Мелоди орзу
Чиҳил сол пеш дар як оилаи рустои ноҳияи Айнӣ модаре дард мекашиду аҳли хонавода интизори омадани духтури деҳа буданд. Вақте Анна Павловна вориди ҳавлӣ шуд, аз рухсораҳои ашколуди Рафоат, ки гиря нафасгираш мекард, бӯсида тасаллояш дод: «Ҳозир модаратро табобат карда, ба ӯ нинача медиҳам».
Он рӯз садои тифли навзод дар ҳавлӣ танинандоз буду Рафоат, ки атрофи модару навзод мисли парвона буд, хуррамона гуфт: «Ман ҳам калон шавам, Анна-хола мешавам». Аҳли оила орзуҳои кӯдаконаи ӯро шавқи лаҳзаина мепиндоштанд, аммо бо мурури вақт орзуҳои наврасӣ ба тасмимҳои ҷиддӣ бадал ёфтанд. «То расидан ба орзу чӣ қадар шабҳо бедорхобӣ кашида ва дар олами руъёи ширин чи теъдод тифлон рӯйи дастонам таваллуд шудаанд», – ба хотир меорад ӯ.
Барои расидан ба орзуҳо роҳнамояш панди модар буд: «Духтарам, барои ба орзу расидан ҷаҳду талош намо, вагарна орзуҳо ба афсона табдил меёбанд».
Пайроҳаи мақсуд
Соли 1983 Рафоат Сангинова ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро аъло хатм намуд. Бо амри тақдир ба ҷавони низомӣ оила барпо намуд ва онҳо ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч бастанд. Тарбияи тифли навзоду эҳтиёҷи ноҳия ба момодоя Рафоатро водор мекард, ки нақшаи ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуданро ба вақти дигар гузорад.
– Ҳарчанд ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинонаш бароям ноошно буд, аммо неруи умедбахше фароям гирифт. Зеро фурсате расид, ки мисли Анна Павловна ба хидмати мардум оғоз кунам. Бар ивази инояти Парвардигор, ки маро ба орзуи момодоя шудан мушарраф гардонид, ҳадаф гузоштам бо сидқ ба касбу кор боварии халқро сазовор шавам.
Як омили дастёбии мо дар танзими оила доштани момодояе мисли Рафоат Сангинова мебошад, ки байни мардум иззату эҳтироми хос дошта, маслиҳатгару роҳнамои занон аст, - мегӯянд ҳамкоронаш аз Маркази солими репродуктивии ноҳияи Рӯдакӣ. Ӯ бо хидмати софдилона, инсондӯстию меҳрубониаш ба модарону тифлон, азизу муътабари мардум аст.
Набояд камхун бошемДар огоҳии мардум баҳри ба танзим даровардани оилаҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омадаанд, вале ба гуфти Рафоат Сангинова дар пешгирии ҳамли номатлуб ва табобати занони камхуну беморони гурда бояд корҳои зиёдро ба сомон расонд.
– Аз назари тиб афзоиши ин бемориҳо омилҳои иҷтимоӣ доранд, аммо дар кишвари офтобии мо, ки сабзавоту полезӣ ва дигар неъматҳои табиӣ фаровонанд, маълумотнокию воқифгардонии модарони кам-хун оид ба истифодаи дурусти ғизо роҳи пешгирӣ аз камхунӣ аст. Имрӯз як бонуи ғарбӣ бо чӣ роҳҳое витаминҳои барои худ лозимаро дастрасу истифода мебарад, аммо баъзе бонувони мо ба ҷойи истифода аз неъматҳои табиии ватанӣ, ки дорои ҳамагуна витаминҳои фоидаоваранд, ба доруҳои кимиёӣ эътимод доранд.
Омили дувуми пешгирӣ аз камхунӣ риояи фосилаи таваллуд аст, зеро зан то таваллуди тифл аз 250 то 500 грамм хун талаф медиҳад, мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Агарчанде аз назари тиб риояи фосилаи таваллуд 2 сол таъйин шудааст, бонувоне, ки ба солимии худ бештар диққат медиҳанд, фосилаи таваллудро 3-4 сол риоя мекунанд, ки ин ҳам ба солимии модар ва ҳам таваллуди насли солим аҳамият дорад. Дар баробари ин, ба занони ҳомила машварат медиҳем, ки дар марҳилаи ҳомиладорӣ моҳе як маротиба аз назари мутахассиси момодоя гузаранд.
Ба суоли дар солимгардонии модарони гирифтори камхунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ чӣ корҳо бурда истодаед, бону Рафоат чунин посух гуфт: «Аз тариқи радио ва рӯзномаи ноҳиявии «Насима» ба бонувони камхун машварат медиҳем, ки нони гандумӣ, офтобпараст, караму лаблабу ва маҳсулоти ширию хӯришҳои аз сабзавоти тару тоза тайёркардашударо бештар истеъмол намоянд. Бояд сатҳи маълумотнокии ҷомеаро оид ба маҳсулоте, ки хунро зиёд мекунад, баланд бардошт.
Момодоя ва никоҳи хешутаборӣ
Дар мавриди гуногунандешиҳои табибону аҳли дин дар баҳси никоҳи хешутаборӣ бону Рафоат мегӯяд, ки пешгирӣ аз издивоҷи бародару хоҳари дувум (амакзода ё холабача) зарурияти иҷтимоист. Зеро дар баробари афзоиши аҳолӣ ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ, ки ба заъфшавии табиӣ ва кӯтоҳумрии инсоният мерасонанд, ба дунё омадани насли носолим аз никоҳи хешутаборӣ дучанд меафзояд. То охири солҳои 80-ум хатари таваллуди фарзандони носолим аз никоҳи хешутаборӣ камтар мушоҳида мегардид, зеро иммунитети насли ҷавон қавӣ ва сатҳи солимии ҷомеа беҳтар буд. Аммо дар 20 соли охир таваллуди фарзандони иллатманд аз издивоҷи хешутаборӣ зиёд мушоҳида мешавад.
Як маслиҳат
– Бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки миёни модарони ҷавон вохӯриҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз ҳамли номатлуб бештар гузаронем, то бонувон ба исқоти ҳамл камтар рӯ ба рӯ шаванд. Истифодаи пешгирикунандаҳои ҳомиладории номатлуб мавзуест, ки зарурат ба тадқиқу омӯзишҳои пайваста дорад. Зеро хусусиятҳои биологии организми баъзе инсонҳо ба воситаҳои пешгирикунанда аз ҳомиладорӣ мувофиқ нест. Аз ин рӯ, духтурони момодояро мебояд баъд аз омӯзиши натиҷаи ташхиси тиббии модарони ҷавон, ба онҳо истифодаи ин ё он воситаҳои дохилираҳмиро тавсия диҳанд.
Ба гуфти ӯ истифодаи сӯзандору (ДПО) барои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб бештар ба занони аз синни 35- сола боло тавсия дода мешавад, зеро ин гуна воситаи пешгирикунанда ба бонувони ҷавон оризиҳо дорад.
Ӯ табиби ҳабиб аст
Тибқи гуфтаи бону Рафоат бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дармонгоҳи нави замонавӣ бунёд ёфта истодааст. Ягона мушкили соҳаи момодоягӣ ин аст, ки то ҳол на ҳамаи занони ҳомила сари вақт аз қайди шуъбаҳои момодоягӣ мегузаранд.
Рисолати касбӣ ӯро водор менамояд, ки дар баробари табобат дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ки ба бемории модарон оварда мерасонад, ба онҳо ёрии амалӣ ҳам расонад. Бонувони ноҳияро масоили бекорию хонанишинӣ ва ба дарозо дар муҳоҷират қарор доштани шавҳаронашон асабонию баъдан гирифтори баъзе бемориҳо мегардонад, мегӯяд ӯ.
– Дар аксар оилаҳо наварӯсон бар замми ҷудоӣ аз шавҳари ба муҳоҷират рафта, аз муносибати носолими оилаи шавҳар дучори мушкилоти равонӣ мешаванд. Аз ин рӯ, бонувони русто ҳамеша ба маслиҳатгару роҳнамои зиндагӣ ниёз доранд.
Рафоат на танҳо табиб, балки ҳабиби мушфиқ ва ҳамдаму ҳамнафаси мо, занон, аст, ки суҳбаташ хастагиҳоро рафъу «захм»-ҳои дилро малҳам мебахшад, мегӯяд бонуе, ки дар навбати қабулгоҳи духтур меистод.
Ҷамолиддин Сайфиддинов