-Нахуст дар бораи маркази мазкур каме маълумот диҳед
-Дар Маркази пизишкии тарбияи ҷисмонии вилояти Хатлон 4 нафар табибон кору фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят як нафарӣ духтурони муттасадӣ ҳастанд. Албатта, фаъолияти марказ аз рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ҳам вобастагӣ дорад. Яъне ҳарчи бештар соҳаи варзиш рушд намояд, талабот ба дармонгоҳҳои варзишӣ ва пизишкони касбӣ зиёд шуда, зарурият ба ташаккули чунин марказҳо бештар мешавад. Нақши чунин хизматрасониҳоро дар рушду такомули соҳа ва тарбияи солимии варзишгарон бештар иштирокчиёни мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дарк менамоянд. Бо бунёди маҷмааҳои варзишӣ ва рушди варзиш дар рустоҳо, ки раванди тоза пайдо намудааст, ҷомеа ба кору фаъолияти мо ошноии бештар пайдо хоҳад кард.
-Айни замон фаъолияти Маркази пизишкии тарбияи ҷисмонии вилояти Хатлон дар кадом самтҳо назаррасанд?
-Дар вилояти Хатлон 11 380 нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудаанд, ки ташхису муоинаи тибби онҳоро мегузаронем. Албатта, гузаронидани ташхиси саривақтии тиббии варзишгарон аз устоду мураббиҳои маҷмааву марказҳои варзишӣ низ вобастагӣ дорад. Дар ин ҷода мураббиҳои варзиш аҳамияти ҷиддӣ доранд. Фаъолияти марказ дар самти хизматрасонии тиббӣ зимни мусобиқаҳои варзишӣ назаррас аст.
-Ҳамчун мутахассиси ҷавон оид ба ташкили муоинаи тиббии натанҳо варзишгарон, балки тамоми қишрҳои ҷомеа чӣ андеша доред?
-Барои тарбия ва таъмини солимии ҷомеа муҳимтарин тадбир ин ташкили кор дар самти муоинаи тиббии аҳолӣ мебошад. Ҳоло гузаронидани муоинаҳои тиббӣ дар клубҳои варзишии идораву корхонаҳо каму беш ба роҳ монда шудааст. Шуруъ аз соли нави хониши 2014 -2015 тасмим дорем, ки муоинаи тиббии мактаббачагонро ҳам хубтар ба роҳ монем. Мавриди зикр аст, ки чанд сол қабл масъулини сарраёсати маорифи вилояти Хатлон ба ташхиси тиббии мактаббачагон таваҷҷуҳ намуда буданд. Фикр мекунам дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои марбут мо дар ташкили муоинаи тиббии мактаббачагон , дар тарбияи ҷисмонии насли наврас ва бунёди ҷомеаи солим саҳми арзанда хоҳем гузошт.
-Тарбияи ҷисмонии насли ҷавон дар маҳаллаҳои дурдаст ва сатҳи хизматрасонии тиббиро ба варзишгарони шаҳру навоҳии дурдасти вилоят чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
-Чӣ тавре қаблан иттилоъ додем, дар сатҳи шаҳру навоҳии вилоят духтурони мутассадӣ фаъолият доранд, ки ташхису муоинаи варзишгаронро пеш аз мусобиқаҳо, назорату пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва садамаҳои варзиширо ба уҳда дошта, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, хизматрасонии тиббиро дар ҳолатҳои лозима таъмин менамоянд. Албатта, ба ин масъалаҳо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии мамлакат низ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳанд. Бахшҳои ин сохтор дар маҳаллаҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ бо мутассадиёни дармонгоҳи пизишкии варзишӣ ҳамкории хуб доранд.
-Барои посухи саволҳо ба шумо изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо орзумандем
-Ташаккур, сипосгузорем, ки ба мавзуҳои роҷеъ ба тарбияи солимии ҷомеа ва беҳдошти дармонгоҳи пизишкии варзишӣ таваҷҷух намуда, бо мо ҳамсуҳбат шудед.
Мусоҳиб Ҷамолиддин Сайфиддинов