Имрӯз, ки талаботи моддии мардум дар қиёс бо арзишҳои маънавӣ бештар гаштааст, на ҳама метавонанд ба хостаҳою ниятҳои худ комёб гарданд. Аз ин ҷо баъзан ба ҷурми нокомию ноумедиҳо рӯҳу равон фишор мехӯрад ва қаҳру ғазабро ба сари ҳамсару фарзандон фурӯ мерезему аз ин гуна ҳаёт гӯиё «қасд» меситонем. Паёмади ин гуна амалу кирдор бад шудани муносибат миёни аҳли байт ва сард гаштани меҳру муҳаббат ба ҳамдигар аст. Имрӯз илман исбот шудааст, ки ноҷӯрии рӯҳу равон инсонро гирифтори бемориҳо месозад. Агар дар муҳити хонавода фазои солими равонӣ набошад, ин вазъият бо мурури вақт аҳли байтро ба нокомиҳо хоҳад расонд. Нобоварӣ , беэҳтиромӣ, бадгуфторӣ ва фиребу найрангҳо дар оила ба миён меоянд. Аз ҳама бештар фарзандон осеби зиёди рӯҳию равонӣ мебинанд, ки ин паёмади ислоҳнопазир аст. Дар ҷомеаи анъанавии мо, ки саробони оиларо бештар мардон ба уҳда доранду сомони зиндагӣ, таълиму тарбияи фарзандон бештар аз мақому мартабаи падарӣ ва маърифати рӯзгордориашон бастагӣ дорад, нақши эшон дар ин росто муҳим дониста мешавад. Дар навбати дигар, модарон масъули таъмини фазои ҳаёти солими оила ҳастанд, аммо агар ин ду шахси масъул рисолати худро анҷом дода натавонистанд, пойдевори оила ва ояндаи фарзандон печида хоҳанд монд. Аз ибтидои ташаккули оилаю оиладорӣ унсурҳои муҳими пойдории хонавода, таълиму тарбияи фарзандон ва сомони рӯзгор ба гунаи вижа шакл гирифта дар доираи анъанаю суннатҳо ва арзишҳои миллӣ густариш ёфтаанд. Дар масири хеле тӯлонии оиладорӣ хулосаи амиқу тадбири ягонаи таъмини фазои солими хонаводаро чунин қарор кардаанд:
«Дар тандурустӣ ва саломати рӯҳи худ бикӯшем, чун ин ду беҳтарин ирсе аст, ки барои фарзандон мегузорем».
Саромад ва каромат
Саромади инсон аз каромате, ки Офаридгор барояш эҳдо кардааст, маншаъ мегирад. Ӯ миёни ҳама мавҷудоти зинда дорои забон ва шуур аст, яъне қудрати баёни фикр ва таҳлилу хулоса баровардан дорад. Аз ҷониби дигар, дар ҷомеа мақому мартабаи вижаро соҳиб аст. Забон ва шуур афзалияти биологиест, ки инсонро дар лобалои бисёр ҳаводиси рӯзгор аз гирифториҳои нохуш эмин медорад. Ин ба гунаи каромати Офаридгор ба инсон шинохта мешавад, аммо агар забону шуур комилу солим набошад ва инсон рисолаташонро нашиносаду ҳифз накунад, мақому манзалати хешро аз даст хоҳад дод. Дар ин маврид бузурге бо натиҷа аз таҷрибаи ҳаёт хеле зебо хулоса кардааст:
«Шояд ҳама медонем, ки инсон барои худ каромате дорад ва онро ҳамеша бояд ҳифз кунад, аммо агар қадри ин кароматро надонист, хоҳу нохоҳ эътибори иҷтимоии худро аз даст хоҳад дод».
Аз даст додани эътибори иҷтимоӣ аз як ҷониб маънии беэҳтиром шудани шахсро дошта бошад, аз тарфи дигар, коҳиш ёфтани вазифаю уҳдадориҳояш назди ҷамъият, оила ва мардум аст. Миёни халқ гуфтори маъмуле ҳам ҳаст, ки ин маъниро пурра мекунад. Чунин одамонро мардум «радди маърака » мегӯянд. Ва ин ҳукм худ аз худ эҷод нашудааст. Надонистану нашинохтани каромату рисолати хеш дунёи маънавии инсонро ба нестӣ мебарад, ҳарчанд ки ӯ чун мавҷуди биологӣ боқӣ мемонад, аммо одам буданаш зери суол боқӣ хоҳад монд. Дар сиришти каромате, ки ба инсон нисбат медиҳанд, ақлу хирад, сабру таҳаммул ва имону инсоф мартабаи асосӣ доранд. Дар ин маврид ҳам бузургони илму адаб зиёд ишораҳо кардаанд, ки бозгӯи воқеият буданду ҳастанд. Масалан, донишманде гуфтааст:
«Эй, бехирад, аз бехирадон шиква чӣ лозим,
Одам набувад он ки зи ҳайвон гила дорад. »
Маъниро дарёфтед, ки ишора ба чист ва кист. Дар анҷоми ин андешаҳо хулоса боз ҳамон аст, ки аз ҳикмати бузургон бармеояд, яъне ҳар касе аз асли хеш огаҳ аст ва каромату рисолати худро мешиносаду ҳифз мекунад, соҳибмақому соҳибэҳтирому маҳбуб хоҳад буд. Дар офариниши оламу одам Офаридгор асолату рисолати вижаро пайгирӣ карда, онро чун муқаддасоти зиндагӣ ба дӯши инсон вогузоштааст. Вақте ба ин муқаддасот эҳтиром намегузорем, қадр намекунем ва ё покиза намедорем, подоши ин ҳама носипосиро хоҳем гирифт. Чуноне мегӯянд, роҳ миёни инсону ҳайвон як қадам аст ва ҳукми зиндагӣ барои қадами беҷо сангин буду ҳаст ва хоҳад монд.