Муаррифӣ:
Полковники хизмати тиббӣ Марзия Фатурова 29 июни соли 1960 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 1983 хатм намуда, соли 1984 курси интернатураро дар кафедраи бемориҳои асаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 гузаштааст. Аз соли 1984 то соли 1986 дар беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ва аз соли 1986 то соли 1989 дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон ҳамчун духтури бемориҳои асаб фаъолият намудааст.
Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993. Аз соли 2008 дар вазифаи раиси Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Соли 2011 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали „Шафқат“ сарфароз гардидааст.
– Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббӣ моҳи ноябри соли 1993 таъсис ёфт. Комиссияи мазкур қабл аз ба фаъолият шуруъ намудани кормандони Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ онҳоро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад ва хулосаи худро ба сохторҳои марбут пешниҳод менамояд. Вазифаи асосии комиссия ташхиси тиббӣ ва бо шахсони солим таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимоти ҳарбӣ ва шахсони ихтиёрие мебошанд, ки барои таҳсил ба муассисаҳои низомии дигар кишварҳо мераванд. Ба ғайр аз ин, муоинаи тиббии наврасоне, ки ба литсеи ҳарбӣ ба таҳсил мераванд, аз ҷониби Комиссияи марказии ҳарбӣ- тиббӣ сурат мегирад.
–Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббӣ танҳо дар пойтахт фаъолият менамояд ё намояндагии Шумо дар вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ амал мекунанд?
–Комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ штатӣ ва ғайриштатӣ мешавад. Комиссияҳои ғайриштатӣ дар даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ бо фармони Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳою ноҳияҳо таъсис меёбанд. Ба ин комиссияҳо мутахассисони Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ ҷалб намешаванд. Ба ғайр аз ин, комиссияҳои ҳарбӣ- тиббии муваққатии ғайриштатӣ дар госпиталҳои сохторҳои қудратӣ низ фаъолият доранд.
– Шумо гуфтед, ки комиссияи мазкур муоинаи тиббии шахсони ихтиёриро анҷом медиҳад. Ин гуфтаатонро шарҳ медодед?
– Ба таври ихтиёрӣ прапоршикҳову афсарон муроҷиат менамоянд, яъне Комиссияи марказии ҳарбӣ- тиббӣ муоинаи тиббии ашхоси низомиро анҷом медиҳад. Ба таври даъват сарбозоне меоянд, ки барои ду сол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешаванд. Муоинаи тиббии онҳо аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ сурат мегирад.
–Фаъолияти бонувон дар комиссияҳои ҳарбӣ-тиббӣ ва умуман Вазорати мудофиа чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Дар фаъолияти Вазорати мудофиа нақши занон назаррас аст. Онҳо дар бахшҳои муҳим фаъолият менамоянд, аз ҷумла дар риштаи тиб бонувон тақрибан 90 дарсади кормандонро ташкил медиҳанд. Ин кор бо ибтикори Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Дар пешрафти кори Комиссияи марказии ҳарбӣ - тиббӣ нақши полковникҳо Тамара Протсенко ва Роза Назарова хеле муҳим аст. Онҳо ҳамроҳи ман аз соли 1993 дар Вазорати мудофиа фаъолият доранд.
– Фаъолият дар Вазорати мудофиа ба бонупизишкон чӣ афзалият медиҳад?
– Солҳои аввали фаъолият маоши мо чандон назаррас набуд. Танҳо эҳсоси масъулият ва ватандӯстӣ моро ба кор ҳидоят менамуд. Қисме аз духтурон ба хотири дарёфти маоши хубтар ба дигар кор гузаштанд ва ё ба дигар кишварҳо рафтанд. Он солҳо новобаста ба бисёр мушкилиҳо мо танҳо ба хотири субот ва ободии Ватан кор мекардем. Ба тадриҷ шароит беҳтар гашт. Имрӯз маоши кормандони Вазорати мудофиа дар муқоиса ба духтурони ҳамкасбамон аз сохторҳои шаҳрвандии давлатӣ ба маротиб баландтар аст.
– Дар байни мардум дар мавриди фаъолияти комиссияҳои муваққатии тиббӣ сару садоҳои зиёде ҳаст. Мегӯянд, ки баъзан бемории баъзе ҷавононро ба инобат нагирифта, онҳоро ба сарбозӣ даъват менамоянд. Оё Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббӣ дар ислоҳи чунин амалҳо метавонад кореро анҷом диҳад?
– Азбаски муоинаи тиббии даъватшавандаҳо аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ сурат мегирад, мо ба фаъолияти онҳо дахолат карда наметавонем. Аммо баъди ба қисми ҳарбӣ омадани ҷавонон ҳафтаи аввал онҳо такроран аз муоинаи тиббии низомӣ мегузаранд. Дар ҳолати мушоҳида шудани беморӣ сарбозро бо роҳхат ба Комиссияи марказии ҳарбӣ- тиббӣ меоранд. Мо сарбозро ба госпитали ҳарбӣ-тиббӣ хобонда аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаронида, мувофиқи Низомномаи тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ӯро қабл аз муҳлат аз хизмат озод менамоем.
Ба ғайр аз ин, дар ҳолатҳои пеш омадани мушкил дар комиссариатҳои ҳарбӣ ҳангоми муоинаи тиббии даъватшавандаҳо мутахассисони Комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббӣ ҷалб карда мешаванд. Аммо чунин ҳолатҳо хеле кам иттифоқ меафтанд.
–Шумо мутахассиси соҳаи тиб бошед ҳам, дар сохтори қудратӣ фаъолият менамоед. Низоми муайяни фаъолият ва хислатҳои ҳарбии дар тӯли кор касбнамуда берун аз кор бар суди шумост ё дар хона мушкил эҷод мекунад?
– 20 соли фаъолият дар Вазорати мудофиа маро хеле тағйир дод. Зеро кори мо ҷиддият ва масъулиятро тақозо дорад. Илова бар ин, мо дар идорае кор мекунем, ки бештар аз 90 дарсади онро мардон ташкил медиҳанд. Шояд баъзан рафтори мо ба назар дағал намояд, аммо дар асл чунин нест. Баъдан, мо на ҳама вақт соати 8 ба кор омада, соати 18 ба хона бармегардем. Аксаран то соатҳои 21–22 кор мекунем. Вақти ба хона баргаштан, он қадр хаста мешавем, ки мадори „фармон“ додан намемонад. Умуман чунин одат дорам, ки вақти аз кор ба хона баргаштан, „нек“-у „бад“ -ро дар идора гузошта, ба назди фарзандон бо табъи болида бармегардам.
– Шумо духтури бемориҳои асаб ва равоншинос ҳам ҳастед. Коҳиши ахлоқии бархе аз ҷавонон ва рафтори ношоистаи онҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Воқеан, дағалӣ ва суханони қабеҳ зиёд шудаанд. Баъзан ба хотири нашунидани чунин суханҳо мекӯшам, ки ба бозору фурӯшгоҳҳо камтар равам. Ба фикри ман, сабаби чунин муносибат дар тарбияи оилаҳо нуҳуфтааст. Мураббияҳо дар боғчаҳои бачагона, омӯзгорон дар мактабҳо ва устодон дар донишгоҳҳо саҳми худро мегузоранд, аммо вақте дағалӣ дар оила ба меъёр табдил меёбад, ислоҳ кардани хислати ҷавонону наврасон мушкил мешавад. Зеро онҳо таҳти таъсири муаллимҳо дар вақти дарс аз дағаливу дашном худдорӣ кунанд ҳам, аз мактаб берун шуда, боз кори худро давом медиҳанд. Бояд тарбияро дар оила куллан тағйир диҳем ва аз роҳҳои дигари муассир дар тарбия истифода барем, то кӯдак ё наврас муносибати бадро ба худ лоиқ надонад.
–Баъзе зодмандон имкон намедиҳанд, ки духтарони онҳо дар донишгоҳҳо таҳсили худро идома диҳанд. Назари Шумо?
– Дар байни мардум гуфтае ҳаст, ки агар дар оила 5 писару як духтар бошад ва шароит барои таҳсил муҳайё нагардад, бе тардид бояд имтиёз ба духтар дода шавад. Таълиму тарбияи фарзандон аз маърифати модар бастагии зиёд дорад, бинобар ин, бояд талош кард ва шароит муҳайё сохт, то духтарон ҳатман маълумоти олӣ гиранд.
–Дар тарбияи фарзандон аз кадом адабиёт истифода мебаред?
– Аз адабиёти классикии тоҷику форс ва рус.
– Адибони дӯстдоштаи Шумо?
– Хайём ва Фурӯғи Фаррухзод.
– Охирин китоби мутолианамудаатон?
– Чанде қабл аз тариқи Интернет романи Януш Вишневский „Танҳоӣ дар шабака“-ро мутолиа кардам, аммо чандон маъқул нашуд. Ҳоло яке аз асарҳои ҷолиби Ҷеймс Остинро мутолиа дорам.
– Такмили ихтисоси кормандони соҳаи тибби Вазорати мудофиа чӣ гуна сурат мегирад?
– Ҳамасола кормандони риштаи тиб бо фармони вазири мудофиа дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он, ба хусус дар Русия такмили ихтисос мекунанд.
– Барои муоина ва табобати кормандони вазорат шароит муҳайё аст?
– Кормандони мо дар госпитали марказии ҳарбӣ муоина ва табобат мешаванд. Барои анҷоми ин кор тамоми шароит муҳайё гардидааст ва мутахассисони варзида ба кор ҷалб шудаанд.
– Имкон доред аз тариқи маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“ ба мутахассисони ҷавон муроҷиат намоед.
– Ба ҷавонон, ба хусус духтарон гуфтаниям, ки ба Вазорати мудофиа ба кор биоянд, зеро маоши пизишкони мо хуб аст. Баъдан, дар вазорат мардони зиёде кор мекунанду шумо ҳама вақт дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор доред. Илова бар ин, ҷавононе, ки ба сарбозӣ даъват мешаванд, фарзандони худамон мебошанд ва муносибати хуб ба онҳо имкон медиҳад, ки дилпурона адои қарз намоянд, яъне дилсӯзии модарона дар табобати сарбозону афсарон нақши муҳим дорад. Сониян, либоси низомӣ ба духтарон хеле мезебад!
– Ташаккур, ба Шумо муваффақият таманно дорем.
– Сипосгузорам.
Мусоҳиб Эмомалӣ Сайидамирзод