–Як тан аз ҳамширагони шафқат изҳор дошт, дирӯз Шумо 75 нафар кӯдаконро муоина ва чанде аз онҳоро бистарӣ намудаед. Сабаби ба таври бесобиқа афзудани тифлакони беморӣ асаб дар чист?
– Наздик ба 22 сол аст, ки дар ин шифохона ба ҳайси пизишк ва 12 соли охир ҳамчун мудири шуъба фаъолият дорам. Омор баёнгари он аст, ки сол аз сол шумораи беморони асаб аз ҷумлаи кӯдакон меафзояд. Ба вижа, теъдоди бемороне, ки мубталои бемории фалаҷи мағзи сар, асабхаробии кӯдакона, ташаннуҷ, дарди сар (аз ҷумлаи кӯдакони 7–14-сола) ҳастанд, беш аз пеш афзудааст. Баъдан, дар ин радда қарор мегиранд беморони мубталои сарчархзанӣ ва дилбеҳузуршавӣ. Ин ҳама бемориҳо сабабу омилҳои хоси пайдоиш ва густариши худро доранд. Ин натиҷаи пешрафти фановариҳои муосир, аз ҷумла, афзудан ва дастрас шудани телефонҳои мобилӣ аст. Ҳоло телефонҳои ҳамроҳро дар дасти аксар кӯдакону наврасон ва наварӯсону бонувони обистанӣ метавон дид. Ин дар ҳолест, ки зимни зангҳои телефони мобилӣ ҳамеша майдони электромагнитӣ ҳосил шуда, таъсири манфӣ ба системаи асаб дорад. Яке аз омилҳои асосии афзудани бемориҳои асаб дар издивоҷҳои хешутаборӣ аст. Маъракаи густурдаи иттилоотие, ки тайи чанд соли охир тавассути ВАО ва суҳбату мулоқотҳо дар мавриди зарари никоҳҳои хешовандӣ ба роҳ монда шуданд, натиҷи нисбатан мусбат ба бор меоваранд. Воқеан, вақте амакбачаҳову холабачагон бо ҳам издивоҷ мекунанд, генҳо якдигарро рад мекунанд, ки дар натиҷа кӯдакон бо патологияи ирсиву авлодӣ таваллуд мешаванд. Онҳо лоғару камқувват, дорои нуқси ҷисмонию равонӣ мебошанд. Таҳлилҳо баёнгари онанд, ки ин гуна кӯдакон дар ноҳияи Айнӣ, деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен, Зафаробод ва ҳамчунин шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд бештар мебошанд. Омили дигари таваллуди кӯдакони мубталои бемориҳои асаб, ин никоҳи барвақтӣ аст. Волидон духтарони хешро аз таҳсил маҳрум карда, онҳоро хонадор менамоянд. Бар замми ин, хушдоманҳо пайваста ба рафтори арӯс нукта гирифта, боиси ба миён омадани ҷанҷолу хархаша мегарданд. Мавҷудияти ҳавои хонаводагии номусоид ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, наварӯсон кӯшиш мекунанд, паси ҳам ду кӯдак таваллуд кунанд, то шавҳарони худро аз хидмати сарбозӣ халос намоянд. Ин аст, ки кӯдакони навзод бо иллати модарзодӣ таваллуд мешаванд. Модарони ҷавон аз одитарин маърифати хонадорию рӯзгордорӣ ва нигоҳубини кӯдак бархурдор нестанд. Бинобар мушкилоти иқтисодӣ баъзе бонувон аз табобати худу фарзандонашон даст мекашанд. Ба ҷойи он ки ғизои хуб бихӯранду аз пайи саломатии хеш шаванд, маблағҳои бузургро барои харидории либосу чизҳои гаронбаҳо сарф менамоянд. Баъзе навхонадорон бинобар надоштани таҷрибаи зиндагӣ зуд-зуд бо ҳам ҷанчолу хархаша барпо мекунанд. Дар шуъбаи мо беморон асосан аз рӯйи нақша бистарӣ мешаванд. Кӯдаконе низ бистарӣ мешаванд, ки дар ҳолати шадиди беморӣ қарор доранд.
–Оё вақти он нарасидааст, ки дар вилояти Суғд як маркази ташхисию табобатии бемориҳои асаби кӯдакон таъсис гардад?
– Таъсис додани чунин марказ як амри зарурӣ аст. Танҳо тайи як соли охир дар шуъбаи мо якуним ҳазор кӯдакони бемор бистарӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки даҳ сол пеш, ин рақам 720 нафарро ташкил медод. Бемориҳое ҳастанд, ки мавсимӣ буда, пас аз фурӯ нишондани хурӯҷи он теъдоди мубталоёни он кам мешаванд. Вале теъдоди беморони мо пайваста меафзояд. Воқеан, фурсат расида, ки Маркази бемориҳои фалаҷи мағзи сар ва Маркази саръшиносӣ барои кӯдакон ва калонсолон таъсис шаванд. Дар вилояти Суғд беш аз якуним хазор кӯдакон мубталои фалаҷи мағзи сар ҳастанд. Онҳо бояд ҳамеша дар мадди назари пизишкон қарор бигиранд.
Барои он ки теъдоди ин гуна беморон кам шаванд, кӯдакон бояд аз тамошои ҳар гуна филмҳои тасвирӣ дур нигоҳ дошта шаванд. Бештар ба тарбияи онон машғул шавем. Онҳоро дарси сабру таҳаммул, ҳурмату эҳтироми якдигар биёмӯзонем.
Гузашта аз ин, бинои бемористони кӯдаконаи вилоятӣ ҳанӯз соли 1985 бунёд шуда, то кунун ягон маротиба таъмири куллиро надидааст. Барои пизишкону беморон шароити дуруст мавҷуд нест.
–Оё дар қаламрави вилояти Суғд теъдоди пизишкони бемориҳои асаби кӯдакон кифоят мекунад? Чӣ бояд кард, то тифлакон дар маҳали сукунати доимии хеш табобати хубу саривақтӣ бигиранд?
–Дар вилоят ҳамагӣ сӣ нафар пизишкони асабшинос фаъолият доранд, ки наздик ба 80 дар сади онҳо дараҷаи олии тахассусӣ доранд. Ин теъдод барои аҳолии беш аз ду миллионнафараи вилояти Суғд кам аст. Дар ноҳияҳои Айнӣ, Табошар, Мастчоҳ пизишкони асабшинос умуман нестанд. Ба ин ноҳияҳо дар як сол ду маротиба сафари пизишкони асабшинос ташкил мешавад. Вале вақти он расидааст, ки дар мавриди таъмин кардани ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо кадрҳои баландихтисос чораҳои мушаххас андешида шаванд. Зеро сол аз сол бемориҳои нав ба нав, аз ҷумла уфунатҳои вирусӣ зиёд мегардад. Ҳамватанони мо ба кишварҳои дигар муҳоҷират карда, вируси барои он маҳалҳо хосро бо худ меоранд. Кӯдаконе, ки қуввату неруи кофӣ надоранд, зуд ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд.
–Магар фурсати он нарасидааст, ки табобати кӯдакони то 16-соларо ройгон ба роҳ монем?
–Табобат барои кӯдакони то 3-сола дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ройгон аст. Ҳамчунин, як феҳрасте мавҷуд аст, ки тибқи он мубталоёни бемориҳои алоҳида ва маъюбон ба таври ройгон дорую дармон мегиранд. Ҳоло мардум барои гирифтани ташхисҳои озмоишгоҳӣ маблағҳои муайянро тавассути хазина пардохт менамоянд. Дар ҳоли ҳозир, давлати мо омода нест, ки табобатро барои кӯдакони то 16-сола ба таври ройгон ба роҳ монад. Медонем, ки кӯдакони мубталои бемории фалаҷи мағзи сар ва саръ солҳои тӯлонӣ доруҳое истеъмол мекунанд, ки воқеан нархи гарон доранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки бунёдҳо, яъне фондҳои хайриявии тиббӣ бештар таъсис ёбанд ва маблағҳо ба таври ҳадафмандона ба он беморон масраф шаванд
Суҳбатнигор Тилав Расулзода