Муаррифӣ:
Шералӣ Раҷабалиев соли 1942 таваллуд шудааст. Дар хурдӣ орзу дошт, ки геолог мешавад. Аммо ҳодисае, ки дар синни 10-солагӣ бо вай рух дод, орзуи овони кӯдакиро аз ӯ салб кард. Зери чархи мошин монд ва як пояшро аз даст дод. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси асабпизишк хатм кард. Корҳои илмии зиёде анҷом додааст, беморони зиёдеро табобат намуда, дар мақомҳои гуногун фаъолият доштааст. Ҳоло бознишаста асту давлати пирӣ меронад ва дар тарбияи набераҳо саҳм мегузорад.
Шералӣ Фозилович бар замми ин ки асабпизишк аст, ҳамчунин ҷомеашиноси хуб ҳам ҳаст. Дар ин матлаб вай нуқтаи назарашро дар ду мавзуъ: омилҳои гирифторӣ ба бемориҳои асаб миёни занҳо ва сабабҳои азҳампошии оилаҳо баён доштааст.
Ӯ қабл аз он ки дар бораи гирифтории занҳо ба бемориҳои асаб суҳбат кунад, аз вижагии занҳои асабпизишк нақл мекунад. Ба гуфтаи Шералӣ Раҷабалиев, занҳо дар табобати беморони асаб маҳорати вижа доранд.
–Занҳо бисёр меҳрубонанд. Беморонро ҳам бо доруву дармон ва ҳам бо меҳру навозиш табобат мекунанд. Бонувони пизишк бисёр аҳамият медиҳанд, ки нафари бемор ором бошад. Ин навъи табобат муассир аст, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфти вай, ҷомеаи мо ду давраи авҷи бемориҳои асабро пушти сар кардааст. Давраи нахуст аз солҳои 1992–93 то 1997–98 давом карда, давраи дувум аз соли 2000 –ум шуруъ шуда, ҳоло ҳам идома дорад. Дар солҳои 1992–97 ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ки наметавонист ба асаби инсонҳо бетаъсир бошад. Аммо бештари зарбаро дар ин солҳо занҳо хӯрдаанд.
– Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба ин сӯ бемории сустии асаб миёни занҳо бисёртар мушоҳида мешавад. Шароити зиндагӣ як қисм инсонҳоро ба бемориҳои асаб гирифтор кард. Нишонаҳои бемориҳои асаб ин аст, ки занҳо тез асабонӣ ва хаста шуда, ҳангоми суҳбат дағалӣ мекарданд, ҳиссиёти кориашон кам шуда буд, –илова мекунад Шералӣ Раҷабалиев.
Дар дарозмуддат танҳоиву тарбияи фарзандони ятиммонда бонуҳоро гирифтори ин бемориҳо кард. Зан ба танҳоӣ аз уҳдаи ҳам тарбия ва ҳам таъмини моддии фарзандон баромада наметавонист. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки онҳо гирифтори бемориҳои мухталифи асаб шаванд.
– Марҳалаи дувум бо афзоиши муҳоҷирати мардон ба хориҷи кишвар сар шуд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо паҳлуҳои мусбат дорад. Не, чунин нест. Паҳлуҳои манфии муҳоҷират кам нест. Вақте дар беморхонаи Қарияи Боло фаъолият мекардам, аз солҳои 2000-ум ин тараф, рӯзҳое мешуд, ки то 7–8 зан наздам меомаданд. Шикоят мекарданд, ки хоби нағз надоранд, шунавоияшон коҳиш ёфтаст, тез ба ҳаяҷон меоянд ва ғайра. Ин нишонаи хастагии асаб аст. Аз як зан вақте аҳволи оилавиашро мепурсидам, гуфт 6 фарзанд дораду шавҳараш чанд сол аст ба муҳоҷират рафтааст ва онҳоро дигар суроғ намекунад. Фикри тарбияву таълими бачаҳо, пешбурди зиндагӣ занҳоро хаставу асабӣ мекунад, – гуфт ӯ.
Гуфтаҳои болоро хулоса карда, Шералӣ Фозилович меафзояд, ки мардум, ба вижа занҳо стресси вазнинро аз сар гузаронидаанд. Барои рафъ намудани он фурсат лозим аст. Вай пешниҳод мекунад, ки кумакҳои давлатӣ ба занҳои серфарзанде, ки шавҳар надоранд, бештар шаванд ва Кумитаи кор бо занон ва оила бо ин тоифа робитаи зичтар барқарор созад.
Дар бораи фарҳанги хонадорӣ ӯ пешниҳоди ҷолибе дорад. Мегӯяд, ки барои мустаҳкам гардидани пояҳои оилаҳои ҷавон, бояд масъулият ба 4 ҷузъ тақсим шавад.
- 25 дарсади масъулияти устувор доштани оила бар дӯши писар, 25 дарсад бар дӯши духтар, 25 дарсад бар дӯши волидайни писар ва 25 дарсади боқимонда бар дӯши зодмандони духтар вогузор гардад. Мешавад инро асоси ҳуқуқӣ бахшид. Талоқ ин тасмими охирин бояд бошад,– мегӯяд Шералӣ Фозилович.
Ҳамчун асабпизишк ба занҳои тоҷик маслиҳат медиҳад, ки: „руҳафтода“ набошанд. Занҳои тоҷик тамоми вақт ба вазниниҳо тобовар буданд. Ҳоло давлат обод шуда истодааст, оянда хуб хоҳад шуд. Занони тоҷик бояд дар ҳамин руҳия зиндагӣ кунанд.