Осоишгоҳи «Оби шифо», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Бозорбой «Бурунов»-и шаҳри Ваҳдат, ки бо номи «Оби шӯрак» машҳур аст, аз ҷумлаи осоишгоҳҳое мебошад, ки аз мадди таваҷҷуҳи масъулон дурр мондааст. Ҳол он ки дар ҳамин мавсим рӯзе ҳудуди 400 нафар сокинони манотиқи гуногуни кишвар барои табобату баҳрабардорӣ аз оби шифобахш ба ин мавзеъ ташриф меоранд. Муштариён барои ворид шудан ба ҳавзи оби шифобахш 5 сомонӣ ва ба ҳуҷраҳои ҳавзи алоҳида бошад, 10 сомонӣ пардохт мекунанд. Ба ҳисоби кам даромади як рӯзаи ин чашмаи шифобахш 3- 3,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, ба даромади хуб аз ҳисоби муштариён нигоҳ накарда, сатҳи хидматрасонӣ дар ин осоишгоҳ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Зеро, гарчанде нисбат ба солҳои пеш буду боши табобатгирандагон дар ин осоишгоҳ зиёд шуда бошад ҳам, вале сатҳи хидматрасонӣ ва таъмини шароити табобату истироҳат дар ин ҷо беҳ нашудааст.
Ҳанӯз чанд сол пеш масъулони ин осоишгоҳ иброз доштанд, ки баҳри таъмини шароити хуби хидматрасонӣ ҳавзҳои обгирӣ ва дигар воситаҳои хидматрасонӣ аз навсозии осоишгоҳ дар назар дошта шудааст. Аммо, ҳама сола ба ҷуз баландшавии нархи истифода аз оби шифобахш дигар ягон дигаргуние дар осоишгоҳи «Оби шифо» мушоҳида намешавад.
Аз гуфти табобатгирандагон бар меояд, ки нисбат ба солҳои гузашта нархи як сеанси табобат дар ҳавзхонаи осоишгоҳ аз 3 то 5 сомонӣ боло рафта аст. Арзиши шабонарӯзии истифода аз меҳмонхонаи осоишгоҳ бошад, барои як нафар бидуни таъмини ғизо 20 сомониро ташкил медиҳад. Ин аст, ки иддае аз табобатгирандагон бар ивази 8-10 сомонӣ дар як шабонарӯз ҳуҷраҳои алоҳидаи манзилҳои сокинони наздики исоишгоҳро иҷора мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар дараи «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат низ чашмаҳои дорои оби шифобахш мавҷуд буда, сатҳи хидматрасонии онҳо нисбат ба осоишгоҳи «Оби шифо» беҳтар аст. Аммо, чаро масъулони осоишгоҳи ба қавли мардум «Оби шӯрак» дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ нестанд, суолест матраҳ. Охир аз ҳисоби даромади муфти чашмаи табии «Оби шифо» фоидаи зиёд ба даст меояд.
Дар ҳамин ҳол соҳибназарон иддао доранд, ки дар кишварҳои маданӣ дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат истифодабарии чашмаҳои табиӣ, ки неъмати умумихалқӣ ба ҳисоб меравад, ройгон аст. Яъне шаҳрвандон дар истифодаи ройгон аз манбаҳои шифобахши табиие, ки қариб харроҷоте надоранд, ҳуқуқи баробар доранд.
Масалан, дар Олмон натанҳо табобату истифода аз чашмаҳои шифобахш ройгон аст, балки масъулон оби ин чашмаҳоро тариқи лулаҳо ба марказҳои шаҳрҳо интиқол дода, осоишгоҳ, мавзеҳои истироҳатӣ ва ҳатто меҳмонхонаҳои шаҳрҳои наздик ба чашмаҳои шифобахшро низ бо чумаки оби табобатӣ таъмин мекунанд.
Аммо дар кишвари, мо ки алъон барои амалӣ намудани инчунин лоиҳаҳои рушди иҷтимоӣ имкони молӣ надорем, лоақл дар мавзеи воқеъ истифода аз обҳои шифобахш ройгон бошад. Агар, ҳоло ҳам ба таъмини чунин имтиёзҳо барои мардум омода набошем, лоақал нархи воридшудан ба оби шифобахшро арзонтар намоем. Зеро обҳои шифобахш маҳсули истеҳсоли нафаре нест, ки барои аз қаъри замин баровардани он маблағ сарф намуда бошанд, балки неъмати табиат аст.
. сол пеш бо ибтикори соҳибкорони дохилию дастгирии ширкати хориҷӣ оби шифобахши «Чилучор-чашма» бояд вориди бозор мешуд, аммо иддае аз масъулони вақт бо далели он ки тиҷорати неъмати табиӣ мамнуъ аст, фаъолияти коргоҳи зарфпуркунии назди ин чашмаи табииро манъ намуданд. Пас, суоле ба миён меояд, ки фурӯши оби чашмаҳои табии дар зарфҳо аз истифодаи пулакии инчунин обҳои шифобахш чӣ фарқ дорад, ки яке мамнуъ асту дигаре на?
Ҷ. Сайфиддинов