Раванди татбиқи ин ҳадафҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз таҳияи барномаҳои дигари мукаммали соҳавӣ заруранд, зеро сол аз сол бо тағир хӯрдани тарзи зист, ахлоқ, кору машғулият ва дигар омилҳои вобаста ба ҳаёт зуҳуроти номатлуби ба саломатӣ хатарнок густариш меёбанд. Аввалан, дар маҳалҳо зоиши хонагӣ хеле маъмул гаштааст. Коршиносон сабаби инро дар вазъи номуътадили иҷтимоии баъзе хонаводаҳо медонанд. Сабаби дигар дар сатҳи зарурӣ набудани хизматрасониҳои тиббӣ дар таваллудхонаҳои музофотӣ арзёбӣ мешавад. Ба табибон муроҷиат накардани бонувон хатари фавти атфол ва носолим гаштани занонрозиёд месозад. Аз ин ҷост, ки сол аз сол фавти кӯдакони то 1 сола зиёд шудааст ва ин хулосаи омори расмӣ аст. Масъалаи хеле ҷиддӣ ва хатарноки дигар ин сирояти бемории ВИЧ/СПИД миёни занон аст. Мутобиқи ташхису таҳлилҳо ва омори расмӣ имрӯз шумораи гирифторони ин мариз ба фоиз боло меравад, ки ҷомеа ва мутахассисонро нигарон кардааст. Сабаби асосӣ ва воқеӣ муҳоҷирати меҳнатӣ аст, яъне баъзе ҷавонмардоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданду баъд бармегарданд, баъзан худ бехабар ин бемориро чун «туҳфа» ба завҷаҳояшон «ҳадя» меоранд. Алоқаҳои тасодуфию берабти ҷинсӣ дар муҳоҷират ва ё нашъамандони тазриқӣ сабабгори асосии гирифторӣ ба ВИЧ/СПИД мебошанд. Ин бемориест, ки шахси гирифторшуда онро моҳҳо ва баъзан солҳо ҳис намекунад ва он танҳо ҳангоми ташхиси хун дақиқан муайян мегардад. Шояд ҳамин бепарвоӣ, нодонӣ ва боварӣ ба рафтору кирдори худ баъзе ҷавонмардонро гумроҳ сохта, оқибат гирифтори чунин хатар месозанд.
Мутобиқи омори расмӣ дар шаш моҳи соли равон 470 нафар гирифтори бемории ВИЧ/СПИД миёни занон ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Душанбе 137 нафар, дар вилояти Хатлон 115 нафар, дар вилояти Суғд 78 нафар, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 107 нафар ва дар ВМКБ 33 нафар занон мубталои ин мариз гаштаанд. Ин рақамҳо дар қиёс бо солҳои қаблӣ ба шумор зиёданд. Мутобиқи таҳлилҳои мутахассисон имкони коҳиш додани ин зуҳурот ва пешгирии беморӣ мавҷуд аст. Аввалан, ҳамаи муҳоҷироне, ки ба хориҷи кишвар мераванду боз меоянд, бояд аз ташхиси ҳатмӣ гузаранд ва дар муҳити оила меъёрҳои гигиениро риоя намоянд. Дастури дигаре, ки аз нигоҳи тарзи ҳаёти солим ва ахлоқи ҳамида хеле муҳим аст, болотар аз ҳама тадбирҳо қарор дорад, яъне эҳтиром ва пос доштани суннатҳои мазҳабӣ, покию озодагӣ, муҳаббату садоқат ва дурр будан аз ахлоқи баду гуноҳҳост. Пинҳон доштани ин зуҳурот ё таҳриф намудани рақамҳои оморӣ ва иқрор нашудан, ки ин беморӣ ба ҷомеаи мо таҳдид намекунад, бемасъулиятист. Ҳанӯз ҳам вақту имконият мавҷуд аст, ки пеши роҳи ин маризро бигирем ва ҳаёти солимро интихоб кунем. Ин омори хатарнок бояд ҳар лаҳза моро сари андеша орад, то таҳаммул созему тадбир ҷӯем. Дар акси ҳол об аз сар хоҳад гузашт!
Р. Камол