дар ин самт қабул гардида, дар сатҳи лозима иҷро намешуданд.
Ҳоло бошад, барои пешгирӣ аз фурӯши намаки бейод бояд Стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ, «Тоҷикстандарт» ва дигар ниҳодҳои назоратӣ дар ҳамбастагӣ кор кунанд. Вазифаи табибон ба табобат фаро гирифтани беморон аст, - мегӯянд духтурони Маркази бемориҳои ғадудҳои даруна. – Барои табобати бемории ҷоғар ба дармонгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа аз шаҳру навоҳии атрофи маркази вилоят Хуросон, Сарбанд, Бохтар, Ҷилликӯл, Вахш, Ҷ. Румӣ, Ёвон низ муроҷиат мекунанд.
Дар ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон як нафар ихтисосманди бемориҳои ғадудҳои даруна фаъолият дорад. Абдуғанӣ Тағоев, духтури ғадудҳои дарунаи дармонгоҳи марказии ноҳияи Қубодиён, иброз медорад, ки аз оғози сол 323 нафар сокинони гирифтори бемории ҷоғар ба қайд гирифта шудааст. Барои пешгирӣ аз фурӯши намаки камйод фурӯшандаҳо бо индикатор таъмин карда шудаанд, то дар вақти харидани намак меъёри йоднокии онро муайян намуда, баъд онро харидорӣ намоянд.
Аз суҳбат бо сокинони ноҳияи Қубодиён маълумамон шуд, ки дар бораи бемории ҷоғар ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумот надоранд. – Аз мавҷуд будани ин беморӣ огоҳӣ дорам, аммо сабабҳои ба он гирифтор шудани одамонро намедонам, - мегӯяд Абдулло Қудратов сокини ноҳия. - Чанде пеш хоҳарамро, ки аз диққи нафас ва дарди сар шикоят мекард, ба дармонгоҳ бурда фаҳмидем, ки гирифтори бемории ҷоғар будааст. Духтур маслиҳат дод, ки дар вақти хариди намаки истеъмолӣ бодиққат буда, намаки бейодро харидорӣ накунем, аммо мардуми оддӣ имкони муайян кардани сифатнокии маҳсулотро надорад.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Стансияи санитарӣ эпидемиологии ноҳияи Қубодиён бо боварӣ изҳор медоранд, ки ба ҳудуди ноҳия намаки бейод ё камйодкардашуда ворид намешавад, зеро назорат аз рӯи нуқтаҳои фурӯшӣ ин маҳсулоти муҳим барои аҳолӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Хулоса, ҷоғар аз қадимтарин бемориҳое мебошад, ки роҳи ягонаи пешгирии он дар Тоҷикистон йодноккунии намак аст. Аз ин рӯ, дар сурати ба бозор роҳ ёфтани намаки бейод ё камйод шумораи гирифторони ин намуд бемориро меафзояд. Чуноне солҳои 1900 дар Осиёи Миёна бемории ҷоғар хуруҷ намуда буд ва нишонаҳои он то ҳозир дар бадани пиронсолоне, ки он замон кӯдак буданд, дидан мумкин аст. Хатари бемории ҷоғар натанҳо ба гирифтори ин беморӣ, балки ба наслҳои ояндаи ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ