Сабабҳои афзоиши беморӣ
Афзоиши сатҳи бемории рахит миёни тифлон дар ноҳияи Восеъ аз мавзуъҳое мебошад, ки табибону мутахассисони соҳаро бетараф намегузорад. Оилаҳое, ки тифлонашон гирифтори ин беморӣ шудаанд, аз оқибатҳои он изҳори нигаронӣ мекунанд. Зоир Бобоев, муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, иброз медорад, ки ҳудуди 60 дарсади тифлони нав ба дунё омада, нишонаҳои бемории рахитро доранд.
Мутахассисон сабаби афзоиши ин бемориро ба сатҳи пасти шароити иҷтимоии мардум рабт медиҳанд. Тибқи таҳлилҳои коршиносон ба бемории рахит бештар тифлони аз модарони камхун ба дунё омада, гирифтор мешаванд. Мутаассифона, 80 дарсади бонувони ҳомиладори ноҳия аз камхунӣ азият мекашанд.
Ҳамчунин норасоии витамини Д ва элемент-ҳои фосфор ва калий дар бадани тифлон, онҳоро мубталои рахит менамояд. Аз ин рӯ, модароне, ки давраи шашмоҳагии ҳомиладориро паси сар мекунанд, марҳилаи нахустини пешгирӣ аз бемории рахитро гузашта, ба онҳо витамини Д дода мешавад.
Омили дувуми пешгирӣ аз бемории рахит ин эмкунии витамини Д дар тифлони синни ду моҳа аст, ки дар 7 моҳагии ҳомиладорӣ ба дунё омадаанд.
Тибқи маълумоти коршиносон ба тифлони аз синни шашмоҳа боло, ки нишонаҳои ин беморӣ дар онҳо мушоҳида мешавад, истеъмоли равған ва гӯшти моҳӣ тавсия дода мешавад, зеро ин ғизоҳо элементҳои фосфор ва калтсий доранд.
Нишонаҳои рахит
Ба гуфти мутахассисони соҳа як нишонаи пайдошавии бемории рахит ин пайваста безобита шудани тифлон аст. Надоштани иштиҳо, арақкунии бемаврид, аз ҳаҷми муқаррарӣ зиёдтар шудани косахонаи сару шиками тифл нишонаҳои дигари ин беморӣ аст. Ҳамчунин дар баъзе тифлони гирифтори рахит каҷшавии сутунмуҳра ва деформатсия додани қафаси сина низ мушоҳида мешавад.
Бо таъкиди табибон барои пешгирӣ аз оқибат-ҳои ин беморӣ бояд сари вақт ба онҳо муроҷиат намуд, вагарна ин беморӣ таъсир ба генофонди миллат мерасонад. Зеро кӯдаки бемори рахит, ки сари вақт табобат намешавад, аз лиҳози ҷисмонӣ ва инкишофи системаи асаб солим ташаккул намеёбад.
Бехабарии аҳолӣ
Дар аҳди шӯравӣ бемории рахит дар байни кӯдакон камтар мушоҳида мешуд. Зеро дар он давра баробари сатҳи хуби иҷтимоии мардум духтурон низ аз рӯйи барномаҳои махсус ба хонаҳо рафта, ба кӯдакон витамини Д мехӯрониданд. Тибқи иттилои Баҳоваддин Азизов, мудири шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, ҳоло 70% атфол бо нишонаҳои рахит ба дунё меоянд. Ӯ дар иртибот ба сабабҳои афзоиши ин навъи маризӣ чунин мегӯяд:
– Як сабаби афзоиши ин бемории кӯдакона бемаълумотии модарон аст, ки аз одитарин роҳҳо, яъне таъмини кӯдак бо ҳавои тозаву нури офтоб истифода намебаранд.
Аз суҳбат бо модарон маълум шуд, ки эроди духтурон оид ба сатҳи пасти маълумотнокии модарон ҷой дорад. Ҳадисамоҳ Чиллаева, сокини ноҳияи Ховалинг, мегӯяд: «Нисбати бемори рахит вақте маълумот пайдо кардам, ки духтурон дар бадани тифлам нишонаҳои онро кашф карданд. Мо ба деҳаи Зелолаки Ховалинг кӯчидем, аммо дар деҳа мактаб набуд. Худам, ки ҳамагӣ маълумоти синфи 2 дорам, чаҳор фарзандам бесавод намонанд гуфта, ба ноҳияи Восеъ назди зодмандонам баргаштам».
Муҳаббат Каримова, сокини ноҳияи Восеъ, баъди 6 соли сукунат дар деҳаи Зелолаки ноҳияи Ховалинг ба Восеъ баргаштааст:
– Азбаски дар Зелолак ҳамагӣ 15 оила сукунат доранд, мактаб сохта нашудааст. Дар деҳае, ки мактаб надорад, мардум аз куҷо оид ба ин ё он беморӣ маълумот дошта метавонанд, –таъкид месозад ӯ.
Мунира Раҳимова, сокини деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Тугарак, ҳамагӣ маълумоти синфи 9 дорад. Аз пайдо шудани нишонаҳои бемории рахит дар бадани тифлаш изҳори нигаронӣ менамояд, аммо оид ба ин беморӣ маълумот надорад.
60% -и тифлони навзод беморанд
Тибқи иттилои Баҳоваддин Азизов, мудири шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳиявии Восеъ, солҳои охир аз 10 нафар кӯдакони то синни яксола, ки ба қабули духтурон оварда мешаванд, 6-7 нафараш нишонаҳои бемории рахит дорад.
Ба гуфти ӯ гирифторони рахит хатари сироятшавӣ ба дигар бемориҳоро доранд. Зеро ин беморӣ иммунитети кӯдаконро заиф намуда, онҳо одитарин бемориҳоро бо мушкилӣ паси сар мекунанд. Масалан, бештари ҳолат кӯдакони хурди гирифтори рахит бемории дарунравиро вазнин мегузаронанд ва аз ин ҳисоб дар тобистон афзоиши бемориҳои кӯдакона дар ноҳияи Восеъ зиёд мешавад.
Дар Кӯлоб вазъи рахит муътадил аст, аммо…
Дар шаҳри Кӯлоб вазъи бемории рахит миёни кӯдакон муътадил арзёбӣ мегардад. Камолиддин Икромов, директори маркази солимии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб, иброз медорад, ки аз ҳар 10 кӯдаки аз ташхис гузашта, дар 2-3 нафари онҳо нишонаҳои бемории рахит мушоҳида мешавад.
Тибқи гуфтаи ӯ аз 1500-2000 тифлони як соли охир ба дунё омада, 200-300 нафарашон нишонаҳои бемории рахит доранд.
Вазъ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Зимни боздид аз беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълум шуд, ки аксари модарони тифлони гирифтори рахит аз камхунӣ азият мекашанд. Бар замми ин аз шароити пасти зиндагӣ модарони ҷавон оид ба роҳҳои беҳдошти вазъи солимии худ ва тифлонашон маълумоти кофӣ надоранд.
Вазъи бемории рахит миёни тифлон, камхунии модарон ва сатҳи маълумотнокии аҳолӣ бобати пешгирӣ аз ин беморӣ дар ноҳияи Темурмалик низ ташвишовар арзёбӣ мегардад.
Умуман, аҳолии тамоми шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз вазъи бемории рахит изҳори нигаронӣ намуда, мунтазиранд, ки масъулини соҳаи тандурустӣ барномаи ҷадидеро дар самти пешгирӣ аз афзоиши ин беморӣ мавриди амал қарор медиҳанд.
Билоли Шамс,
аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон