Азбаски Тоҷикистон кишвари дунёвию демократӣ аст, дар ин росто яке аз фаъолон маҳсуб мегардад. Илова бар ин, Тоҷикистон дар ҳамсоягии яке аз кишварҳое қарор дорад, ки дар дунё миёни истеҳсолкунандагони маводи мухаддир дар ҷойи аввал аст ва марзи миёни ҷумҳурии мо бо Афғонистон хеле тӯлонӣ мебошад.
Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимии Тоҷикистон, ба хусус Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ бо дастгирии хукумати шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Фонди глобалӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Сино ва созмонҳои ҷамъиятӣ шоми 26 –уми июн дар назди бинои Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоише сурат гирифт, ки дар кори он муовинони вазири тандурустӣ Насим Олимов ва Наврӯз Ҷаъфаров, созмонҳои ҷамъиятӣ ва хориҷӣ, идораву муассисаҳои давлатӣ, намояндагони васоити ахбор, донишҷӯён ва сокинони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Дар оғози ҳамоиш Хушвақт Ҳасанов, директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар мавриди роҳҳои пешгирии густариши маводи мухаддир, вазъи нашъамандӣ ва барномаҳои давлатӣ оид ба ҷилавгирии маводи нашъаовар ба ҳозирин ва меҳмонони шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Ӯ ёдовар гардид, ки тайи чанд соли охир дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамиятию байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза алайҳи ин падидаи манфӣ ва «вабои аср» ин ниҳод ба комёбиҳои чашмрас ноил гардидааст ва теъдоди нашъамандон дар ҷумҳурӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад.
Гурӯҳи ҳунарии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳти унвони «Шифо» дар пурмазмуну ҷолиб гардидани ин аксия саҳми арзанда гузошт. Донишҷӯён бо суруду мусиқии дилкаш меҳмонони пойтахт ва ширкаткунандагони ин ҳамоишро дастгирӣ намуданд. Ҷойи тазаккур аст, ки дастаи ҳунарии «Шифо» ба самъи бинандагон саҳначаи ҳунариеро пешниҳод кард, ки он масоили печида ва мубрами нашъамандӣ ва оқибатҳои сангини онро мунъакис месохт. Бинандагон аз он пазироӣ намуда, ҳунари донишҷӯёнро бо кафкӯбиҳо қадр карданд.
Дар ҷараёни ин ҳамоиш ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ду викторина пешниҳод гардид. Викторинаи аввал ба наврасон ва хонандагони мактаҳои таҳсилои умумӣ нигаронида шуда буд ва он дар шароити хеле озоду мудерн сурат гирифт. Бо садо додани суол наврасон даст боло карда, ба саҳна меомаданд. Баъд аз шунидани посух ҳайати доварон – Мирзошариф Одинаев, муовини директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ ва Зебо Қодирова, корманди ин ниҳод, онро мепазируфтанд ё шакли пурраашро аз тамошобинон дархост мекарданд.
Дар қисмати дуюми викторина тамоми меҳмонон ва сокинони пойтахт ширкат варзиданд. Азбаски суолҳо ба масъалаҳои хеле муҳими рӯз, яъне нашъамандӣ ва оқибатҳои он вобаста буданд, ширкаткунандагони аксия дар посух гуфтан, хеле фаъолона ширкат намуданд.
Хушвахт Ҳасанов, директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар фарҷоми нишаст ба ғолибони викторина туҳфаю ҷоизаҳо супурда, қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳама сола дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон созмон меёбанд ва теъдоди ширкаткунандагон меафзояд.
«Зиёд шудани теъдоди ширкаткунандагон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи мо ба хубӣ дарк намудааст, ки вазорату идораҳои давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ танҳо дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд алайҳи нашъамандӣ ва густариши маводи мухаддир мубориза баранд ва дар якҷоягӣ ба натиҷаҳои мусбат даст ёбанд. Биёед, даст ба дасти ҳам диҳем», – гуфт муовини Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ Маҳмасаид Муҳаббатов.
Эмомалӣ Сайидамирзод