Риояи реҷаи хӯрок, меъёри истеъмоли маводи гӯштӣ, хамирӣ,нӯшокиҳои ташнашикан ва ғайра фаъолияти муназзами организми инсонро таъмин хоҳанд кард, аммо вокеият чунон аст, ким о шояд аксар ин қавоидро медонему риоя намекунем. Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд,ки омили асосии пайдо шудани аксари бемориҳо риоя накардани меъёри ғизохурӣ аст.
Манбаи асоии буняи инсон карбогидритҳо мебошанд. Онҳо дар ҳуҷайра таҷзия ва оксид шуда ба ғизо табдил меёбад. Карбогидритҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: Карбогидритҳои дар об ҳалшаванда ва ҳалнашаванда. Буняи инсон қудрати аз маводи ғайриорганикӣ ҷудо кардани карбогидритҳоро надорад. Манбаи асосӣ меваю сабзавот,растаниҳои ғӣзоӣ ва хӯрокҳои гуногуни гӯштию ширӣ ҳастанд.Қисмати зиёди карбогидритҳо дар таркиби ғизоҳои хамирӣ,картошка, ангур ва ғайра мавҷуданд. Сафеда бошад аз муҳимтарин маводи буняи инсон ва мавҷудоти зинда аст.Ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳои буня, ҳормонҳо, гемоглобин ва дигар пайвастагиҳои муҳими организм аз сафедаҳо таркиб ёфтаанд. Норасоии сафедаҳо ба амрози гуногун оварда мерасонанд. Миқдори зиёди сафедаҳо дар таркиби гӯшти гов, гӯшту тухми мурғ ва рустаниҳо мавҷуданд. Мутобиқи таҳлилу ташхиси мутахассисон барои буняи инсон дар як рӯз 90-100 г сафеда зарур аст.
Витаминҳо ҳам барои фаъолияти муназзами организми инсон ва мубодилаи моддаҳо нақши асосиро мебозанд. Онҳо фаъолияти асаб, дилу рагҳои хун ва узвҳои ҳозимаро танзим мекунанд.Норасоии витаминҳо, муқовимати организмро ба бемориҳо суст карда боиси кам гардидани нерӯи рӯҳию ҷисмонӣ мегарданд. Ишораи мо ба чанд манбаи асосӣ ва муҳими буняи инсон аз он лиҳоз буд, ки ҳар кас бояд заминаҳои воқеӣ ва табиии фаъол будани организми худро дона два мутобиқи сохтори ин манобеъ амал намояд. Имрӯз миёни бонувони аз 35-40 сола боло фарбеҳӣ зиёд мушоҳида мешавад. Яке аз омилҳои асосӣ пурхуриву камҳаракатӣ аст. Истеъмоли зиёди ғизоҳои хамирӣ ва дар баробари ин риоя накардани реҷаи хӯроку хоб сарчашмаи бемориҳо ҳастанд,ки яке аз онҳо фарбеҳист. Фарбеҳӣ метавонад сабабгори пайдо шудани бемории диабети қанд гардад. Баъзеҳо одати пас аз хӯрдани ғизо хоб рафтанро доранд, ки ин хеле хатарнок аст. Онҳо гумон мекунанд, ки дар ин ҳолатҳо организм роҳат мекунад ва тану рӯҳашон ором мегардад.Аммо ин андешаи ғалат ва амали ноҷост. Ин одати хеле ба даст,ки хатари гирифтор шуданро ба бемориҳои меъдаю рӯда ва ҷигару гурда зиёд месозад.Баъзеҳо одате доранд, ки вақти субҳона, наҳорӣ ва ё шом пайи ҳам чанд ғизоро истеъмол намоянд.Хӯроки аввал, баъд дуюм ва боз болои он торту шириниҳои гуногун. Шумо боре фикр кардаед, ки дар як меъдаи андозааш мисли кафи даст ин қадар ғизо чӣ хел ҷой мегирад? Ва ҳамин меъдаи халтамонанд пури пур мешаваду ҳазми ду –се намуд ғизоро ба зимааш мегирад. Азоб мекашад,дар мекунад, печу тоб мехурад ва оқибат аз баднафсии шумо осеб мебинад. Шумо бошед ба ӯ вақти истироҳату роҳатро намедиҳед. Сабаби дигари гирифториҳо ба бемориҳои меъдаю рӯда аз меъёр зиёд истеъмоли нон аст.Мо одат кардаем,ки ҳатто оши паловро бо нон хурем ва ҳангоми қабули ғизоҳои дигари хамирӣ ҳам нонро истеъмол кунем. Мутобиқи ташхису хулосаҳои табибон истеъмоли зиёди нон ҳам сабабгори пайдошавии бемории диабети қанд мешавад. Ҳар мавсими табиат вижагиҳои худро дорад. Агар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон истеъмоли ғизоҳои серколория ба буняи инсон муфид бошанд, (албатта аз рӯйи меъёр) дар баҳопру тобистон хӯрдани меваю сабзавот нафъи хзиёд дорад. Ин дастури хеле қадимӣ ва санҷидашудаест, ки риояи он кафолати тану рӯҳи солим хоҳад буд. Бахусус, дар ин моҳи шариф, ки аксар ба хотири анҷом додани рукнҳои муқаддаси мазҳабӣ рӯза медорандт ва худро пок месозанд, аммо дар ин рӯзҳо низ субҳу шом меъдаро бо ғизои зиёд пур кардан ва манфиат нест. Ҳамааш бояд аз рӯйи меъёру андоза бошад. Гурусна нишастан ҳам дар мавридҳои зарурӣ бо тавсияи табибон як навъи табобат аст, аммо ин усул ҳам қавоиди худро дорад, ки бояд бидонеду риоя кунед.. дар ин мавсим агар аз истеъмоли зиёди ғизоҳои хамирӣ, гӯштӣ, шириниҳои гуногун, ба амсоли торт худдорӣ кунему бештар меваю сабзавот,нӯшокиҳо аз гиёҳҳои табииро истеъмол намоем, аз манфиат орӣ нахоҳад буд. Мо сухани зиёд нагуфтем ва танҳо бозгӯ кардем он даструрҳоеро, ки борҳо хондаеду медонед, аммо суол он аст, ки чаро ин ҳамаро хеле кам риоя мекунем? Дар анҷом як дастури хеле маъмулу машҳурро , ки ба ҳукми панд аст, ёдовар мешавем, ки чунин аст:
Кам гуфтану кам хуфтану кам хӯрдан.
Ин аст кафолати тану рӯҳи солими инсон!
Бонувони Тоҷикистон