Тобистон одатан дар деҳоти Бадахшон бемориҳои сироятӣ ва зимистон бемориҳои шадиди узвҳои нафас хуруҷ мекунанд. Марказҳои тиббӣ ва мутахассисони варзида дар хидмати мардум қарор дошта, қодиранд ҳар гуна бемориро муолиҷа кунанд. Қурбонбегим Суриева, сардори бунгоҳи тиббии деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, кормандони тибро пешоҳангони мубориза бо бемориҳо мешуморад ва бар ин бовар аст, ки солимии ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба сари сари вақт ошкор ва табобат намудани бемориҳо ва фаъолияти пурсамари ин гуна бунгоҳ ва марказҳои тиббӣ вобаста аст.
Бештари ашхоси солманд ёд доранд, ки солҳои пеш дар деҳот шахсони хилъати сафедпӯш, ки умдатан аз шумули бонувон буданд, тез-тез аз аҳволи хонаводаҳо хабар мегирифтанд ва ба атфол ва пирону барҷомондагон ройгон дору тақсим карда, сӯзандору мегузаронданд.
Ба гуфти сокинони Барсем дар деҳаи онҳо ба шарофати сардори бунгоҳи тиббӣ Қурбонбегим Суриева анъанаи хуби муносибат бо хонаводаҳо аз байн нарафтааст ва табибон на фақат ба беморон сару кор мегиранд, балки тез-тез ба наздашон меоянд ва дар мавриди тарзи ҳаёти солим маслиҳату тавсияҳо медиҳанд.
Соро Тробова, модари ҷавон, мегӯяд, ки духтур ва ё омӯзгори деҳа хоҳ -нохоҳ зери бори гарони иҷтимоъ мемонад ва иҷборан вақти зиёди худро ба хоҷагидорӣ сарф мекунаду ин ҳолат ба сифати кораш бетаъсир намемонад.Вале Қурбонбегим аз зумраи шахсонест, ки иҷрои вазифаро барояш муқаддам мешуморад.
Аз 23 соли фаъолияти кории хеш Қурбонбегим бештар аз нисфи онро дар шуъбаҳои бачагона, ҷарроҳӣ, бемориҳои сироятӣ ва токсикологӣ гузаронидааст ва аз таҷрибаи андӯхта дар ин риштаҳо истифода мекунад. Соли гузашта тундбод боми якчанд синфи мактабро чаппа кард ва гурӯҳи ихтиёриёни деҳа ба барқарор намудани он камар бастанд. Вале дар аснои кор аз беэҳтиётӣ тунука лағжида дасти яке аз коргаронро бурид. Аз барфи зиёд ва тарма роҳи нақлиёт муваққатан баста буд. Хатари аз хунравӣ ба ҳалокат расидани ҷабрдида вуҷуд дошт ва Қурбонбегим амалиёти ҷарроҳиро бар уҳда гирифта, дар якшабонарӯз ду бор пӯсту гӯшти буридашудро ба ҳам дӯхта малҳам баст. Пас аз қатъ шудани хунравӣ беморро ба беморхонаи вилоятӣ интиқол доданд.
Бино ба мушоҳидаи духтур бештари бонувони деҳа хонашин буда, ба бемориҳои камхунӣ, қанд ва фишорбаландӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Сардори бунгоҳи тиббӣ яке аз омилҳои афзоиши бемориҳоро ба истеъмоли маводи ғизоии пастсифат марбут медонад.
Сокини деҳа Тиллобегим Шайбова, мегӯяд, ки Қурбонбегим пазандаи моҳир ва тарғибгари таомҳои миллӣ аст, зеро онҳо на танҳо серғизо, балки барои муолиҷаи баъзе аз намуди бемориҳо фоидаовар низ мебошанд.
Сокинони Барсем хостори бунёди дорухона дар деҳа мебошанд ва мегӯянд, ки агарчӣ дар бунгоҳи тиббӣ дору барои рафъи дарди сар, фишорбаландӣ, дарунравӣ ва баъзе бемориҳоро дастрас мекунанд, вале дар сурати пеш омадани зарурат маҷбуранд, ки ба шаҳр раванд.
Дар Барсем 200 хонавода сукунат дошта, соли гузашта 27 тифл ба дунё омад. Сардори бунгоҳ барои ҳамаи ин атфол момодоягӣ кардааст. Субҳи рӯзе, ки бо духтур дар утоқи кориаш суҳбат доштем, ду ҳодисаи шодиовар табъашро болида намуд. Ду нафар бонуе, ки яке дар меҳмонии хоҳараш қарор дошту дигаре барои ҳамли тифли нахустин ба назди модараш ба деҳа омада буд, тифлони дӯстрӯяк таваллуд карданд. Ҳолати якеро духтур вазнин дарёфта, ӯро оҷилан ба зоишгоҳи вилоятӣ интиқол дод ва бо ёрии мутахассисон тифли солим ба дунё омад.
Як нависандаи рус дар бораи ҳаёти хоҳарони шафқат ва парасторон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ китобе таҳия карда, корнамоиашонро на камтар аз сарбозон дарёфтааст. Вале бо таассуф қайд намудааст, ки саҳми пурарзиши онҳо, ки дар майдони муҳориба ҷонбозӣ ва худқурбониҳо карданд, аз доираи таваҷҷуҳ берун мондааст. Муовини сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Нуралӣ Додалиев изҳор дошт, ки дар вилоят 164 бунгоҳи тиббӣ ва 34 маркази саломатӣ фаъолият дошта, бештар аз 1700 нафар хоҳарони шафқат ва қариб ҳазор нафар парасторон ба мардум хизмат мерасонанд ва солимии ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба кормандони хати аввали мубориза бо бемориҳо вобаста буда, ин қишр ба дастгирии ҳаматарафаи моддӣ ва маънавӣ ниёз дорад.
Ш. Мирзоҷалол