Баъди бозгашт аз истироҳат ҳолатҳои бемор шудани кӯдакон ва ҳатто калонсолон ба мушоҳида мерасад. Одамони огаҳ зуд пай мебаранд, ки сабаб чист, яъне фароғати аз меъёр зиёд ва ба хусус, гаштугузори зиёд зери нурҳои офтоби гарми тобистон ин ҳолатро ба миён овардааст. Мутобиқи пажӯҳиши мутахассисон офтоб дар вақти муайян аз худ нурҳои ултрабунафшӣ хориҷ мекунад, ки ба саломатии одамон хатар дорад. Ин паҳлӯи масъаларо на ҳама медонанд ва як омили соатҳо зери офтоби гарм фароғат ва ё кор кардану оқибат бемор шудан, таъсири ана ҳамин нурҳои зарарноки офтоб аст.
Мутахассисон чӣ мегӯянд?
Дар ин маврид духтури бемориҳои дили Дармонгоҳи марказии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои тиб Шедфар Самадов чунин мегӯяд:
-Қоидаҳое ҳастанд, ки одамон бояд донанд ва риоя намоянд. Офтоб, ба хусус дар фасли тобистон аз соати 11 то 15 аз худ нурҳои ултрабунафшие хориҷ мекунад, ки ба саломатии инсон зарар мерасонанд. Одамоне, ки дар ин муҳлат зери офтоб кор мекунанд ва ё истироҳат менамоянд, ба истилоҳ офтоб мехӯранду гумон доранд бадани худро обутоб медода бошанд, сахт иштибоҳ мекунанд ва ба саломатиашон хатар меоранд. Маҳз дар ин фосилаи вақт аксари одамон дар соҳили дарёчаҳо ва ё ҳавзу кӯлҳо ба истироҳату оббозӣ машғул мешаванд, бехабар аз он ки нурҳои офтоб ба саломатиашон зарар мерасонад.Истисно он ҳолат аст, агар онҳо баъди оббозӣ дар соя фароғат кунанд ва аз малҳамҳои махсуси ҳимоякунандаи нурҳои офтоб истифода баранд. Аммо аксари кӯдакону наврасон маҳз дар ин фосила ба оббозӣ машғул мешаванд ва онҳо аз чунин малҳамҳо истифода намебаранд. Дар натиҷа пӯсти баданашон сурхча мешавад, яъне месӯзад ва сархчархзанию дарди сар ва баъзан дилбеҳузурӣ пайдо мешавад, ки ин аз таъсири нурҳои ултрабунафшии офтоб аст. Дар чунин ҳолатҳо падару модарон ва ё муррабиён дар лагерҳои истироҳатии кӯдакон реҷаи зарурии истироҳату фароғати кӯдакону наврасонро бояд донанд ва риоя намоянд.
Реҷаи истироҳат бояд риоя шавад
Ба андешаи духтури дигари бемориҳои қалб Шамсиддин Ҷӯраев таъсири нурҳои зараноки офтоб метавонад кори дилро номунтазам созад ва ба майнаи сар таъсири бад расонад. Мавсуф интихоб пӯшидани либосҳоро дар ин фасл омили муҳим медонад. Либосҳои танг, синтетикӣ ва пойафзоли нобоб ҳам метавонанд дар ҳамҷоягӣ бо нурҳои офтоб хатари зараррасониро ба организм дучанд созанд.
Паҳлӯи дигари масъала истеъмоли нӯшокиҳои ташнашикан дар ин фасл мебошад. Мутобиқи мушоҳидаю санҷишҳо ҳангоми сайругашт зери офтоб ва ё фароғат намудан, талаботи организми инсон ба об бештар мегардад. Дар организми инсон бештар об мақоми вижа дорад ва барои фаъолияти муназзами узвҳо нақши муҳим ҳам мебозад. Ҳангоми кам шудаги миқдори об ташнагӣ, беҳолшавӣ ва сархчархзанӣ рух медиҳанд ва агар саривақт талаботи организм бо об таъмин нагардад, кас ба беморӣ гирифтор шуданаш мумкин аст. Баъди зери офтоб кор карда хаста шудан ва ташна мондан, нӯшидани оби сард ҳам хатари гирифтор шудани рӯдаю медаро ба бемориҳои гуногун зиёд мекунад. Аз ин нигоҳ, дар тибби мардумӣ ҳангоми гармо ва ташна мондан чойи гарм тавсия дода мешавад, ки ин усул миёни мардуми кӯҳансоли мо хеле маъмул ҳам ҳаст, яъне эшон аз ин нозукиҳо бархурдор будаанд ва онро риоя мекунанд.
Чанд маслиҳати муфид
Табибони касбӣ Шедфар Самадов ва Шамсиддин Ҷӯраев маслиҳат ва дастур медиҳанд, ки барои одамони калонсол, занони гирифтори фарбеҳӣ, ҳомиладор ва ё гирифтори бемориҳои қалбу фишорбаландӣ риояи реҷаи сайру саёҳат, зери офтоб фароғат кардан, истеъмоли ғизо ва обҳои ташнашикан хеле муҳим аст. Ғизои бисёр хӯрдан ё аз меъёр зиёд истеъмол намудани обҳои ташнашикан ҳам ҳангоми фароғат зери нурҳои офтоб хуб нест. Ҳамааш бояд аз рӯйи меъёре бошад, ки барои ҳаракат кардан, оббозӣ намудан,озод нафас гирифтан ва фаъолияти бонизоми узвҳо мамоният ва душворӣ пеш наоранд. Дар мавриди аз ҷониби занону духтарон истифода бурдани малҳамҳои зидди нурҳои офтобӣ ҳам бояд ҳушёр бошанд, зеро на ҳамаи чунин малҳамҳо (кремҳо) ба хусусиятҳои пӯст ва организми бонувон мутобиқ ҳастанд ва ба манфиат буда метавонанд. Малҳамҳои бесифату худсохт ва қалбакӣ ба пӯсту организми инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Дар ҳолати аз чунин мавод истифода бурдан он зери нурҳои ултрабунафши офтоб метавонад на ба ҳифзкунанда, балки ба хатаре табдил ёбад, ки оқибатҳояш ногувор аст. Пӯсти бадан осеб мебинад ва малҳам ҷабида мешаваду ба узвҳои дохилӣ ҳам метавонад таъсири бади худро расонад. Заноне, к и бо фарзандони хурдсолу ноболиғи худ дар фароғатгоҳҳо ва ё соҳили дарёчаю қӯлҳо истироҳат мекунанд, ҳатман бояд вақту соати зери офтоб ба бозӣ , ба хусус ба оббозӣ машғул шудани қӯдаконашонро назорат кунанд ва нагузоранд, ки онҳо аз меъёр зиёд зери нурҳои офтоб бошанд. Ҳамзамон истеъмоли обҳои ташнашиканро ҳам назорат баранд, зеро аксари кӯдакону наврасон нӯшидани оби дарёчаҳоро дӯст медоранд ва ин ҳолат низ метавонад ба саломатиашон зарар расонад. Тозагию бехатарии обҳои наҳру дарёчаҳоро имрӯз касе кафолат дода наметавонад. Аз ин ниго ҳ, ҳар мавриде, ки мехоҳед зери офтоб кор кунед ва ё истироҳат, ҳатман ба қавоиди зарурӣ риоя намоед ва аз маслиҳату дастури мутахассион истифода баред. Бароятон истироҳати хушу бофароғат ва табъи болида таманно дорем.
Р.Камол