Он чи дар хоб мебинем, маҳсули хаёлҳои эҷоди худи мо аст. Тахайюли рангин ё андешаҳои мағшуш, хотири парешону изтироби доимӣ ва дигар ҳолатҳои руҳию равонӣ дар зершуури инсон сабт мешаванд. Вақте инсон бо ҳамон руҳия хоб меравад, дар зершуураш ҳолати сабтшуда чун навори видео ба ҳаракат медарояд ва мо онро дар хоб мебинем. Ин як ҳолати муқаррарии хоббинӣ аст. Аммо баъзан хобҳое мебинем, ки дар бораашон ҳатто фикр ҳам накарда будем. Пас, ин хобҳо аз куҷо маншаъ мегиранд? Олимони равоншинос ҳангоми пажуҳиши ҳолатҳои мухталифи хоббинӣ ва вазъи руҳию равонии одамон пас аз хоб бисёр нуктаҳои ҳассосу нозуки психологиро муайян кардаанд. Масалан, агар касе хоби хушу гуворо дида аз хоб бедор шавад, руҳу равонаш болида ва хуш мегардад. Ин ҳолати омиронаи психологӣ тамоми рӯз он нафарро фарогир хоҳад буд. Аммо вақте кас хобҳои даҳшатноку баду нохушро мебинад, аз сари субҳ бо кайфияту руҳияи ноҷӯр чашм мекушояд ва ин ҳолат ҳам қариб тамоми рӯз ӯро дунболгир хоҳад буд. Инсон баъзан дар хоб корҳоеро анҷом медиҳад, ки ба ақли солим рост намеоянд ва вақте бедор шуда, ба андеша меравад, ки чаро чунин хоб дидам, онро таъбир карда наметавонад. Мутахассисон ин ҳолатҳоро боз ҳам ба руҳу равони инсон ва қудрату тавоноиаш, ки аслан метавонаду аммо дар воқеият иҷронашавандаанд, иртибот медиҳанд. Ҳамон фарзия, ки инсон тӯли умр наметавонад аз иқтидори комили майнаи сар ва дигар имконоти офаридашуда истифода барад, бозгӯи ҳақиқати ҳол аст. Чуноне олимон таҳиқ кардаанд, инсон танҳо чанд фисади иқтидори нерӯи зеҳнӣ ва эҳсосии худро истифода мебараду халос ва ҳангоми хоббинӣ баъзан ин неруҳо чун руъё зуҳур мекунанд. Аз таърих мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, ки баъзе нобиғагон кашфиёт ва ихтирооти худро дар хоб дидаанд ва сипас мутобиқи он дар ҳаёт татбиқ сохтаанд, аммо ин ҳолатҳо истисноӣ мебошанд. Миёни мардум оид ба хобу хоббинӣ бовару андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Ҳолати муқаррарӣ ва хеле зиёди хоббинӣ ин тарсидан дар хоб аст, яъне ба истилоҳи мардум «сиёҳӣ зер мекунад».Дар чунин ҳолатҳо аксар ба расму русуми суннатӣ, қироати дуоҳо ва дигар усулҳои рафъи тарс ва хобҳои бад рӯй меоранд ва аҷибаш дар он аст, ки баъди анҷоми ин гуна амалҳо руҳу равонашон ором мешавад. Руҳшиносон ин ҳолатҳоро ба равони чунин ашхос баста медонанд, яъне вақте ба зеҳну шуури инсон таъсири психологӣ расонда мешавад, онҳо ором мешаванд. Дар ин гуна мавридҳо кори асосиро руҳияи онҳо анҷом медиҳад. Боз ҳам ҳамон бовар ва ба гуфти мардум «ихлосу халос» эшонро аз ҳолати ногувори руҳию равонӣ раҳо мекунад. Равоншиносону руҳшиносон дар натиҷаи пажӯҳиш ва мушоҳидаҳо ба хулосае омадаанд, ки вақте инсон тамоми рӯз хастаю асабонӣ буда, бо ин руҳия хоб меравад, ҳатман хобҳои бад мебинад. Зеро дар ин ҳолатҳо асаб роҳат надорад. Чунин вазъи ноҷӯри равонӣ сабабгори хастаю беҳол шудани инсон ва майнаи сар гашта боиси парешонхотирӣ ва асабонияти зиёд мегардад. Баъзеҳо ба хобҳои дидаашон эътимоди сахт дошта, барои барои огоҳи аз таъбири хоб ба фолбину табибон муроҷиат мекунанд. Албатта онҳо дар баробари таъъбири хоби эшон ба онҳо дастур ҳам медиҳанд, то кору амалеро барои рафъи оқибатҳои хобҳои бад ва ё амалӣ гаштани хобҳои нек анҷом бидиҳанд. Ин ҳам як усули ором кардани асаб ва аз ҳолатҳои гуногуни руҳию равонӣ раҳо шудан аст. Боз як усули маъмули аз зеҳну шуур дур сохтани хобҳои бад миёни мардум мавҷуд аст. Мегӯянд, вақте хоби бад дидед, субҳ аз бистар боло шаведу хобатонро ба оби равон нақл кунед. Оби равон қудрате доштааст, ки ҳама хоби бадро бо худ бибарад ва бадиҳоро аз шумо дур созад. Воқеан, ин усули хеле қадима миёни мардум мақоми вижа дорад ва аксар баъди чунин амал худро сабуку болидаруҳ эҳсос мекунанд ва дигар дар бораи хоби дидаашон фикр ҳам намекунанд. Дар хоб дидани шахсони наздики фавтида ҳам хеле маъмул аст ва ин гуна хобҳоро яке таъбир мекунад, ки падар ё модар ҳамеша дар ёди шумост ва аз ин нигоҳ шумо тез-тез эшонро дар хоб мебинед. Дигаре таъбир месозад, ки онҳо аз шумо норозианду бояд ин ё он расму оинро анҷом диҳед. Дар ҳар ду маврид ва ҳолатҳои дигар инсони хобдида агар ба изтиробу ҳаяҷон ояд ва фаъолияти зеҳну шуураш берабт гардад, ҳатман ба иштибоҳ ва ё амали ноҷое даст хоҳад зад ва инро оқибати хоби дидааш маънидод мекунад.
Аммо баъзе олимону мутахассисони равоншинос оид ба таъсиррасонии хобҳо ба ҳаёти инсон андешаи дигар доранд. Ба гуфти онҳо инсон дар ҳар ҳолат метавонад худро идора кунад. Амали ноҷо, асабоният ва ё нохушиҳои дигаре, ки рух медиҳанд, маҳз натиҷаи ноҷӯрии руҳу равони мост, на оқибати хобҳои дидаамон. Ба ин назари олимон одамони оддӣ , ё фолномаҳои бостонӣ эътиод надоранд. Ҳолатҳои амалӣ гаштани бисёр хобҳо ҳам исбот шудаанд. Баъзан нафаре фавтидани шахси наздикашро дар хоб мебинад ва баъди муддате ин нохушӣ рух медиҳад. То ҳанӯз омилҳои ин феномен ё ки пайғоми қабл аз вуқуи ҳаводис дар хоб дақиқан таҳқиқ нашудааст. Дар ин маврид танҳо бовари мардум ба Офаридгор устувор аст, яъне хабари нохуш ва ё нек баъзан дар хоб ба мо мерасад. Миёни мардум расму оинҳое ҳам ҳастанд, ки баъди дидани хоби бад анҷом медиҳанд. Масалан, садақа кардан ба бечорагону ниёзмандон ва ё ба истилоҳ «худоӣ» додан. Одатан баъди анҷоми ин гуна маросимҳо хотири шахси хобдида ором шуда, таскин меёбад. Боз ҳам ҳамон бовару эътиқод, ки шояд хобаш рост набошад.
Дар фарҳанги мардумони дигар ҳам ҳамин маъниҳо ва боварҳо , ки ба хобу хоббинӣ пайвандӣ доранд, зиёданд. Як нуктаи муҳими дигар ин рӯзу вақту соати хоббинӣ аст. Аксар дар он ақидаанд, ки хобҳои то вақти бомдод дидаи мо асоси воқеӣ надоранд ва боиси ташвишу изтироб ҳам набояд бошанд. Боз мегӯянд, ки хобҳои дидаи инсон ҳангоми бомдод ва рӯзҳои муайян хобҳои амалишавандаанд. Умуман, хоб ва хоббинӣ ҳолати руҳии инсон буда, баъзан моро орому осуда ва баъзан ноҳинҷрору ҳатто ба беморӣ гирифтор мекунад. Тавсияи равоншиносон ин аст, ки пеш аз хоб рафтан бояд каме ба фикр фурӯ рафта, асабонӣ шуд, то хобамон орому руҳу равонамон ба низом ояд. Бояд дар бораи хобҳои бади дидаамон фикр накунем. Аксари одамон субҳ аз хоб бархоста назди оби равон мераванд, то хоби бади дидаашонро ба об гӯянд ва бо ҳамин тарз худро орому осуда намуда, аз пайи рӯзгор мешаванд. Дар ниҳоят, хобу хоббинӣ раванди мураккабу пурасрор ва нокушудаи зиндагии инсонҳост. Вале ба ҳар ҳол тавсияи равоншиносону руҳшиносон ин аст, ки ба хобҳои дидаатон камтар эътибор диҳед.
Р. Камол