Заноне ҳастанд, ки ба зебоии худ бештар таваҷҷуҳ мекунанд, то ҳамеша дилхоҳу мафтункунанда бошанд ва дар ин роҳ муваффақ ҳам мешаванд, аммо ин афзалият гоҳе зоҳирӣ ва фиребанда ҳам будааст. Бисёр шудааст, ки мардоне асири ин ҳусну ҷамол гашта, ҳамаро дар зиндагӣ бохтаанд. Гумон бурдаанд, ки бахту тахти худро, орзую омоли якумраи худро пайдо кардаанду дигар касе мислашон хушбахту хуштолеъ нест. Ва ҳамин зебоиро, ҳусну ҷамоли зани дилхоҳро зинати беҳтарини ӯ меҳисобиданд, аммо ҳусну ҷамол на ҳамеша зинатбахши бонувон буда метавонад. Дар ин маврид бузургон зиёд гуфтанду воқеияти ҳаёт низ бозгӯи он аст. Масалан ҷое донишманде фармудааст: « Зани зебои бадхӯ гуле аст, ки дар ҷоми нӯш заҳр ва неше дорад». Дар ниҳоят хулоса ин аст, ки зебо будан ҳанӯз дилрабою отифа будан нест. Пас, зинати зан дар чист?
Хулқи хуш
Дар ҳама давру замон хулқу атвори хушро шарти асосии рисолати одамӣ донистаанд ва медонанд. Ин хислатро агар боз бонувон соҳиб бошанд, нуран ало нур мешавад. Бузургон ва мардумон яке аз беҳтарин зинати занро ана дар ҳамин хулқи накӯ донистаанд. Яъне зан метавонад он қадар зебою дилнишин набошад, аммо агар ахлоқи хуш дошта бошад, ӯ зебою хостанӣ аст. Хулқу атвори накӯ чӣ аст? Ба ин савол аҳли маънӣ ба таври вижа посухи гуногун додаанд ва беҳтаринашро он гуна донистаанд, ки зани порсою баимону итоаткор саробони аҳли байту сомони рӯзгор ва занати мард асту ҳам комгор. Дар оини хонаводагии мардуми тоҷик зан мақоми хосе дорад. Рисолати азалиаш нигаҳдории меҳру вафо дар оила, тарбияи фарзандон ва модари меҳрубону содиқ будан аст. Тамоми баду неки рӯзгор, низому сомони хонадорӣ, лутфу меҳрубонӣ, назокату латофат ва сабру тахаммулу тадбир дар канори марди хонадон ба ақлу заковату хулқу атвори хуши зан бастагӣ дорад. Каромати зан дар оила боз ҳам аз зинати ӯ-хулқи хушаш маншаъ мегирад ва бовару эътиқоду эҳтироми мард ҳам аз ин зинат зинат мегирад. Хулқи хуш муомилаю муоширати нек, фаросату зарофати солиму комил ва рафтори отифона аст. Ин беҳтарин зинат аст, ки мӯҷиби парастишу ситоишу мадҳу санои зан-модар будааст ва мебошад.
Тандурустӣ
Шарти дигари зинати занро орифону оқилон дар тандурустӣ донистаанд. Чаро чунин ҳукм кардаанд? Тани сиҳат сарчашмаи ҳама хушбахтию хушрӯзиҳост. Зане, ки тани солим дорад, фарзанди солим ба дунё меорад ва ин аввалин унсури бақои насл ва идомаи зиндагист. Аммо комилан наметавон гуфт, ки ҳама аз маризиҳо орӣ буда метавонанд ва билкул солиму тандуруст боқӣ мемонанд. На! Тандурустӣ ба гунаи як шарти асосии зинати зан ба он маънист, ки ба ҳангоми камолоти умр ҳамеша аз саломатии худ ҳимоят кунанд ва тану ҷони худро ба ҷурми нобасомониҳои рӯзгор гирифтори ноҷӯриҳои рӯҳию равонӣ насозанд. Ишора ва таъкид ба ин шарт барои ҳифзи саломатии зан дар раванди зиндагист. Аз ҷониби дигар, бо назардошти он ки баъзан занҳо андармони кору бори зиндагӣ, мушкили хурду бузурги рӯзгордорӣ ва ихтилоф ҳои рӯҳию равонӣ саломатии худро ноҷӯр месозанд, ин масъала бозгӯ мешавад ва чун шарти муҳими саодату зинати зан арзёбӣ мешавад. Дар воқеъ, ҷараёни калавандаи ҳаёти як хонавода, ғаму дард, шодию нишот ва бурду бохти як оила баъзан боис мегарданд, ки саломатии зан чун модари хонавода ноҷур мешавад. Беэътиноӣ ва дарду маризиҳои худро нодида гирифтану таҳаммул кардани зан, метавонанд паёмади нохуш ба бор орад. Бо гузашти моҳу солҳо ҳамин шарти асосии зинатбахши зан ӯро аз ҷараёни адои масъулияту уҳдадориҳояш бозмедорад, яъне ӯ наметавонад дигар солиму комил дар паҳлӯи марди хона дар ҳалли масоили муҳими хонаводагӣ ва фарзандон нақши пайваста дошта бошад. Ин ҳолат базан, ки дар боло ишора кардем, бо айби худи занҳо ба миён меояд. Як бовари иштибоҳангезе дар муҳити ҷомеа роиҷ шудааст, ки вақте модар шудӣ, бояд ҳатман ба ҳама дарду ранҷ, мушкилот ва камбуди зиндагӣ тоқат кунӣ ва ҳамаро ба ивази ноҷӯр сохтани саломатӣ таҳаммул созӣ. Ва доимо солиму тандуруст будани занро касе кафолат намедиҳад. Ҳатман бемор мешавӣ ва ин раванди муқаррарист. Бале, бемор мешавӣ, аммо қабл аз бемор шудан роҳҳои гирифтор нашудан ба он ҳастанд ва чаро к и аксар дар ин маврид хеле кам андеша мекунанд.Бовар доранд, ки бояд зан дар раванди рӯзгордорӣ ҳатман бемор шавад ва бо тани носолим умрро паси сар намояд. Ин иштибоҳ аст ва ба ин шева амал кардан ҳам камоли бефарҳангист. Ҳикмати бузургвореро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки фармудааст:
« Беҳтарин зинати зан хулқи хушу тандурустист!»
Р.Камол