– Хушвахт Бобомуродович, дар марказ чӣ корҳое ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва густариши маводи мухаддир анҷом гардид?
–Сараввал мехоҳам, дар иртибот ба чорабиниҳое, ки соли гузашта дар сатҳи ҷумҳурӣ ба вуқуъ пайваст, чанд сухан гӯям. Яке аз иқдомҳои асосие, ки дар самти мубориза алайҳи маводи нашъадор ва бемории нашъамандӣ дар ҷумҳуриӣ ба амал пайваст, ин амалӣ гардонидани «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017» мебошад. Барномаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ, бахусус мутахассисони Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ таҳия гардид ва онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Яке аз санадҳое, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва бемории нашъамандӣ равшан менамояд, ин дар соли гузашта бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020 мебошад.
Дар ҳамкорӣ бо коршиносон ва мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ нақшаи кории марказ, ки бандҳои асосии он иҷрои барномаҳои ҳукуматӣ: «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» - ро дар бар мегиранд, таҳия ва ба тасвиб расид. Дар ин замина ҷиҳати баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ аз суйистеъмоли маводи нашъадор ва оқибатҳои он, ки метавонад дар самти коҳиши талабот ба маводи мухаддир ва ҷинояткориҳои вобаста ба он мусоидат намояд, мутахассисони марказ ва раёсатҳои минтақавии он дар баробари таҳияи маводи иттилоотӣ як қатор чорабиниҳо, аз қабили вохӯриҳо ва семинарҳо доир намуданд.
Аз тарафи мутахассисони марказ ва раёсатҳои минтақавии он миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ 108 вохӯрӣ, 12 семинари омӯзишӣ барои муаллимон, 8 семинари омӯзишӣ барои модарони ҷавон, 15 семинари машваратӣ, 3 чорабинии оммавӣ, ки дар маҷмуъ зиёда аз 7800 нафарро дар бар мегирифт, ташкил ва роҳандозӣ шуд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ тақсим гардида, видеороликҳои тарғиботии зидди нашъамандӣ намоиш дода шуд.
Дар доираи амалигардонии барномаи назорати нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ «CADAP» дар 10 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе вохӯриҳо баргузор гардида, «Дастурамал барои муаллимон барои гузаронидани суҳбат бо волидайн оиди пешгирии нашъамандӣ», ки аз тарафи марказ таҳия ва бо Вазорати маориф мувофиқа гардидааст, миёни омӯзгорон тақсим карда шуд.
–Дар ҳамин замина аз ҷониби мутахассисони шумо ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ чӣ гуна мавод таҳия гардид?
–Ба мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ миёни мардум, ба хусус бо гурӯҳҳои гуногуни осебпазир аз ҷониби мутахассисони марказ маводи итилоотӣ, аз ҷумла: «Нашъамандӣ аз нигоҳи ислом», «Қоидаҳои асосии пешгирии нашъамандӣ дар байни занҳо» (дастурамал барои кормандони тиб), «Чӣ тавр кӯдакони худро аз нашъамандӣ ҳимоя намуд?», «Роҳи дуруст ё тарки одат» таҳия ва нашр гардид.
–26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи нашъадор ҷашн гирифта мешавад. Дар ин росто аз ҷониби маркази миллӣ чӣ корҳо анҷом ёфт?
–Тибқи нақша- чорабиниҳо оид ба таҷлили 26 июн миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ як қатор чорабиниҳои иттилоотию фарҳангӣ зери шиори «Нашъамандӣ – падидаи номатлуби ҷомеа» гузаронида шуд. 20 июни соли 2013 бо истиқоматкунандагони кӯчаи Савдои ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Фирдавсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯриҳо доир карда шуд.
Дар ҳамин радиф рӯзи 21 июн кормандони марказ пеш аз хондани «Намози ҷумъа» дар мувофиқа бо муфтии мусулмонони ҷумҳурӣ ва имом-хатибони масҷиди марказии ба номи Имоми Аъзам, масҷиди маҳаллаи Қарамишкор ва масҷиди маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо намозгузорон оиди роҳҳои пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор миёни ҷомеа маълумот доданд.
Дар радиои «Тоҷикистон» зери шиори «Нашъамандӣ – падидаи номатлуби ҷомеа» радиовикторина гузаронида шуд ва ғолибони он бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар таърихи 20 июн ва такроран рӯзи 23 июни соли равон дар барномаи тандурустии шабакаи радиоии «Радиои Фарҳанг» худи ман дар иртибот ба мавзуи нашъамандӣ ҳамчун падидаи номатлуб ва роҳҳои пешгирии он гузориш додам.
Дар баробари ин, оиди роҳҳои пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон гузориши муфассале тавассути барномаи телевизионии «ДАР ИН ЗАМОНА»-и шабакаи давлатии телевизиони «Сафина» рӯзи 22 -юми июни соли 2013 пешкаши тамошобинон гардид.
–Дар робита ба ин ҷашн дар минтақаҳо чӣ иқдомҳое рӯйи даст гирифта шуд?
–Бо ташаббуси раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд дар таърихи 26 июн дар дарёи Сир мусобиқаҳои қаиқронӣ ва шиноварӣ ташкил карда шуд. Ба 18 нафар қаиқрон ва 12 нафар шиноварони ғолибгардида туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Инчунин иштирокчии аз ҳама ҷавон ва маъюб низ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Бо ибтикори раёсати минтақавӣ дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ вобаста ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи нашъадор» миёни 40 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Нашъамандӣ ва оқибатҳои он» викторина гузаронида шуд.
Рӯзи 22 июн дар радиои Бадахшон гузориш дар мавзуи «Наъшамандӣ падидаи номатлуб» пахш гардида, ба шунавандагон оиди пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои суйистеъмол аз маводи нашъадор маълумоти судманд дода шуд.
Инчунин дар шаҳри Хоруғ бахшида ба ин рӯз бо иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар мавзуи «Нашъамандӣ дар ВМКБ» мизи мудаввар созмон дода шуд.
Бо ташаббуси Раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон дар таърихи 23 июн дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
25 июн дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хисрави шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни расми беҳтарин дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ» роҳандозӣ гардид.
Дар таърихи 26 июни соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии оммавӣ дар мавзуи “Пешгирӣ аз суйистеъмоли маводи нашъадор дар байни ҷавонон” гузаронида шуд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур намояндагони Маркази наркологӣ, намояндагони шуъбаи маориф ва Маркази мубориза алайҳи бемории СПИД - и шаҳри Кӯлоб иштироки фаъол доштанд.
–Оё Маркзи миллӣ ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳо бо васоити ахбори умум ҳамкорӣ ба роҳ мондааст?
– Хеле саволи бамаврид. Азбаски нақши васоити ахбори умум дар баландбардории маърифат ва иттилоотнокии ҷомеъа аз оқибатҳои суйистеъмоли маводи нашъадор муҳим арзёбӣ мегардад, ҳамкориҳои мо низ дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шудааст.
Мо аз имкониятҳои васоити ахбори умум хеле васеъ истифода менамоем. Дар баробари матбуот, бо телевизион ва радио низ ҳамкории густурда ба роҳ монда, пайваста ҷиҳати баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ аз сӯйистеъмоли маводи нашъадор ва оқибатҳои он, дар баробари варақаҳои иттилоотӣ ва китобчаҳо, ки аз ҷониби марказ таҳия ва чоп гардида, миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ тақсим мешаванд, сомонаи интернетии марказ (WWW.mmmpn.tj) низ фаъол аст. Дар давоми ёздаҳ моҳ ба сомонаи интернетии мазкур зиёда аз 390843 нафар ворид гардида аз маълумоти он истифода намуданд.
Дар баробари ин дар маҷалаи «Бонувони Тоҷикистон» таҳти унвони «Лаззат» - ҳои зиёновар» мақола ба табъ расид, ки муҳтавои он зарари маводи тамоку ва носро дар бар мегирифт.
Дар санаи 26 июни соли равон мақолаи инҷониб бо номи «Таърихи нашъамандӣ» дар ҳафтаномаи «Озодагон» ба табъ расид.
Аз тарафи мутахассисони марказ «Ҳисоботи солонаи миллӣ оид ба маводи нашъаовар ва вазъи нашъамандӣ барои соли 2013 (иттилооти соли 2012)», «Нақшаи миллии амалиёт барои рушди системаи иттилоотӣ доир ба маводи нашъаовар ва нашъамандӣ» ва «Харитаи иттилоотӣ» таҳия гардида, дар семинари миллӣ доир ба ин мавзуъ, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи кории DAMOS ва тамоми мутахассисони сохторҳои давлатии дахлдор доир гардид, баррасӣ шуд. Баъд аз таҳияи пурра ҳисоботи зикргардида барои мувофиқа ба дигар сохторҳои давлатии дахлдор равон карда шуд.
Инчунин фармони мушатараки ВТҶТ ва ВКДҶТ «Дар бораи пурзӯр намудани мубориза бар зидди нашъамандӣ ва таъмини муомилоти қонунии маводи нашъадор» ба забони давлатӣ тарҷума гардид.
–Мониторинг яке аз самтҳои калидии фаъолияти марказ маҳсуб мегардад, дар ин росто чӣ иқдом сурат гирифт?
–Дар 52 муассисаи табобативу пешгирӣ мониторинг гузаронида шуд. Натиҷа нишон медиҳад, ки таъминнокии муассисаҳо бо захираи маводи доругии нашъадор, психотропӣ, сахттаъсир ва заҳрнок ғайри қаноатбахш буда, сатҳи маълумотнокии кормандони соҳа оиди тарзи бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ин намуд доруворӣ миёна мебошад. Мутахассисони марказ дар ҷараёни мониторинг дар ҳар як муассисаи табобативу пешгирӣ вобаста ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир, заҳрнок ва прекурсорҳо бо кормандони олӣ ва миёнаи тиббӣ суҳбатҳо доир намуданд.
Ҳолати вазъӣ нашъамандӣ, ки дар натиҷаи таҳлили ҳисоботи пешниҳоднамудаи муассисаҳои табобатӣ оид ба табобат ва ба қайдгирии бемории нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ чунин мебошад: шумораи умумии нашъамандон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 7590 нафар (229 зан) буда, дар вилояти Суғд 1060 нафар (50 зан), дар вилояти Хатлон 1265 нафар (13 зан), дар ВМКБ 925 нафар (5 зан), дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 1121 нафар (26 зан), дар шаҳри Душанбе 3219 нафар (135 зан) ба қайд гирифта шудааст.
–Маъмулан ашхоси нашъаманд аз кадом намуд маводи мухаддир истифода менамоянд?
–Аз бангдона, афюн ва ҳероин.
–Теъдоди нашъамандони тазриқӣ зиёд аст?
–Мутаассифона, шумораи онҳо 4915 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар муқоиса ба соли 2012 (5386 нафар) камтар аст, аммо дар ҳар сурат нигаронкунанда мебошад.
–Ташаккур, ба Шумо муваффақият таманно дорем.
–Саломат бошед.
Эмомалӣ Сайидамирзод