ОМИЛҲО
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ сабабҳои асосии хуруҷи бемориҳои музминро дар тирамоҳ ба омилҳои табиӣ яъне тағироти боду ҳаво рабт медиҳанд. Вақеан, агар мутобиқи нишондодҳои олимону мутахассисон ин масъаларо таҳлил намоем, мушоҳида мекунем,ки дигар шавии боду ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун бетаъсир набуда,баръакс дар ивазшавии бофтаҳои буняи инсон (организм) ва фаъолияти муназзами онҳо таъсири гуногун мерасонад. Пажуҳишҳои олимон нишон додаанд, ки дар фасли тирамоҳ, мубодилаи моддаҳо дар буняи инсон камтар шуда, масунияти бадан ва тобоварии он (иммунитет) ба аксари бемориҳо суст мешавад. Камтар шудани гармии офтоб, омезиши сардию гармии шабонарӯзӣ , фаро расидани сардиҳои субҳгоҳӣ ва дигар хусусиятҳои табиии фасли тирамоҳ ба ин боис мегарданд.
Омили дигарро мутахассион омили инсонӣ донистаанд. Инсон, ки як ҷузъи табиат аст, хоҳу нохоҳ, дер ва ё зуд худро дар қатори дигар мавҷудоти зинда ба он мутобиқ месозад. Мутобиқсозӣ аз чанд ҷиҳат сурат мегирад. Аввалан инсон мутобиқи боду ҳаво либос иваз мекунад, то таъсири сардиҳои тирамоҳро ба бадани худ камтар созад, яъне ин ҷо масъалаи интихоби сару либоси мавсимӣ ба миён меояд. Дигар нуктаи муҳим тағир додани ғизо дар ин мавсим аст. Агар дар фасли тобистон одамон асосан нӯшокиҳои ташнашикан ва хӯроки сабуки камравғанро истеъмол кунанд, дар тирамоҳу зимистон бошад, маводи серғизо ба буня фоидаи хуб дорад. Омили дигар ин тағйири реҷаи рӯз, машқҳои варзишӣ ва истироҳату фароғат аст. Хуруҷ кардани бемориҳои мавсимӣ асосан аз риоя накардани ана ҳамин талабот ва реҷаи рӯз маншаъ мегиранд.
БЕМОРИҲО
Манбаи асосии пайдоишу хуруҷ кардани бемориҳои музмин аз нав «фаъол» шудани барандагони (микробҳо) маризӣ мебошанд,ки дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи моддаҳо дар буния (организм) ва риоя накардани реҷаи ғизо, кору истироҳат ва асосан гигиена (тозагӣ) ба миён меоянд. Масалан, аксар инсон субҳгоҳӣ бо либоси тунук ба кӯча барояд сардии ҳаво ба организм бетаъсир нахоҳад монд ва хоҳу нохоҳ роҳҳои нафаскашӣ, шушу гурдаҳо ва чашму рӯй ба истилоҳ «шамол мехуранд». Баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гӯшу бинӣ ва гулӯ,сулфа,беҳолӣ, дарди буғумҳо ва ғайра нишонаҳои бемориҳои мавсимӣ ва музмин мебошанд. Дар фасли тирамоҳ аксар одамони калонсол ва кӯдакон гирифтори ин бемориҳо мешаванд, зеро масунияти бадани тифлону пиронсолон нисбат ба ҷавонон суст аст ва аксуламали организм ба бемориҳо дар онҳо кам мешавад. Одамони калонсол дар ҷузъитарин вайрон шудани реҷа ва ё шамолхурӣ зуд гирифтори ин бемориҳо мегарданд. Табобати буняи пиршуда ҳам тӯлонӣ мешавад. Инкишофи организми кӯдакон ҳам дар синну соли гуногун ҳар гуна аст. Яке обутобёфта асту дигаре хеле нозуку ҳассос. Ин омил ҳам ҳангоми хуруҷи бемориҳо миёни кӯдакон нақши муҳим дорад. Кӯдакону наврасоне,ки инкишофи ҷисмониашон суст асту реҷаи муайяни рӯз надоранд ва дар ин мавридҳо аз ҷониби волидон назорат намешаванд, зуд-зуд гирифтори бемориҳои шамолхурӣ ва сироятӣ мегарданд. Масалан,баъд аз бозӣ оби хунук нӯшидан, бо дасти ношуста меваю сабзавоти ношустаро хӯрдан, бо бачаҳои бемор ҳамроҳ будан ва ё хоб кардан сабаби пайдо шудани бемориҳо хоҳанд гашт. Пас, муҳим аст, ки зодмандон, бахусус модарон ҳамеша реҷаи рӯзро барои фарзандонашон муайян намоянд. Бояд дар ҳар хонавода талаботҳои гигиенӣ ( шустушӯй, иваз кардани либосҳо, ғизои солим, тозагии хона,ҷиҳози хоб ва ғайра) риоя шавад.
ТАБОБАТ
Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ муроҷиат ба духтур ҳатмӣ аст. Ба худтабобаткунӣ даст задан оқибатҳои нохуш дорад, зеро танҳо духтур ва ташхиси тиббӣ манбаи асосии бемориро муайян мекунад. Пас аз он барои рафъи маризӣ табобат тавсия дода мешавад,аммо аз ҳама муҳим пешгирии беморӣ хуб аст. Барои ин риояи ҳама талаботу дастурҳои гигиенӣ ва ҳам реҷаи рӯз, муҳиманд. Ҳолатҳое мешаванд, ки волидон ба пайдо шудани бемориҳои шамолхурӣ (грипп),дарди гӯшу гулӯ ва бинӣ ва амсоли ин дар фарзандонашон ба онҳо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва фикр мекунанд, ки ин бемориҳо худ аз худ мегузаранд. Ин гуна хулосабарорӣ хатарнок аст, зеро шамолхӯрӣ аз зумраи бемориҳои хавфнок аст,ки таъсираш чандин вақт дар буния (организм) боқӣ мемонад ва дар ҳолати табобат накардан оризаҳои дигар дорад. Бемориҳои маъмул ва хатарноке, ки дар натиҷаи гирифторӣ ба грипп ва табобат накардани он рух медиҳанд, гайморит ва минингит аст.Ин маризиҳоро медонем, аммо на ҳама медонанд,ки пайдоиши онҳо аз паёмади сари вақт табобат накардани бемории грипп аст. Мувофиқи тавсияи духтурон истеъмоли маводи тавсиядодашудаи доруворӣ дар вақту соати муайян, риоя кардани реҷаи ғизо, истироҳат ва нӯшобаҳои алафҳои табобатӣ шуморо аз хуруҷи шадиди бемориҳои мавсими тирамоҳ наҷот медиҳад. Пас, донишҳои тиббию санитарӣ ва гигиении худу аҳли байтро пайваста такмил диҳед ва тарзи ҳаёти солимро интихоб намоед. Ба шумо саломатӣ таманно дорем!
Р.Камол