Падар бо меҳрубонӣ гоҳ оби даҳони як духтарашро пок мекарду гоҳи дигар сари дигареро сила ва ба саволҳояшон ҷавоб медод. Дар дилам ба мард офарин мегуфтаму дилам ба ҳоли зори кӯдакон месӯхт. Духтур ҳар як беморро панҷ-даҳ дақиқа муоина мекарду ҳамин вақт яке аз кӯдакони мард хоҳиши берун рафтан кард. Падар мехост ҳар дуяшонро берун барорад, вале ман хоҳиш кардам, ки якеашон бо ман монад. Мард ба ман ташаккур гуфта духтари лоғарандоми зардинаашро, ки чашмонаш беист меҷунбиданд бо ман гузошта дигарашро берун баровард. Пас аз бозгаштан мард оҳи вазнине кашида гуфт:- Ана, 20-сол боз авҳоламон ҳамин хоҳар, чор фарзанд дорам, ҳамаашон маъюбанд. Писарам бист сол дораду бистарист, на мебинад, на гап мезанад, на роҳ меравад. Духтари шонздаҳсолаам нуқсони модарзодии чашм дорад, вале шукри Худо ақлаш расо аст. Ин ду нафараш ба ин ҳол… Табибон сабаби бемор ба дунё омадани фарзандонатонро чӣ ташхис кардаанд?- пурсидам аз мард. Никоҳи хешутаборӣ. Ҳамсарам духтари амакам мешавад, падарам ба хотири бегона нашудани духтари бародари ҷавонмаргаш ӯро ба ман, писари ягонааш келин карду ҳардуи моро бадбахт намуд.
-Баъди ташхиси духтурон ҳам ҷудо нашудед,охир дидаю дониста ба дунё овардани тифлони маъюб гуноҳи азим аст?-гуфтам ба ҳамсӯҳбатам. Ӯ дар посух бо чашмони ашкбор иброз дошт:- Падари мӯйсафедам, шарт гузоштанд, ки гар духтари бародарамро бадбахт мекунӣ, оқат мекунам! Дидани гиряи як марди чорпаҳлӯи дорои маълумоти олию хеле хушсухан маро ба риққат овард ва ғайри гуфтани як ду ибораи маъмулии тассалиомез, чизи дигаре ба забонам наомад…
Оқибатҳои ҳузнангез
Илми тиб кайҳо исбот кардааст, ки никоҳи байни хешони наздик дар аксари ҳолатҳо оқибати бад ба бор меорад. Вале имрӯз низ байни мардуми мо ин ақида роиҷ аст, ки бояд келину домодро аз хешу табор ё ҳадди аққал, маҳалли худат интихоб намоӣ. Ҳодисаи дар боло нақл намудаам, аз сад яктои он бефаҳмиҳоест, ки мо дар ҳаёти рӯзмарра мебинем. Мардуми мо ба он оилае, ки он ҷо байни аъзоёнаш якдигарфаҳмӣ вуҷуд дораду хурдон аз гапи калонсолони авлод намебароянд, эҳтиромро қоиланд. Мутаассифона, баъзан маҳз ҷаҳолати волидайн боиси бадбахтии фарзандон ва ба дунё омадани тифлони маъюб мегардад. Ман шахсан оилаи ҷавонеро мешиносам, ки онҳо фарзандони апаю хоҳар, ба қавли маъмул, холабача ҳастанд. Ҷавонмарди зебои хушқомат аз ҳамхонагӣ бо духтари холааш соҳиби се тифли девонавзоъ аст, вале ҳамсараш аз фарти ҷаҳолату нофаҳмӣ боз таваллуд кардан мехоҳад. Чунки модараш ба ӯ насиҳат карда будааст, ки таваллуд кардан гир, наход яктояш солим ба дунё наояд?! Зану шавҳар хеле ҷавонанд, шавҳар 30 ва зан 28-сол доранд, аммо ояндаи тифлакони маъюбашонро фикр намекунанд. Санавишти ҳар як инсон дар дасти Худованди карим аст ва кӣ кафолат дода метавонад, ки падару модар то охирин рӯзи ҳаёт дар бари фарзандони маъюби хеш ҳастанд? Худо накунаду ба онҳо ходисае руй дихад, тақдири тифлакони маъсум чӣ мешавад? Барои ҳамин ҳам пеш аз дунё овардани тифл андеша бояд намуд, ки ҳамчун волидайн барои ӯ чӣ метавон кард?
Асоси зиндагӣ ишқ аст
Издивоҷро савдои умр мегӯянд ва барои мустаҳкамии риштаҳои ин пайванди муқаддас пеш аз бастани он андеша бояд кард, саросемагӣ инсонро ба кӯи саргардонию парешонӣ мебарад. Даврони пеш одамони аз фарҳангу маърифати хонадорӣ огаҳ ба издивоҷи фарзандони хеш бо он шахсе розӣ мешуданд, ки аз оилаҳои бафарҳангу бамаданият буда, волидайнашон аз оини оиладорӣ огаҳ бошанд. Барои ба дунё овардани насли солим падару модари солим лозим аст, ба қавли табибон, ақлу заковат ва саломатии модар дар ин росто нақши бориз дорад. Зеро модар шабеҳи замин аст ва танҳо аз замини ҳосилхезу тавоно метавон ҳосили хуб рӯёнд. Имрӯз дар аксар ҳолатҳо ҷавонон бо ҳамдигар шинос шуда, якдигарро омӯхта баъд хонадор мешаванд, ки хеле хуб аст, чунки асоси зиндагии ширини оилавӣ низ маҳз муҳаббати тарафайн аст. Албата, дар хонадоршавӣ пазируфтани таклифи падару модар дар ҷойи аввал меистад, зеро онҳо солҳо зиндагӣ карда таҷриба омӯхтаанд. Аммо дар холатҳои бисёр ҷиддӣ, ки ояндаи ҷавононро дар зери суол қарор медиҳад, масалан, ба монанди никоҳҳои маҷбурии хешутаборӣ ,мубориз бояд буд. Бо оромӣ ба волидайн оқибати ин хешии дукарата ва зарарҳои онро фаҳмондан лозим аст. Мардуми мо аксари бадбахтиҳои ба сарашон омадаро кори тақдиру насиб дониста, даст бар домани қисмат ҳайратзадаю маҳзун зиндагӣ карда мегарданд. Худованд ба инсон ақли созанда додааст ва ҳар нафар метавонад хушбахтии худро бо дастони худ бисозад. Ҳозир илми тибби муосир он қадар пеш рафтааст, ки ворисони Сино вазъи саломатӣ ва ҷинси кӯдакро дар батни модар пешгуӣ мекунанд. Наход дар ҳамин даврон насиб будааст гуфта дидаю дониста тифлакони маъюбро ба дунё оварда, ҳам онҳо ва ҳам худатонро дар азоб монед?
Пардаи тираи ҷаҳолат
Имрӯз ҷавонони мо гоҳ-гоҳ овоз баланд карда мехоҳанд, ки дар оиладорӣ ба аврупоиён баробар бошанд. Яке мехоҳад, ки аҳдномаи никоҳ баста шаваду дигаре мехоҳад маҳри арӯс дар бонк ба номаш гузарад, ҳама ғами манфиати моддиро хӯрда аз маънавиёт ва беҳтарин сарвати инсон тандурустӣ чизе намегӯянд. Ин ҷо мехоҳам фоҷиаеро нақл кунам, ки аз шуниданаш ба бадани кас рашъа медамад. Дар маъракаи мотамие зани миёнсоле сурати арӯси нозанинеро бо худ оварда буду бо алам нола мекард. Аз мӯиданҳои зан фаҳмидам, ки духтараш пас аз як соли хонадоршавӣ аз бемории зуком фавтидааст. Ҳангоми аз хонаи мотамдор баромаданам, ба зани ҳамроҳам бо ҳайрат гуфтам, ки тавба, ҳамин хел духтари зебо аз зуком вафот кардааст?! Бонуи ҳамроҳам модари арӯсаки марҳумро хуб мешинохтаасту ба ман маънидор нигариста гуфт:- Не, марги арӯсаки тармарг қиссаи дигар дорад… Афсонаро пас аз хатми коллеҷи тиббӣ ба писари як рафиқи падараш, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекардааст хонадор кардаанд. Ҷавон бо духтарони бадгард алоқа доштаасту ба вабои аср СПИД гирифтор будааст ва дидаю дониста духтараки ҳалолу покизаеро ба ин бемории марговар гирифтор намудааст. Афсонаи ҳомиладорро хастагию бемадорӣ азоб медиҳаду аз шавҳараш напурсида ҳамроҳи модар ба дармонгоҳ рафта мубталои беморӣ буданашро мефаҳмаду аз даҳшату нангу ор даст ба худкушӣ мезанад. Модари Афсона ба хотири шарм надорондани рӯҳи духтари ғурамаргаш ҳангоми нолаҳояш чизе, ки бар забонаш биёяд мегӯяд, ғайри хақиқат. Шавҳари беимонаш имрӯз дар хона назарбанд буда табобат мегирад, вале медонад, ки як рӯз не як рӯз ин дарди нангину ифлос ӯро назди Афсонаи армонияш мебарад… Шояд вақти он расидааст, ки ҷавонони мо пеш аз издивоҷ аз назари духтур гузашта аз вазъи саломатии якдигар бохабар шаванд? Чунки беҳтар аз ҳазор аҳдномаи никоҳу сарвату боигарӣ саломатӣ ва фарзандони солим аст. Биёед, як ба атроф назар мекунему аз саргузашти дигарон панд мегирем, ҷавонони азиз, зеро Ҷаноби Расули Акрам дар ҳадисҳои қудсии худ фармудаанд: «Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд бигирад».