Нос
“Ҳангоми истеъмоли нос коркарди нутфа қатъ мегардад, функсияи наслгузорӣ халал меёбад ва имкони барқарор намудани он қариб вуҷуд надорад”. Ба чунин хулоса омадаанд гуруҳи олимон аз Пажуҳишгоҳи проблемаҳои тиббии Академияи миллии илмҳои Қирғизистон, ки дар минтақаи Ӯш таъсири ин намуди тамокуро ба кори системаи таносули мардон мавриди омӯзиш қарор додаанд. "Мо бори нахуст таҳқиқи силсилавии токсикологии нос ва таъсири онро ба организми инсон дар мисоли 50 мард омӯхтем”, – мегӯяд директори пажуҳишгоҳ, номзади улуми тиб Раҳмонбек Тойчуев. – Ҳамаи онҳо ба сабаби бенаслӣ ба табибон муроҷиат кардаанд".
Ба қавли олим, ба инкишофёбии бенаслии мардон дар минтақа таъсири аз ҳама бештарро издивоҷҳои хешутаборӣ мерасонанд. Ин гуфта хусусан ба халқҳои камшумори минтақа - озариҳо, туркҳо ва ӯйғурҳо дахл дорад. Лекин ба ҷойи дуюм аз байни сабабҳои бенаслӣ дилпурона истеъмоли носро гузоштан мумкин. Ба ақидаи Р.Тойчуев, он ба функсияи наслгузории мардҳо ҳатто аз заҳрҳое, ки ба организми сокинони минтақа ба воситаи харбузаю сабзавоти пеститсиддор ворид мешаванд, бештар харобӣ меорад. Зараре, ки аз нос мерасад, ба муддати истеъмол вобаста нест. Он метавонад дар як рӯз ҳам ба мард зиён расонад. Ин ба хусусиятҳои фардии организми ҷудогона вобаста аст. Хавфи аз ҳама калон дар он аст, ки ҳангоми истеъмоли нос ҳосилшавии нутфа қатъ мегардад ва функсияи таносул халалдор мегардад. Онро барқарор кардан дар амал қариб номумкин аст. Нос сабаби бисёр бемориҳои ҷиддӣ мегардад. Дар натиҷаи истеъмоли он ба маризиҳое аз қабили саратони ковокии даҳон ва гулӯ (80% ҳодисаҳои ин навъи саратон ба истеъмоли нос вобаста мебошад), пародонтоз, гастрит, захми меъда, гепатит, камақлӣ, импотенсия ва безурриётӣ гирифтор шудан мумкин аст.
Тамоку
Сигор дар таркибаш моддаи заҳрогине бо номи «никотин» дорад, ки барҳамзанандаи саломатӣ, барбоддиҳандаи молу сарват ва ифлоскунандаи ҳавои солими муҳити зист мебошад. Бо ниҳояти таассуф бояд арз намоям, ки гирифторони ин маризӣ хеле зиёд гаштаанд, ҳатто дар баъзе минтақаҳои кишвар хоҳарон ва модроне ба чашм мехӯранд, ки ин заҳри кушандаро мекашанд. Баъзеҳо онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳузури мардум, ҳамчун як чизи оддӣ истеъмол мекунанд. На аз ҳузурдоштагони гирду атроф шарм мекунанд ва на эҳтироме ба ҳуқуқ ва ҳузури онҳо доранд.
Сигоркашӣ дар миёни баъзе ҷавонон як навъ анъана шудааст. Тамокукаширо ҷавонон ҳамчун рамзи ҷавонӣ ва мардонагӣ пиндошта, онҳоро маҳаки тараққӣ ва саодати худ медонанд.
Таърихи пайдоиши тамоку ё танбоку
Пӯшида нест, ки ватани тамоку Амрико аст ва аввалин маротиба онро ба Аврупо, ки сабабгори паҳншавии он дар тамоми ҷаҳон гардид, дар соли 1492 сайёҳи бузург Христофор Колумб овард. Соли 1492 Христофор Колумб ва ҳамроҳонаш ба ҷазирае дар миёни Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ расиданд. Онҳо диданд, ки мардуми маҳаллӣ гиёҳи аҷиберо ба рӯйи оташ рехта, дудашро фурӯ мебаранд. Христофор Колумб фикр кард, ки минтақаи ҷодугаронро кашф кардааст. Вақте аз наздик ошно шуд, дид, он чизи дигаре будааст. Ҳангоми бозгашт миқдоре аз барг ва донаҳои он гиёҳро бо худ ба Испания овард ва ба ин тартиб он ба Аврупо роҳ ёфт.
Тамоку тавассути португалҳо вориди Осиё гардид ва аз он ҷо ба Эрон ва пас ба минтақаи мо расид, ки тақрибан ба солҳои 1590 то 1605 мелодӣ рост меояд. Дар Эрон густариши он тавассути Шоҳ Аббоси Сафавӣ ба авҷи аъло расид, ки то кунун дар маҷрои болотарин омор, дар ҳоли густариш аст.
Тамоку инсонро ба бемориҳои гуногун мубтало менамояд
Дар таркиби сигор чаҳор ҳазор моддаи кимёии хатарноке чун омуниёк «ammoniaque» (газе аст беранг, ки бӯйи тунд ва ашковар дорад), сурб ва орсинк мавҷуд аст. Никотин, ки дар таркиби баргҳои гиёҳи тамоку хеле зиёд аст, сабаб мегардад то истеъмолкунандаҳояш ба он ҷалб шаванд. Никотин моддаи заҳрогин буда, равғанмонанд мебошад ва хеле таъсири зиёд дар таҳрик ва саркӯбии бадан дорад. Як дона сигор дарбаргирандаи 8 то 20 миллиграмм никотин аст, ки танҳо як миллиграмми он ҳангоми кашидани сигор дар бадан ҷабида мешавад. Никотин пас аз ворид шудан ба ҷараёни хун мустақиман ва сареъ ба мағз мерасад ва сипас дар тамоми бадан паҳн мегардад. Пас аз 10-15 сонияи фурӯ бурдани дуди сигор, никотин мағзро карахт карда оромиш мебахшад ва онро ба ин мавод мутеъ менамояд ва дар ҳолати идома пайдо кардани ин раванд мағзро карахт намуда қувваи ҳофизаро суст ва фаромӯшхотириро ба бор меорад. Никотин сабаби ҷамъшавии глюкозаи беш аз меъёр дар хун шуда, боиси он мегардад, ки шахс камтар эҳсоси гуруснагӣ мекунад. Ин мавод калорияҳое, ки тавассути ғизо ба бадани шахс ворид мегарданд, месӯзонад ва шахси сигорӣ бинобар истеъмоли давомноки он лоғар мешавад. Тибқи тадқиқот ва пажӯҳиши табибони аврупоӣ дар Лондон, истифодаи рӯзмарраи сигор шахси сигориро мубтало ба бемориҳои зерин мекунад.
Фишорбаландӣ.
Маҳдудшавии рагҳои хунгард ва ғализии хун, ки ба сактаи қалб оварда мерасонад.
Камшавии витамини С дар бадан.
Пастшавии иммунитети бадан.
Саратони даҳон, гулӯ ва шуш.
Бранхит.
Захми меъда.
Камшавии вазн.
Камшавии ҳиссиёти бӯёӣ ва таъми хӯрок.
10. Бемориҳои гуногуни пӯст.
11. Безурриётӣ.
12. Оби марвориди чашмро афзоиш медиҳад.
13. Биноиро заиф месозад.
14. Харобшавии дандон ва милки дандон.
15. Пукшавии устухонҳои бадан.
16. Камшавии рағбати ҷинсӣ дар мардон.
17. Резиши мӯй.
Ҳаминро гуфтан бамаврид аст, ки тадқиқоти охирини тибби ҷаҳонӣ муайян намудааст, ки агар дар хона зани ҳомила бошад ва ҳамеша дуди сигорро нафас гирад, шояд ин кор имконияти 56% сабаби марги тифлро дар батни модар муҳайё кунад ва агар он тифл зинда таваллуд шавад ҳам, солим нест ва ҳатман ба бемориҳои гуногун мубтало мегардад. Тадқиқоти дигари табибон нишон додааст, ки марду зани сигоркашро хатари аз байн рафтани ҷанини писар мавҷуд буда, эҳтимоли духтардор шудани зан бештар аст. Пас аз таваллуд ду маротиба бештар дар маърази бемориҳои гуногуни саратон қарор гирифтани тифл аз эҳтимол дур нест. Ин тадқиқот тайи солҳои 1998 - 2003 дар мавриди 9000 зани ҳомила сурат гирифтааст. Дар идомаи тадқиқот табибон чунин овардаанд, ки модарони дар даврони ҳомиладорӣ сигор кашанда ва ё ба дуди сигор наздик, нисбат ба модарони аз ин мараз дар амон монда 90% аз писардор шудан маҳрум мемонанд. Дар хусуси мардони сигорӣ меафзоянд, ки чун ҷанини писар ба маводи никотин тобовар нест, 50% камтари чунин мардон нисбат ба мардоне, ки сигор намекашанд, эҳтимоли писардор шуданро доранд ва дар давраи ҳомиладории зан хатари вайроншавии ҷанин (бачапартоӣ) зиёдтар мешавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бемории табобатнашавандаи саратон дар изтироб аст, зеро яке аз сабабҳои ин беморӣ тамокукашии бардавом шуда метавонад. Тибқи тадқиқоти олимон маблағи барои харидории сигор сарфгардида назаррас аст.
Масалан, агар шахси сигорӣ дар як рӯз 40 дона сигор кашад, ки ба 2 қуттӣ сигор баробар мешавад, пас:
2 қуттӣ х 3 сомонӣ = 6 сомонӣ дар як рӯз.
6 сомонӣ х 30 рӯз = 180 сомонӣ дар як моҳ.
180 сомонӣ х 12 моҳ = 2160 сомонӣ дар як сол.
2160 сомонӣ х 10 сол = 21600 сомонӣ дар 10 сол.
Хонандаи гиромӣ андеша намояд, ки чӣ қадар маблағ сарфи ин заҳри қотил мегардад. Албатта, ин ҳисоби мо танҳо барои муайян кардани қимати як қуттӣ сигори оддӣ ва арзон аст ва агар сигори қиммат ва адади қуттӣ зиёд бошад, пас исроф ба маротиб боло меравад.
Зарари дигари сигор исрофи беҳудаи вақти қимати шумост, ки агар барои кашидани як сигор 5 дақиқа вақти шумо сарф гардад, пас:
40 дона х 5 дақиқа = 200 дақиқа барои ду қутти сигор, ки 3 соат ва 20 дақиқаро дар бар мегирад ва 3с,20д х 30 рӯз = 96 соат дар як моҳ , яъне 4 рӯзи пураи умри азиз дар як моҳ сарфи сигоркашӣ мегардад ва 4 рӯз х 12 моҳ = 48 рӯз ва 48 рӯз х 10 сол = 480 рӯз мешавад, ки дар 10 соли умр бародар ва хоҳари азизи сигоркаши мо 1 солу 3 моҳу 25 рӯзи ҳаёташро масруфи он кардааст.
Хушвахт Ҳасанов,
директори МММ ва ПН Вазорати тандурустии ҶТ