Аввалину охирин сухане, ки инсонҳо ҳангоми мулоқоту хайрухуш ба ҳамдигар иброз медоранд, ин таманнои саломатии якдигар аст. Пас, тандурустӣ ва интихоби ҳаёти солим дар зиндагии мардум ҷойгоҳи вижае доштааст, аммо оё инро ҳама медонанд? Мусоҳиби мо директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Гурез Азимов баъзе самтҳои муҳими ин масъаларо баррасӣ намуд.
Тарзи ҳаёти ҳар шахс метавонад омилҳои беҳ-дошт ва ё хатарнокро барои саломатиаш эҷод намояд. Пас,чӣ бояд кард?
- Ба фикри баъзе муаллифон тарзи ҳаёти солимро ҳамчун фаъолияти ҳаётии одам, бо меъёрҳои мувофиқи тиббию беҳдоштӣ (гигиенӣ) ё ки рафтори модели ақибгоҳи тиббӣ – гигиенӣ муайян кардан мумкин аст. 10 меъёри бартаридоштаи тарзи ҳаёти солимро ҷудо мекунанд (аслан рафтори гигиенӣ). Миёни онҳо риоя намудани қоидаи гигиенаи (беҳдошти) меҳнат ва техникаи бехатарӣ; тарзҳои (услубҳои) худёридиҳии руҳигигиенӣ ва руҳитерапевтӣ; даст кашидан аз тамокукашӣ ва суиистеъмоли машрубот; фаъолнокии ҷисмонии ба дараҷаи кофӣ; ғизои солим; сари вақт муроҷиат намудан ба ёрии тиббӣ; тавонистани расонидани ёрии аввалияи то духтурӣ (тиббӣ) афзалият доранд.
Дар ҳақиқат ин меъёрҳо зоҳир намудани фаъолнокии мусбати тиббӣ мебошанд.
Риоя накардани реҷаи хӯрок солҳои охир то ҷое ба афзоиши бемориҳои алиментарӣ миёни аҳолӣ мусоидат кард. Бештар норасоии оҳан дар организм (буня), бемории ҷоғар, анемия (камхунӣ) ва ҳатто фарбеҳӣ миёни бонувон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ин самт тандурустии ҷамъиятиро чӣ тавр бояд ба роҳ монд?
- Тавсияҳои ТУТ оид ба бартараф намудани омил-ҳои таваккалӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим басо аниқ мебошанд. Масалан, барои пешгирии бемории ишемиявии дил ва дигар бемориҳои музмин Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ маслиҳат медиҳад:
- Ғизои дуруст (равғанҳои ҳайвонот камтар, зиёдтар мева ва сабзавот дошта бошад) барои паст намудани сатҳи холестерин дар хун ва пешгирии фарбеҳӣ; даст кашидан аз тамокукашӣ; кам кардани миқдори намаки ошӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ, инчунин барвақт дарёфт (муайян) намудани фишорбаландӣ ва мубориза бо он; нигоҳ доштани вазни муътадили (муқаррарии) бадан ва машғулиятҳои ҷисмонӣ, ҳамчун қисми асосии ҳаёти ҳамарӯза, кам кардани стресси иҷтимоӣ ва касбӣ муҳим мебошанд.
Агар ба ин тавсияҳо оид ба риоя намудани реҷаи кор, истироҳат, таҳсил, дархостҳои аниқ оид ба паст намудани ҳаяҷони (стресс) иҷтимоӣ ва касбӣ, дар бораи зарурияти риояи қатъии алоҳидаи тиббӣ, талаботи тиббию равонӣ ва дигар, ки бо ифодаҳои фаъолнокии тиббии барои саломатӣ мусоид алоқаманд мебошанд, муносибат кунем, он вақт номбаркардаро ҳамчун барномаи тиббии ташаккули тарзи ҳаёти солим шарҳ додан мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фоизи тамокукашон ва шаробнӯшон маълумоти саҳеҳ нест, аммо миёни як зумра бонувон ин одатҳо ҷой доранд. Мавҷудияти чунин омил чӣ хатар дорад?
- Дар вақти муайян намудани чораҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии одатҳои номатлуби ба саломатӣ хатарнок, махсусан маълумот дар бораи омилҳои таваккалии (хавфи) монанд дар мавриди бемориҳои гуногун заруранд. Масалан, ғизои нодурусти номунтазам ба қатори омилҳои таваккалӣ оид ба бемории ишимияи дил, бемории қанд, омоси меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ворид шудааст. Ба хуруҷи ин бемориҳо тамокукашӣ, истеъмоли машрубот, собиқаи корӣ, эҳсосоти руҳӣ ва ғайра таъсири намоён мерасонанд. Мушоҳидаҳои зикршуда аҳамияти асосӣ доранд, чунки дар мубориза бо бемориҳои паҳншудаи ғайриэпидемикӣ, бемориҳои музмин ва пешгирии онҳо имконияти коркарди тактикаи умумӣ бештар мегардад. Тамокукашӣ ва шаробнӯшӣ бахусус барои бонувон зарари хеле ҷиддӣ дорад,зеро буняи онҳо нисбатан нозуку ҳассос буда, аз ҳамагуна микробу заҳрҳо зуд осеб мебинад. Он андеша, ки тамоку ва ё шароб таскиндиҳандаи руҳу асаб асту гоҳ-гоҳе фаъолияти буняи инсонро ба танзим меорад, ғалат аст.Тамокукашӣ ба пӯсти нозуки занҳо тез таъсир карда бофтаҳоро вайрон мекунад ва ранги онро тира месозад, яъне кушандаи зебоӣ ва таровати занона аст.Шароб ҳам ҳамин гуна таъсир дорад. Пас, парҳез аз ин одатҳо кафили ҳаёти солим аст.
Фаъолияти ҷисмонӣ ва фарҳанги ҷисмонӣ бояд чӣ гуна бошанд?
Фаъолияти ҷисмонӣ аз фарҳанги ҷисмонӣ маншаъ мегирад.Агар мо рисолати тану руҳи худро дарк насозем ва бо ақлу равони худ дар парастиши онҳо талош наварзем, фарҳанги ҷисмонӣ ташаккул нахоҳад ёфт. Вақте фарҳанг коста аст, фаъолияти ҷисмонии мо берабту бенизом хоҳад буд ва оқибаташ бемориҳою ноҷӯриҳои руҳию равонӣ аст.
Ҳамин тавр, тарзи ҳаёти солим ин фаъолияти барои шароитҳои муайяни иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ ва дигарон, ки ба ҳифз, беҳтар ва мустаҳкам намудани саломатии одамон равона карда шудаанд, бисёртар хос мебошад.Нақшаи ё худ барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим ба таври зайл мураттаб шудааст:
Ташаккули тарзи ҳаёти солим
Ташкил намудан ва инкишоф додани омилҳои саломатӣ | Бартараф намудани омилҳои таваккалӣ |
- фаъолнокии меҳнатии баланд; - аз меҳнат қаноатманд будан; - фаъолнокии тиббии баланд; - ҳузуру ҳаловати ҷисмонӣ ва самимӣ (аз дилу ҷон), инкишофи муттаносиби фаъолияти ҷисмонӣ ва зеҳнӣ (ақлӣ); - мавқеи фаъоли ҳаётӣ; - фаъолнокии иҷтимоӣ, некбинии иҷтимоӣ, сатҳи баланди маданӣ; - фаъолнокии экологӣ, - рафтори моҳиронаи экологӣ, фаъолият оид ба беҳдошти муҳити атроф; - фаъолнокии баланди ҷисмонӣ; - ғизои баробари (мувозинаи) оқилона; - муносибатҳои дӯстонаи оилавӣ, батартибии ҳаёт (зист): - омилҳои дигари тарзи ҳаёти солим. | - фаъолнокии меҳнатии паст; - аз меҳнат қаноатманд набудан; - фаъолнокии тиббии паст; - бефаъолиятӣ, беҳаловатӣ, шиддатнокии асабонӣ ва руҳӣ; - фаъолнокии пасти иҷтимоӣ; - сатҳи пасти маданӣ; - ифлосии муҳити атроф, - фаъолнокии пасти экологӣ; - фаъолнокии пасти ҷисмонӣ, камҳаракатӣ; - ғизои нобаробари нооқилона; - истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани маводи нашъадор ва дигар маводи заҳрдор; - шиддатнокии муносибатҳои оилавӣ, ҳаёти носолим; - дигар омилҳои носолими тарзи ҳаёт. |
Ҳар як инсон новобаста аз синну солаш хоҳ пир бошад хоҳ ҷавон, бояд шуғли бештаре ба варзиш дошта бошад. Ба гумонам, бо назардошти реҷаи муайян ҳар қадаре, ки шахс ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шавад, ҳеҷ зараре нахоҳад дошт. Фаъолияти пайвастаи ҷисмонӣ барои инкишофи ҳолати руҳию ҷисмонии инсон таъсири мусбат мерасонад. Машқу тамринҳо инсонро аз руҳафтодагию афсурдаҳолӣ раҳо месозанд, инчунин хотираро мустаҳкаму қавӣ мегардонанд.
Машқҳои ҷисмонӣ миқдори метохандряҳо - ҷузъҳои муҳимтарини таркиби ҳуҷайраи зинда, ки ҳуҷайраҳоро бо энергия ва нафаскашӣ таъмин мекунад, афзун менамоянд. Қуввату тавоноӣ ва тобоварии варзишгарон ҳангоми мусобиқаҳо маҳз аз натиҷаи зиёдшавии ҳамин метохандряҳо мебошад.
Ҳамзамон, фаъолияти ҷисмонӣ барои пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди шаробнӯшию нашъамандӣ, истеъмоли маводи тамоку, даст задан ба амалҳои зишт, қонуншиканӣ ва ғайра нақши муассир дорад. Муҳимтар аз ҳама барои таъмини тарзи солими ҳаёт мусоидат хоҳад кард. Боқӣ, солим бошед!
Ташаккур ва саломат бошед!
“Бонувони Тоҷикистон”